Пораи сездаҳуми Қуръони Карим, ки аз ояти 53 сураи Юсуф (а) оғоз ва то поёни сураи муборакаи Иброҳим (а) мебошад, дорандаи омӯзаҳо ва паёмҳои рӯҳафзои илоҳӣ аст, ки теъдоде аз онҳоро нақл мекунем.

Ҷамоли ҳазрати Юсуф (а)

Дар инки чеҳраи Юсуф (а) зебо буд ҳарфе нест. Ҳамон чеҳрае, ки вақте занон онро диданд, дасти худро ба ҷои мева буриданд ва гуфтанд:

(حَاشَلِلّهِمَاهَـذَابَشَرًاإِنْهَـذَاإِلاَّمَلَكٌكَرِیمٌ)

“Пок аст Худованд (Худоро ба хотири ин махлуқаш сипос гуфтанд), ин башар нест, ин ҷузви фариштаҳои бузургвор аст”, аммо ончи ӯро Юсуфи Қуръонӣ кард, сифоти ахлоқии фавқулъодаи ӯ буд; На чеҳраи дилрабояш.

Ҷамоли Юсуф (а) дар ин аст, ки дар тамоми ин воқеаҳо ҳеҷ гоҳ он зулмеро, ки бародарони ҷафокор дар ҳаққаш карданд, ба рӯяшон наовард ва ҳамеша аз Худо ва лутфу раҳмати бепоёнаш сухан гуфт.

Дар воқеаи ёфтани ҷоми (пиёла) султон аз бори Бинёмин, дар ҳузураш ба ӯ тӯҳмати дузди заданд ва “гуфтанд: Агар ин писар, дузди карда, чизи аҷибе нест; Чаро, ки бародараш (Юсуф) низ қаблан муртакиби чунин коре шуда буд.” (قَالُواْإِنیَسْرِقْفَقَدْسَرَقَأَخٌلَّهُمِنقَبْلُ).

Аммо Юсуф (а) дар чунин ҳолати сахту ҷонсӯз ҳам, лаб ба сарзаниши бародарон нагушод ва танҳо дар дил, онҳоро сарзаниш кард           (فَأَسَرَّهَایُوسُفُفِینَفْسِهِوَلَمْیُبْدِهَا) ва бо худ гуфт: “Манзилати шумо бадтар аст,ки зоҳиртон нишон медиҳадва Худо ба ончи баён микунед, донотар аст.” (أَنتُمْشَرٌّمَّكَانًاوَاللّهُأَعْلَمْبِمَاتَصِفُونَ). (сураи Юсуф, ояти 77)

Онҷо ҳам, ки бародарон, ӯро мешиносанд ва иброз шармандагӣ мекунанд, ӯ натанҳо ҳарфе, ки бӯи таъна ва сарзаниш медиҳад бар забон ҷори намекунад; Ба гунае бо онон сухан мегӯяд, ки гӯё онон аслан хатое накардаанд; Ба онҳо мегӯяд: “Ҳеҷ сарзанише бар шумо нест.” (لاَتَثْرَیبَعَلَیْكُمُ). (сураи Юсуф, ояти 92)

Ҳангоме ҳам, ки дар назди падар шурӯъ ба гуфтани воқеаҳои гузашта мекунад, аз зиндон шурӯъ мекунад; Сипас ишорае ба биёбон карда ва Шайтонро муттаҳам мекунад.

Дар ин саҳна ҳам сӯҳбате аз чоҳу зулми бародарон ба миён намеоварад. (اذْأَخْرَجَنِیمِنَالسِّجْنِوَجَاءبِكُممِّنَالْبَدْوِمِنبَعْدِأَننَّزغَالشَّیْطَانُبَیْنِیوَبَیْنَإِخْوَتِی). (сураи Юсуф, ояти 100)

Ваъдаи истиғфор

Баъд аз ошкор шудани он хиёнате, ки бародарони Юсуф (а) дар солҳои дӯр муртакиб шуданд, назди падар омаданд ва худрохатокор донистааз ӯ хостанд, то барояшон аз Худо, талабибахшиш кунад.

(یَاأَبَانَااسْتَغْفِرْلَنَاذُنُوبَنَاإِنَّاكُنَّاخَاطِئِینَ). (сураи Юсуф, ояти 92)

Падар, ки рӯҳи ҳамчун уқёнус васеъ ва пурзарфият дошт,беонки онҳоро маломат ва сарзаниш кунад ба онҳо ваъда дод, ки ман ба зудӣ барои шумо аз парвардигорам талабибахшиш мекунам.                           (قَالَسَوْفَأَسْتَغْفِرُلَكُمْرَبِّیَ) Ва умедворам Ӯ тавбаи шуморо бипазирад ва аз гуноҳонатон бигзарад; Чаро, ки Ӯ ғафуру раҳим аст.

(إِنَّهُهُوَالْغَفُورُالرَّحِیمُ).

Инки фармуд ман ба зудӣ барои шумо талаби омурзиш мекунам бар асоси ривояти имом Содиқ (а) барои он буд, ки анҷоми ин тақозоро ба саҳаргоҳони шаби ҷумъа, ки вақти муносибтаре барои иҷобати дуо ва пазириши тавба аст, ба таъхир андозад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст