Худои Мутаол мефармояд:
إِنَّ فِرْعَوْنَ عَلَا فِي الْأَرْضِ وَجَعَلَ أَهْلَهَا شِيَعًا يَسْتَضْعِفُ طَائِفَةً مِنْهُمْ يُذَبِّحُ أَبْنَاءَهُمْ وَيَسْتَحْيِي نِسَاءَهُمْ إِنَّهُ كَانَ مِنَ الْمُفْسِدِينَ
Ҳамоно Фиръавн дар сарзамини Миср саркашӣ кард ва мардуми онро фирқа-фирқа намуд. Гуруҳе аз ононро ба забунӣ ва нотавонӣ кашонда писаронашонро сар мебурид ва занонашонро барои канизӣ зинда нигаҳ медошт. Ба ростӣ ки ӯ аз фасодгарон ва табаҳкорон буд.  Сураи Қасас, ояти 4
Нуктаҳо
Калимаи “шияъан” ҷамъи шияъ дар асл ба маънои пайравӣ кардан аст, вале аз онҷо ки дар як гурӯҳ маъмулан баъзе аз баъзе дигар пайравӣ мекунанд, ба маънои гурӯҳ низ меояд.
Калимаи “нисо” ба маънои занон аст, вале шояд дар ин оят мурод духтарон бошанд, зеро дар баробари писарон қарор гирифтаанд.
Калимаи Фиръавн номи шахсе нест, балки унвони подшоҳони Миср будааст, чунонки Касро унвони подшоҳони Эрон ва Қайсар унвони подшоҳони Рум будааст. Луғатномаи Деҳхудо
Паёмҳо
1.Шинохти авзоъ ва аҳволи ҷомеа дар ҳангоми зуҳур ва беъсати паёмбарон(а) амри лозим аст. «اِنّ فرعون...»
2. Дар шинохти низомҳо ашхос муҳим нестанд, балки амалкардҳо аҳамият доранд. (Номи Фиръавн ба хотири амалкарди истикборӣ ва золимонаи ӯст.)
3. Такаббур ва гарданкашӣ заминаи фасод ва гуноҳ аст. «علا فى الارض... يستضعف... يذبّح...»
4. Тафриқаандозӣ боризтарин василаи султаи мустакбирон бар мардум аст. «جعل اهلها شيعا»  То вақте мардум иттиҳод ва ҳамбастагӣ дошта бошанд тоғутҳо қудрате надоранд ва наметавонанд коре кунанд.
5. Тафриқа муқаддимаи зиллатпарзирӣ аст. Ибтидо мардум гурӯҳ-гурӯҳ ва ҷудо мешаванд, сипас ба нотавонӣ кашида мешаванд. شيعاً -يستضعف
6. Аъмоли хилофи коргузорон ба пои ҳоким низ ҳисоб мешавад. Дар ин оёт тамоми ҷиноят ба Фиръавн нисбат дода шуд. «جعل، يستضعف، يذبّح»
7. Худованд масъалаи тафриқаафканиро қабл аз қатлу куштор зикр фармудааст. Шояд ба хотири он ки тафриқа заминаи куштан ва ё муҳимтар аз куштан аст. «شيعاً... يذبّح»
8. Тафриқаафканон муфсиданд. «كان من المفسدين»
Оре, ҳар ҷомеа, ки ҳокимаш мутакаббир, мардумаш мутафарриқ, неруҳои фаъолаш мавриди таҳдид ва манофеаш дар коми табақаи мураффаҳ ва хушгузарон бошад ҷомеаи фиръавнӣ ва тоғутӣ аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст