Таносуб ва ҳамоҳангӣ дар адад ва рақамҳои баъзе калимаҳои Қуръони Карим ва мавзӯъҳои мисли ҳам ё зидди ҳам дар Қуръони Карим бисёр шигифтангез аст. Ҳеҷ башаре наметавонад китобе мисли Қуръони Карим биёрад , ки чунин шигарф ва шигифт бошад. Бо тафаккур ва тадаббур дар Қуръони Карим ба зарофатҳо ва зебоиҳое пай мебарем, ки эъҷози ин китобро бештар намоён мешавад. Баъзе аз зарофатҳои калимаҳо ва мавзӯъҳо иборатанд аз:
Нур 23 бор- зулмат ва торикӣ 23 бор
Дунё 115 бор-охират 115 бор
Марг 145 бор-ҳаёт 145 бор
Малоика 88 бор-шайтон 88 бор
Моҳ 12 бор
Рӯз 365 бор
Иблис 11 бор-паноҳ бурдан аз шарри шайтон 11 бор
Некӣ 20 бор-савоб 20 бор
Дин 92 бор – масҷид 92 бор
Раҳмон 57 бор-раҳим 114 бор (ду баробари раҳмон)
Ҷаҳим (дӯзах) 26 бор-иқоб 26 бор
Ҳарб (ҷанг) 6 бор-асир гирифтан 6 бор
Инфоқ 73 бор-ризо 73 бор
Ҳисоб 29 бор-адлу қист 29 бор
Хиёнат 16 бор-хубс (нопок) 16 бор
Ҳарс (кишт) 14 бор-зироат 14 бор
Мусибат 75 бор-шукр 75 бор
Муслимин 41 бор-ҷиҳод 41 бор
Масир (бозгашт) 28 бор-абад 28 бор
Умедворем дар фаҳми Қуръони Карим, амал ба он ва расондани дурусти паёмаш ба ҳақхоҳон Худои Мутаол ҳамаи моро муваффақ бигардонад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст