Худои Мутаол дар ояти 28 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
قَالَ ذَلِكَ بَيْنِي وَبَيْنَكَ أَيَّمَا الْأَجَلَيْنِ قَضَيْتُ فَلَا عُدْوَانَ عَلَيَّ وَاللَّهُ عَلَى مَا نَقُولُ وَكِيلٌ
(Мусо пешниҳоди Шуайбро пазируфт ва) гуфт: Ин (қарордод) байни ман ва ту (барқарор шуд, албатта) ҳар кадом аз ду муддатро, ки ба анҷом расондам, пас ситаме бар ман нахоҳад буд ва Худованд бар он чӣ мо мегӯем (гувоҳ ва) вакил аст.
Бидонем:
Иборати «اَيّما الاَجلَينِ قَضيتُ فلاعُدوان عَلىَّ» ду гуна маъно шуда аст; яке ин ки маҳрияи духтар хоҳ ҳашт сол бошад ва хоҳ даҳ сол, ҳеҷ як бар ман ситам нест ва маънои дигар ин ки баъд аз поёни ҳар як аз ин ду муддат, агар хостам аз назди шумо биравам монеи ман нашавед. Ман ҳамин муддати қарордодро мемонам ва баъд аз он ихтиёр бо худам мебошад.
Биёмӯзем:
1. Масоилро баён кунед ва ба забон биёред, то ҳам равшан шавад ва шахсият шинхохта шавад ва ҳам барои дигарон сармашқ бошад. قَالَ
2. Дар ақди издивоҷ (бархилофи талоқ) ҳузури шоҳид лозим нест. Дар сураи Талоқ ду шоҳиди одил гирифтан дар талоқ омадааст.  «بَينى و بَينك»
3. Дар қарордодҳо барои худ, ихтиёроте дар назар бигирем ва дасти худро дар меҳварҳое боз бигузорем.«ايّما الاَجلَين قَضيتُ فلاعدوان علىّ»
4. Солеҳон на дунболи таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон ҳастанд ва на мепазиранд, ки дигарон ба ҳуқуқашон таҷовуз кунад. ايّما الاَجلَين قَضيتُ فلاعدوان علىّ
Корро огоҳона ва дақиқ анҷом диҳем ва ояндаро ба Худо вогузор кунем. واللّه على ما نَقول وَكيل
5. Дар ҳамаи корҳо ба Худо такя кунем ва ӯро ҳозиру нозир бидонем. واللّه على ما نَقول وَكيل
6. Имон ба Худованд солим мондани қарордодҳоро тазмин мекунад. «واللّه على ما نَقول وَكيل»

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст