Худои Мутаол ба ҳазрати Паёмбари Аъзам(с) мефармояд:
وَاتَّبِعْ مَا يُوحَى‏ إِلَيْكَ مِن رَّبِّكَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيراً
Ва аз он чӣ аз сӯи Парвардигорат ба ту ваҳй ме‏шавад пайравӣ кун, ки Худованд ба он чӣ анҷом ме‏диҳед бохабар аст. Сураи Аҳзоб, ояти 2
Аз ин оят меомӯзем, ки
1- Ҳар гоҳ роҳи инҳирофӣ -итоат аз кофирон ва мунофиқон-ро ме‏бандед, роҳи равшан ва дуруст –пайравӣ аз ваҳй-ро боз кунед.
2- Дин наҳй аз мункар - итоат аз кофирон ва мунофиқон- ва амр ба маъруф - пайравӣ аз ваҳй- аст.
3- Роҳи расидан ба тақво танҳо дар пайравии комил аз ваҳй аст. Дар оят‏и якум фармуд: ”Тақвои Илоҳӣ дошта бош!” Дар ин оят мефармояд: “Аз ҳар он чӣ ба ту ваҳй мешавад пайравӣ кун!” Дин маҷмӯаи комил аст ва барномаҳояш бо ҳам пайванд доранд. Агар намоз, рӯза, ҳаҷ, закот ва монанди он нишонаи тақво ва вазифаи воҷиби мӯъминон аст итоат накардан аз кофирон ва мунофиқон ҳам нишонаи тақво ва вазифаи мӯъмин аст. Барои мудирият ва тарбияти ҷомеа ҳам барнома дорад. Ин қабул нест, ки дар масҷид мусулмон бошӣ, вале дар сиёсат, иқтисод, вазъи қавонин ва равобит бо дигарон ҷудо аз дин амал кунӣ.
4- Ваҳй аз шуъуни рубубияти Худованд аст. Фармуд: “... аз тарафи Парвардигорат.” Пайравӣ аз ваҳй сабаби рушд ва тарбияти дурусти шумост.
5- Имон ба бо хабар будани Илоҳӣ аз тамоми амалҳои бандагон қави‏тарин аҳрум барои пайравӣ аз ваҳй аст.
Худоё, эй мураббии ҳақиқии ҳамаи ҳастӣ, шинохти дин ва амали солеҳ кардан дар чорчуби дин ва баҳрамандӣ аз хайру баракати он дар дунё ва охират ба ҳамаи мо марҳамат намо!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст