Баъд аз ҳудуди 15 сол (13 сол дар Маккаи Мукаррама ва ҳудуди ду сол дар Мадинаи Мунаввара), ки мусулмонон ба сӯи “Байт‏улмуқаддас” намоз ме‏хонданд, вақте ба ҳикмати Худои Мутаол қибла ба сӯи “Каъба” тағйир кард, барои мусулмонон савол пеш омад, ки намозҳои гузаштаи мо чӣ ҳукме дорад?
Ин масъаларо аз Паёмбари Аъзам(с) пурсиданд.
Оят нозил шуд, ки намозҳои пешинаи шумо дуруст аст ва Худованд подоши намозҳои шуморо аз байн намебара‏д. Қуръони Карим мефармояд:
وماكان اللّه ليضيع ايمانكم‏
Худованд имони шуморо зоеъ наме‏кунад. Сураи Бақара, ояти 143
Яъне ба ҷои ин ки бигӯяд: Намозҳоятон аз байн нарафта ва дуруст аст, ме‏фармояд: Имонатон зоеъ нашуда, ки ин сухан нишондиҳандаи он аст, ки намоз яъне имон ва тарки намоз яъне тарки имон.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст