Худои Мутаол дар ояти 22 сураи муборкаи Қасас мефармояд:
وَلَمَّا تَوَجَّهَ تِلْقَاءَ مَدْيَنَ قَالَ عَسَى رَبِّي أَنْ يَهْدِيَنِي سَوَاءَ السَّبِيلِ
Ва чун Мусо ба сӯи Мадян рӯй ниҳод, гуфт: Умед аст, ки Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят намояд.
Бояд бидонем:
Мадян шаҳре дар ҷануби Шом ва шимоли Ҳиҷоз ва наздики минтақаи Табук аст, ки дар он замон аз қаламрави ҳукумати Фиръавн, берун буда аст.
Аз ин ояти шарифа меомӯзем:
1.Ҳаракат, ҳиҷрат ва ба коргирии равишҳои гуногун лозимаи зиндагии солеҳон ва муслиҳон аст. «و لمّا توجّه»
2.Аввал ҳаракат сипас дуо кунем ва умедвор бошем. «و لمّا توجّه ... قال عسى‏ ربّى أن يهدين»
3.Ҳамеша ба фикри интихоби наздиктарин ва беҳтарин роҳҳо бошем. «سواء السبيل»
4.Умедворӣ дар ҳама ҳолат писандида аст. «عسى‏ ربّى»
5.Фарозу нишебҳо суннати Илоҳӣ дар роҳи тарбияти инсонҳост. «ولمّا توجّه... قال عسى‏ ربّى»
6.Кори худро бо кӯмак аз Парвардигор оғоз кунем. «و لمّا تَوجّه... قال عسى‏ ربّى ان يَهديَنى»
7.Дар муҳитҳои тоғутзада, ки заминаи инҳироф ва тасмимоти бехирадона фароҳам аст, аз Худованд, ҳидоят бихоҳем. «يَهدِيَنى سواء السبيل»

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст