Баъд аз ин ки ҳазрати Юсуф(а) хобашро ба падараш ҳазрати Яъқуб(а) гуфт падараш чунин фармуд:

قَالَ يَبُنَىَّ لَا تَقْصُصْ رُءْيَاكَ عَلَى‏ إِخْوَتِكَ فَيَكِيدُواْ لَكَ كَيْداً إِنَّ الْشَّيْطَنَ لِلْإِنْسَنِ عَدُوٌّ مُّبِينٌ

(Яъқуб) гуфт: Эй писарҷонам, хобатро барои бародаронат бозгӯ макун, ки бароят нақшаҳои (хатарнок) мекашанд, зеро шайтон барои инсон душмани ошкор аст. Сураи Юсуф, ояти 5

Яке аз усули зиндагӣ роздорӣ аст. Агар мусулмонон ба ин оя амал мекарданд, ин ҳама китобҳои хаттӣ, осори илмӣ, ҳунарӣ ва атиқаҳои мо, дар мӯзеи дигарон ҷой намегирифт ва ба исми коршинос ва ҷаҳонгард аз манобеъ, имконот ва манофеъи мо огоҳ намешуданд ва дар асари содагӣ ё хиёнат, асрор дар ихтиёри касоне, ки доиман дар ҳоли макр зидди мо ҳастанд, қарор намегирифт.

Ҳазрати Юсуф(а) хоби худро дӯр аз чашми бародарон ба падар гуфт, ки худ нишонаи тезҳӯшии ӯст.

1- Фарзандонро бо меҳрубонӣ мавриди хитоб қарор диҳед.

2- Падару модар бояд робитаҳои самимона бо фарзандон дошта бошанд то фарзандон битавонанд сухани худро бо онон матраҳ кунанд.

3- Хатари ҳасодат дар муҳити хона ва ҷомеаро ба фарзандон гӯшзад кунем.

4- Аз кӯдакӣ ва дар хонавода роздориро ба фарзандон биёмӯзем.

5 - Донистаҳо ва иттилоот, бояд табақабандӣ шавад ва маҳрамона ва ғайри маҳрамона аз ҳам ҷудо гардад.

6- Ҳар ҳарферо ба ҳар касе назанем.

7-Махфӣ кардани фазоил ба хотирипешгирӣ аз ҳасодатҳо, коре шоистааст.

8 -Бо пай бурдан ба истеъдоди фарзанд, онро бо дигар фарзандон баён накунем.

9- Дар муаррифии афроди тезҳӯш ва нобиға бояд эҳтиёт кард.

10- Ҳазрати Яъқуб(а) низ дорои илм ва мавҳибати таъбири хоб будааст.

11- Гоҳе шайтон дар остин аст.

12- Пешгирӣ беҳтар аз дармон аст. (Нагуфтани хоб ба бародарон навъе пешгирӣ аз таҳрики ҳасодат аст.)

13- Дар хонаводаи анбиё(а) низ масоили зидди ахлоқӣ ҳамчун ҳасад ва ҳила миёни фарзандон матраҳ аст.

14- Заминаҳои ҳасодатро шӯълавар накунед.

15- Ҳасодат сабаби нодида гирифта шудани ҳуқуқ ҳатто ҳаққи хешовандӣ мегардад.

16- Бародарон Юсуф(а), ки аз хоби вай ва мақоми ояндаи ӯ иттилое надоштанд чунон карданд. Агар иттилоъ меёфтанд чӣ мекарданд?!

17- Пешбинӣ ва оянданигарӣ сифоти арзанда ҳастанд.

18- Ифшои асрор ва бархе ахбор, мумкин аст бисёр гарон тамом шавад.

19- Бархе асрор ба қадре муҳим ҳастанд, ки ифшои он зиндагии фард ё афродеро ба хатар меандозад.

20- Дар мавориди муҳим ва ҳассос бояд хатарро пеш аз вуқӯъи он гӯшзад кард.

21- Ҳазрати Яъқуб(а) дар мавриди макри бародарон нисбат ба Юсуф(а) итминон дошт.

22- Дар пешбинии масоили муҳим, гоҳе изҳорибадгумонӣ ва ё парда‏ бардоштан аз хислатҳо монее надорад.

23- Лозим аст волидайн, аз рӯҳиёти фарзандонашон нисбат ба ҳам огоҳ бошанд то битавонанд эъмоли мудирият комил намоянд.

24- Макр ва ҳила кори шайтонӣ аст.

25- Шайтон бо истифода аз заминаҳои дарунӣ бар мо султа меёбад. (Ҳасодати бародарон заминаро барои бурузи душмани шайтон нисбат ба инсон фароҳам сохт.)

26-Шайтон душмани инсон аст, ҳатто агар паёмбарзода бошад.

27- Аз кӯдакӣ шайтонро ба кӯдакон бишиносонед ва нақши ӯро баён намоед.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст