riwoyatpg

Қуръони Карим дар ин бора оёти зиёде дорад, ки дар ин қисмат ба баъзе аз оёти Қуръон, ки дар мавриди дашном додан ва носазогӯӣ аст, ишора мекунем.

а- Сухани нек гуфтан:

Худованд мефармояд: «وَ قُولُوا لِلنّاسِ حُسناً» «Ва бо мардум некӯ сухан бигуед.»

Дар ин оят Худованд ошкоро ба мусалмонон дастур додааст, ки бо мардум сухани нек бигуянд.

«...وَ قُل لِّعِبادی یَقُولُوا الَّتی هِیَ اَحسَنُ» «... ба бандагони ман бигу: суханеро, ки беҳтар аст бигӯянд.»

б- Дурӣ аз сухани ботил:

«وَ اجتَنِبوا قَولَ الزّورِ»

«... аз гуфтори ботил дурӣ кунед.»

Ин оят ба мо инсонҳо амр мекунад, аз ҳаргуна гуфтори ботил ва беҳуда дурӣ кунем.

в- Худдорӣ аз лақаби бад гузоштан барои дигарон:

г- «...وَ لاتَنابَزُوا بِالاَلقابِ» «... ҳамдигарро бо лақабҳои зишт нахонед»

Мутаассифона имрузҳо дар миёни мо мусулмонон дида мешавад, ки баъзе аз мо ҳамдигарро бо лақабҳои бад садо мезанем ё барои баъзе аз афроди ҷомеа лақабҳои бад мегузорем дар ҳоле, ки Худо Ягона онро манъ кардааст.

д- Парҳез аз носазогуӣ (ҳатто ба бутҳо):

Худованд ҳатто аз ҳақорат кардан ва дашном додан ба бутҳо низ моро манъ кардааст, то чи расад ба ин ки ҳамдигарро дашном диҳем.

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

«وَلاَ تَسُبُّواْ الَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِ اللّهِ فَيَسُبُّواْ اللّهَ عَدْوًا بِغَيْرِ عِلْمٍ كَذَلِكَ زَيَّنَّا لِكُلِّ أُمَّةٍ عَمَلَهُمْ ثُمَّ إِلَى رَبِّهِم مَّرْجِعُهُمْ فَيُنَبِّئُهُم بِمَا كَانُواْ يَعْمَلُونَ»

«Маъбуди касонеро ки ғайри Худоро мехонанд дашном надиҳед мабодо онҳо (низ) аз рӯи зулму ҷаҳл Худоро дашном диҳанд, ин чунин барои ҳар уммате амалашонро зинат додем сипас бозгашти онҳо ба суӣ парвардигорашон аст ва онҳоро аз он чи амал мекарданд огоҳ месозад (ва подош ва кайфар медиҳад).»

Дар ин оят Қуръони карим ба мо меомӯзад, ки хеҷгоҳ бутҳо ва маъбудҳои мушриконро дашном надиҳед, зеро ин амал сабаб мешавад, ки онҳо низ нисбат ба Худованд Карим ҳамин корро аз рӯи зулму ситам ва ҷаҳлу нодонӣ анҷом диҳанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст