Намоз зикри Худо аст. Худои Мутаол ба мӯъминон дастур медиҳад, ки ӯро ёд кунанд то Худо ҳам онҳоро ёд кунад ва ин робита дутарафа аст.
فَاذْكُرُوني‏ أَذْكُرْكُمْ وَ اشْكُرُوا لي‏ وَ لا تَكْفُرُون‏
Пас маро ёд кунед шуморо ёд мекунам ва аз ман шукр кунед ва носипосӣ накунед. Сураи Бақара, ояти 152
Яке аз роҳҳои муҳимми ин робита ва зикри Худои Мутаол намоз аст. Худои Мутаол ба ҳазрати Мусо(а) фармуд:
إِنَّني‏ أَنَا اللَّهُ لا إِلهَ إِلاَّ أَنَا فَاعْبُدْني‏ وَ أَقِمِ الصَّلاةَ لِذِكْري‏
Дар ҳақиқат ман худ Худо ҳастам, ки худои дигаре ғайр аз ман нест. Пас маро ибодат кун ва намозро барои ёди ман барпо дор! Сураи Тоҳо, ояти 14
Касе, ‏ки аз зикри Худованд рӯ гардонад зиндагии ногуворе хоҳад дошт.
وَ مَنْ أَعْرَضَ عَنْ ذِكْري فَإِنَّ لَهُ مَعيشَةً ضَنْكاً وَ نَحْشُرُهُ يَوْمَ الْقِيامَةِ أَعْمى‏
Ва касе, ки аз зикри ман (Худо) рӯ гардонад пас дар ҳақиқат барояш зиндагии сахте аст ва ӯро дар рӯзи қиёмат кӯр ҷамъ мекунем. Сураи Тоҳо, ояти 124
Мумкин аст, ки бигӯед бисёре аҳли намоз нестанд, вале зиндагии хубе доранд, вале бояд аз ҳоли даруни онҳо огоҳ шавем то бидонем, ки оё сафо ва оромиши лозим доранд ё на? Дар мушкилоте, ки барояшон пеш меояд чӣ қадар сардаргум ва саргардон ме‏шаванд ва худашонро ме‏бозанд? Дигар инсон‏ҳоро бо чӣ диде нигоҳ мекунанд? Тақво ва адолат назди онҳо чӣ ҷойгоҳе дорад?
Рӯҳашон ба чӣ чиз вобаста аст? Ба ояндаи худ чӣ қадар боварӣ доранд? Изтироб ва ҳаяҷон‏ҳои равонӣ, нопойдории хонаводагӣ, заъфи аъсоб, бадгумонӣ, эҳсоси ғурбат ва танҳоӣ аз дарун, фасоду фаҳшо, омори ҷиноят, гурехтани фарзандон аз хона, боло будани омори талоқ, худбохтагӣ, тарс ва ... дар ҷомеаи бенамоз бештар аст ё намозгузор?

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст