Худои Мутаол мефармояд:
أَلَمْ أَعْهَدْ إِلَيْكُمْ يَا بَنِى آدَمَ أَن لَّا تَعْبُدُواْ الشَّيْطَانَ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُّبِينٌ وَأَنِ اعْبُدُونِى هَذَا صِرَاطٌ مُّسْتَقِيمٌ
Эй фарзандони Одам, магар бо шумо паймон набастам, ки шайтонро итоат накунед, ки ҳамоно ӯ барои шумо душмани ошкор аст. Ва танҳо маро бипарастед, ки роҳи мустақим ҳамин аст.‏ Сураи Ёсин, оёти 60-61
Мурод аз ибодати шайтон, итоати шайтон аст, чунонки дар ҳадис ме‏хонем: «مَن اطاع رجلاً فى معصیة فقد عَبَده»
Ҳар кас дар гуноҳ аз касе итоат кунад, ӯро бандагӣ кардааст. Васоил, ҷ.18, саҳ.48
Аз ин оят меомӯзем:
1. Худованд аз тариқи анбиё, ақл ва фитрат аз инсонҳо паймон гирифтааст.
2. Шайтон падари шуморо фиреб дод ва шумо фарзандони касе ҳастед, ки итоати шайтон кард.
3. Инсон аз ду ҳол берун нест, ё бандаи Худост ё бандаи шайтон.
4. Душман будани шайтон ошкор аст. Фикре, ки санг ва чӯбро ба ҷои Худо барои инсон ҷилва медиҳад дар инҳирофи он ҳеҷ ‏гуна шакке нест.
5. Роҳи мустақим, ки ҳар шабонарӯз дар намоз аз Худо ме‏хоҳем, ҳамон итоат аз ӯ ва ибодати ӯст.
6. Итоат ва ибодати Худои Мутаол ба истиқомат ва пойдорӣ ниёз дорад, чун душмани қасамхӯрда ва ошкоре дар камини инсони мӯъмин аст ва қасди гумроҳ кардани ӯро дорад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст