Қуръон дуоҳои бисёре аз ҳазрати Иброҳим(а) нақл намудааст, аммо танҳо дар ду маврид он ҳазрат барои наслаш дуо намудааст:
1. Раҳбарии уммат.
رَبَّنا وَ ابْعَثْ فیهِمْ رَسُولاً مِنْهُمْ یَتْلُوا عَلَیْهِمْ آیاتِکَ وَ یُعَلِّمُهُمُ الْکِتابَ وَ الْحِکْمَةَ وَ یُزَکِّیهِمْ إِنَّکَ أَنْتَ الْعَزیزُ الْحَکیمُ
Ва Парвардигоро, дар миёни онҳо фиристодае аз худашон барангез, ки оёти туро бар онҳо бихонад ва онҳоро китобу ҳикмат биёмӯзад ва ононро покиза намояд, зеро дар ҳақиқат ту муқтадири ғолиб ва соҳиби ҳикмат ҳастӣ. Сураи Бақара, ояти 129
2. Барпо доштани намоз.
«ربّ اجعلنى مقيم الصلوة و من ذريّتى»
Парвардигоро, ман ва насламро аз барподорандагони намоз бигардон!  Сураи Моида, ояти 91
Ҷолиб ин аст, ки ҳазрат танҳо ба дуо қаноат накард, балки барои расидан ба ин хоста қиём ва ҳиҷрат кард ва овораги‏ҳоеро ба ҷон харид то намозро барпо дошт.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст