Худои Мутаол дар ояти 60 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَمَا أُوتِيتُمْ مِنْ شَيْءٍ فَمَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَزِينَتُهَا وَمَا عِنْدَ اللَّهِ خَيْرٌ وَأَبْقَى أَفَلَا تَعْقِلُونَ
Ва он чӣ ба шумо дода шуда, баҳраи зиндагии дунё ва зинати он аст (ки фонӣ ва зудгузар аст), дар ҳоле ки ончи назди Худост, беҳтар ва пойдортар аст. Пас оё намеандешед?!
Бидонем
Дар воқеъ ин севумин ҷавобе аст, ки Худованд дар посухи баҳонаҷӯии куффори Макка медиҳад (Агар мо имон биёварем, зиндагонии мо вайрон мешавад), ки он чӣ ба гумони хоми худ аз раҳгузари беимонӣ ба даст меоваред, матоъ ва колои беарзиш ва фонии зиндагии маҳдуди дунёст, дар ҳоле ки он чи назди Худост, беҳтар ва мондагортар аст.
Биёмӯзем
1. Сарват ва дороии худро маҳсули талош ва зиракии хеш напиндорем, ки ҳарчи ҳаст аз Худованд аст. مَا أُوتِيتُمْ
2. Неъматҳои дунявӣ, маҳдуд аст, مِنْ شَيْءٍ вале подоши илоҳӣ номаҳдуд ва ғайри қобили тасаввур аст. مَا عِنْدَ اللَّهِ خَيْرٌ وَأَبْقَى
3. Агар ба хотири пазириши имон дунёро аз даст бидиҳед, ба неъматҳои бениҳоят ва безавол даст хоҳед ёфт. مَا عِنْدَ اللَّهِ خَيْرٌ وَأَبْقَى
4. Ҳар кас боқиро фидои фонӣ ва баҳраи нобро бо лаззатҳои омехта бо мушкилот иваз кунад, дар ҳақиқат оқил нест. أَفَلَا تَعْقِلُونَ
5. Оқил касе аст, ки охирбин бошад на охурбин
6. Аз баҳраи андак ва зинат дунё метавон ба хайру боқӣ ва ҷовидонӣ расид агар ақл бошад.
7. Нишонаҳои оқилро бишиносем.
8. Худатон тасмим бигиред. Он чӣ лозим баён кардем, то он чӣ лозим аст амал кунед. Имрӯз мутаассифона ба номи қонун ва барномаи коршиносишуда ё муоҳидаи байналмилалӣ арзишҳои воқеӣ ва ёди маодро камранг ва дар баъзе ҳолатҳо нобуд мекунанд ва мардумро ба зиндагии рӯзмарра ва гузаро саргарм менамоянд то қудрату сарват ва шуҳраташон ҳифз шавад. Мардумро ба ин барномаҳои зидди саодату ақл маҷбур мекунанд. Инҳо худро оқил ва дигаронро, ки пойбанди дин ва дунболи ризои Худо ҳастанд беақл мешуморанд. Бояд бидонем, ки ҳақиқат чист?

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст