Пайғамбар (с) мефармоянд: касе, ки ба фарзанди худ Қуръонро биёмузад мисли он аст, ки даҳ ҳазор бор ба хонаи Худо мушарраф шавад ва даҳ ҳазор ҳаҷ ва умра ба ҷой оварад ва даҳ ҳазор банда аз фарзандони Исмоил(а) озод кунад ва даҳ ҳазор бор ҷиҳод кунад ва даҳ ҳазор фақири мусулмони гуруснаро таом диҳад ва даҳ ҳазор мусулмони бараҳнаро пушонда бошад ва барои ӯ дар муқобили ҳар ҳарфе даҳ савоб ва ҳасана навишта мешавад ва Худо аз вай даҳ гуноҳ аз гуноҳонашро маҳв мекунад ва дар қабр бо ӯ хоҳад буд то онгоҳ, ки мабъус шавад ва тарозуи амали ӯ сангин бошад ва аз сирот мисли барқи ҷаҳанда убур кунад ва Қуръон аз ӯ ҷудо намешавад то нозил кунад бар ӯ беҳтарин каромате, ки орзу дорад.[1]

Пайғамбари Худо(с): Ҳеҷ кас нест, ки ба фарзандаш Қуръон биёмузад, магар он ки рӯзи қиёмат, бар сари падару модараш тоҷи подшоҳӣ гузошта мешавад ва ду либос бар онҳо пушонад мешавад, ки мардум мисли онро надидаанд.[2]

Пайғамбари Худо(с): ... касе ки Қуръон ба (фарзандаш) биёмузад, падару модараш (дар рӯзи қиёмат) фаро хонда шуда ва ду либос бар онон пушонда мешавад, ки аз нури он, чеҳраҳои биҳиштиён нуронӣ мегардад.[3]


[1] Мустадрак, ҷ 4, саҳ 248.

[2] Торихи Димишқ, ҷ 18, саҳ 99; Канзул уммол, ҷ 1, саҳ 540 ҳ. 2421.

[3] Кофӣ, ҷ 6, саҳ 49 ҳ. 1.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст