Ҳазрати Луқмони Ҳаким ба фарзандаш насиҳат кард:

وَإِذْ قَالَ لُقْمَانُ لِابْنِهِ وَهُوَ يَعِظُهُ يَابُنَىَّ لَا تُشْرِكْ بِاللَّهِ إِنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيمٌ

Ва (ёд кун) замоне ки Луқмон ба писараш, дар ҳоле ки ӯро мавъиза мекард, гуфт: Фарзандам, чизеро ҳамтои Худо қарор надеҳ, зеро ки ширк (ба Худо), қатъан ситами бузург аст. ‏  Сураи Луқмон/13

Аз ин оят меомӯзем:

1- Шеваҳои тарбияти фарзандро аз бузургон биёмӯзем.

2- Дар мавъиза бояд ибтидо зеҳн ва ҳавоси шунавандаро ба худ ҷалб кунем.

3- Мавъиза бояд бар асоси ҳикмат бошад.

4- Фарзанд ба насиҳат ниёз дорад. Аз фарзандонамон ғофил нашавем.

5 - Дар таблиғ ибтидо аз наздикони худ шурӯъ кунем.

6- Аз беҳтарин роҳҳои тарбияти дурусти фарзанд, гуфтугӯи самимӣ бо ӯст.

7- Аз рисолатҳои падар нисбат ба фарзанд, мавъиза аст.

8 - Бо навҷавон бояд бо забони мавъиза сухан гуфт, на сарзаниш.

9- Мавъиза бояд бо муҳаббат ва отифа ҳамроҳ бошад.

10- Яке аз шароити таъсири мавъиза эҳтиром ва шахсият додан ба фард аст.

11- Дар иршод ва мавъиза масоили аслиро дар авлавият қарор диҳем.

12- Муҳимтарин ва меҳваритарин бӯъди ҳикмат тавҳид аст.

13- Ширк бузургтарин хатар ва аслитарин масъала аст, дар назди Худованд, ҳамаи дунё матоъи қалил аст, вале ширк зулми азим аст. Яъне агар ҳамаи дунёро ба касе бидиҳанд, ки мушрик шавад, набояд бипазирад.

14- Насиҳатҳои худро бо далел ва мантиқ баён кунем.

Худоё, ба падарони мо тавфиқи насиҳатгарӣ ва хайрхоҳӣ ба фарзандон ва ба фарзандон насиҳатпазирӣ марҳамат намо.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст