Худои Мутаол дар бораи ояндаи солеҳон мефармояд:
وَنُمَكِّنَ لَهُمْ فِي الْأَرْضِ وَنُرِيَ فِرْعَوْنَ وَهَامَانَ وَجُنُودَهُمَا مِنْهُمْ مَا كَانُوا يَحْذَرُونَ
Ва ба онон (мустазъафон) дар замин қудрат ва тамаккун мебахшем ва аз тарафи онон ба Фиръавн ва (вазири ҷангаш) Ҳомон ва сипоҳиёни ҳар ду ончиро, ки аз он бимнок буданд нишон медиҳем. Сураи Қасас, ояти 6.
Бояд биёмӯзем:
1. Мустазъафон ноумед нашаванд, зеро Худованд ба онон низ қудрат медиҳад.
2. Агарчи кайфари аслии тоғутҳо дар ҷаҳони дигар аст, вале дар дунё низ аз қаҳри Илоҳӣ дар амон нахоҳанд монд.
3. Худованд кофиронро ба дасти мӯъминон залил ва хор мегардонад.
4. Фиръавниён бо Худо тарафи ҳисоб ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ аз дасти ӯ халос нахоҳанд шуд.
5. Ояд ба сарашон аз он чӣ метарсиданд, агарчӣ барои наҷоти худ хеле дасту по бизананд.
6. Ҳастӣ мудир, мураббӣ ва мудаббир дорад ва оқибати нек барои касоне аст, ки бо ӯ бошанд.
7. Фиръавниён ва тоғутҳо фикр накунанд, ки ҳамаи корҳо дар ихтиёри онҳо ва тибқи хостаи онҳо пеш меравад, балки бояд бидонанд, ки ҳатто дар ҳамин дунё ҳам бояд посухгӯи амалкарди худ бошанд ҳарчанд сазои аслӣ ва абадӣ дар сарои дигар аст.
8. Зиндагии фиръавнӣ, тоғутӣ ва истикборӣ ҳатто дар замони қудрати зоҳирӣ ҳам биму хатар дорад ва онҳо аз назари равонӣ ҳеҷ гоҳ ором нестанд.
9. Мустазъаф мисли шери дар банд аст на рӯбоҳи чоплус.
10. Он чӣ муҳим аст поёни кор аст.
11. Худо ба ҳазрати Мусо(а) ва Ҳорун(а) салом гуфта ва то қиёмат мӯъминон вазифа доранд ба онҳо салом бигӯянд (Сураи Соффот, ояти 120) ва аз Худо паймудани роҳ ва ҳамроҳии онҳо бихоҳанд. (Сураи Ҳамд, ояти 6-7)
12. Азоби сахти Илоҳӣ домангири Фиръавн ва ҳамроҳонаш мешавад (Сураи Ғофир, ояти 46) ва мӯъминон ҳам ӯ безорӣ меҷӯянд. (Сураи Ҳамд, ояти 6-7)
Худоё, ба хотири ҳамаи неъматҳоят туро сипос ва бар бандагони солеҳ ва мустазъафат салом мегӯем ва аз фиръавниён безоро меҷӯем ва аз гирифтори дар доми онҳо ё шабеҳи онҳо шудан ба ту паноҳ мебарем! Моро дар паноҳи худат аз шарри ашрор ҳифз кун! Бо қудрати беинтиҳо ва лутфу атоят ба мо тавфиқи ҳаракати бобаракат ва фатҳу нусрат иноят намо! Золимонро ба дасти мо ба сазои амалашон бирасон! Оқибати умри моро саломат ва саодат бигардон!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст