Худои Мутаол мефармояд:
يَا أَيُّهَا النَّبِىُّ اتَّقِ اللَّهَ وَلَا تُطِعِ الْكَافِرِينَ وَالْمُنَافِقِينَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلِيماً حَكِيماً
Эй паёмбар, аз Худованд парво кун ва аз кофирон ва мунофиқон итоат макун, ки Худованд доно ва ҳаким аст. Cураи Аҳзоб, ояти 1
Паёмҳое, ки аз ин ояти шарифа меомӯзем:
1- Паёмбари Ислом (с) дар назди Худованд мақоми хоссе дорад. Хитоби “Эй Паёмбар!.  Дар Қуръони карим дигар анбиё(а) бо ном хонда шудҳаанд мисли “Ё Иброҳим”, “Ё Нӯҳ”, “Ё Мӯсо”, “Ё Яҳё”, вале «Ё Муҳаммад» наёмадааст.
2- Ҳатто Паёмбари Акрам‏ (Саллаллоҳу алайҳи ва Олиҳ) низ ба мавъиза‏и Илоҳӣ ниёзманд аст.
3- Дастур ба Паёмбар аҳамияти масъала мерасонад ва ҳушдоре ба пайравони ҳазрат аст.
4- Бо эҳёи маъруф -итоат аз Худо- пеши мункар –итоат кардан аз кофирон ва мунофиқон-ро бигирем.
5 - Пайравӣ аз кофирон ва мунофиқон, бе‏тақвоӣ аст.
6- Кофирон ва мунофиқон дар назар доранд ба ҳар роҳи мумкин назари раҳбарони диниро ба худ ҷалб кунанд.
7- Замоне ме‏тавон бо инҳироф‏ҳо ва пешниҳодҳои созишкорона мубориза кард, ки имон ва тақво қавӣ бошад.
8 - Кофирон ва мунофиқон дар як хат ҳастанд.
9- Итоат аз Худои алим ва ҳаким далел дорад, вале пайравӣ аз кофирон ва мунофиқони бе и‏лму ҳикмат чӣ далел дорад?
10- Сарчашма‏и дастурҳои Худованд мабнӣ бар тарки итоат аз кофирон ва мунофиқон, илм ва ҳикмати ӯст.
11- Дар зоҳир ва ботин, ошкору ниҳон тақвои Худо дошта бошем ва аз итоати кофирон ва мунофиқон дурӣ кунем ва бидонем, ки саодати мо фақат дар ҳамин роҳ аст, чун Худо алим ва ҳаким аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст