Худои Мутаол дар ояти 8 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
فَالْتَقَطَهُ آَلُ فِرْعَوْنَ لِيَكُونَ لَهُمْ عَدُوًّا وَحَزَنًا إِنَّ فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا كَانُوا خَاطِئِينَ
Пас модари Мусо(а) чунон кард. Чизе нагузашт, ки фиръавниён ӯро дида ва аз об гирифтанд, то саранҷом душман ва мояи андуҳашон гардад. Ҳамоно Фиръавн ва Ҳомон ва сипоҳиёнашон хатокор буданд.
1. Фиръавн воситаи наҷоти Мусо(а) аз дарё шуд ва саранҷом ба дасти ӯ дар ҳамон дарё ғарқ шуд.  «التقطه آل فرعون ليكون لهم عدوّاً و حزنا» 
Оре Худо метавонад навзоди бедасту поро дар дарё ҳифз кунад, вале инсони соҳиби дасту по ва имконотро ғарқ созад.
2. Хости инсон дар баробари иродаи Худо беасар аст. «ليكون لهم عدوّاً و حزنا Фиръавн гумон кард, ки ҳадяе барои ӯ расидааст, аммо Худованд хоста буд, ки душманашро дар домани ӯ бузург кунад.
3. Ваъдаи Худо ҳатман амалӣ мешавад ҳарчанд замоне бигузарад.  ليكون لهم عدوّاً و حزنا
4. Фиръавниён дар ҳамин дунё аз корҳои гузаштаи худ пушаймон ва маҳзун мешаванд, -ҳузн ғам нисбат ба гузаштаро мегӯянд- вале дигар суде надорад.
5. Ҳақ бо ботил созиш надорад. ليكون لهم عدوّاً
6. Фиръавн, вазир ва лашкараш тарҳ доданд ва амал карданд, вале тадбири Худо ҳамаи онҳоро беасар ва нобуд кард. «كانوا خاطئين»
7. Дунболи хатокор наравем, ки моро ҳам ба хато мебаранд. «كانوا خاطئين»
8. Ҳамаи нақшаҳои фиръавнӣ хато аст. «كانوا خاطئين»
9. Касе, ки даст аз Худо бардорад роҳи хато меравад. «كانوا خاطئين»
10. Зарқу барқи фиръавниён шуморо фиреб надиҳад, он чӣ муҳим аст оқибати корҳост ва роҳи дуруст рафтан ва солим ба мақсад расидан. «كانوا خاطئين»
11. Ҳамаи ҳастӣ мувофиқи хостаи Худо амал мекунанд, чӣ хоста ё нахоста, чӣ оддӣ мисли модари ҳазрати Мусо(а) ва ё муддаии худоӣ мисли Фиръавн
12. Масали намак хӯрдӣ намакдон нашикан ҳама ҷо ва дар мавриди ҳар кас дуруст нест. Худи Фиръавн бузургтарин носипос буд. ليكون لهم عدوّاً و حزنا

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст