Худои Мутаол дар ояти 10 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَأَصْبَحَ فُؤَادُ أُمِّ مُوسَى فَارِغًا إِنْ كَادَتْ لَتُبْدِي بِهِ لَوْلَا أَنْ رَبَطْنَا عَلَى قَلْبِهَا لِتَكُونَ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ
Ва дили модари Мусо аз ҳар чизе ҷуз  фикри фарзанд холӣ шуд ва агар қалби ӯро устувор намесохтем, то аз имоноварандагон ба ваъдаи мо боқӣ бимонад, ҳамоно наздик буд, ки ба воситаи доду фарёд он розро ифшо кунад.
Бояд бидонем:
Дили модари Мусо(а) ба воситаи ваҳйи илоҳӣ ором гирифт ва дигар хавф ва тарсе надошт ва агар он ваъдаи Илоҳӣ набуд, модари Мусо(а) ба сабаби изтироби шадид он розро фош мекард.
Бояд биёмӯзем:
1.Ифшои роз аз нишонаҳои сустии ирода ва имон аст.
2.Оромиши дилҳо ба дасти Худост.
3.Яке аз нишонаҳои имон, оромиши хотир ва дили ором аст. 
4.Ончи дар назари Худо муҳим аст, имон аст ва зану мард фарқе надоранд. «لتكون من المؤمنين»  дар сурате, ки бояд мефармуд: «من المؤمنات»
5. Мӯъмин ба тадбир ва дастури Худо амал кунад Худо ӯро ҳимоят мекунад.
6. Алоқаи модар ба фарзанд хеле шадид аст, вале агар ӯро бо дастури меҳрубонтарин ва барои ризояташ ба домани ӯ гузоштем, худаш медонад, ки чӣ кор кунад.
7. Амал ба вазифа тавфиқ ва ҳимояти Худоро дар пай дорад.
8. Анҷоми вазифаи имонӣ бо сахтиҳо (хатари кушта шудани фарзанд, дурӣ аз фарзанд ва сукут кардан ...) ҳамроҳ аст, вале мӯъмин Худои чорасоз дорад.
9. Мӯъминон (махсусан модарон ва занон) бидонанд, ки дар шароити амниятӣ ва фишорҳои фиръавнӣ барои анҷоми вазифа доду фарёди беҷо дарди сар меоварад.
10. Мӯъмин роздор аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст