TARBIYAT 010

Бар асоси нигарише, ки Ислом ба олами офариниш ва мабдаи ҳастӣ дорад ва мақсаде, ки барои ҳаракати умумии ҷаҳон қоил аст ва унсури рӯҳонӣ ва илоҳӣ, ки барои инсон муаррифӣ мекунад ва оғоз ва анҷоме, ки барои ҳаёти ӯ мешиносад, болотарин ҳадаф ва мақсуд аз тарбият «Сохтан ва холис кардани инсон барои Худованд аст, ки рамзи саодат ва фавзу фалоҳ ва ҷовидонагии ӯ дар ин нукта наҳуфтааст.»

Ислом ойини тавҳид аст: Тавҳид дар зот, тавҳид дар сифот, тавҳид дар афъол, тавҳид дар ибодат ва итоъат ва тавҳид дар "ҳадаф".

Дар Ислом барои инсон, чи дар ҳаракати таквинӣ ва чи дар ҳаракати ташриъӣ, ҳадафе ҷуз Худо шинохта намешавад. Ҳамон гуна ки Қуръон таълим медиҳад:

قُلْ اِنَّ صَلاتِى وَ نُسُكِى وَ مَحْياىَ و مَماتِى ‏لِلّهِ رَبِّ الْعالَمينَ

"Бигӯ: Ба ростӣ намозам ва [сойири] ибодотам ва зиндагиам ва маргам, барои Худоест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст."

Агар тарбияти инсон бар асоси муаррифии исломӣ анҷом пазирад камолот ва маротиби зайл барои ӯ ҳосил мешавад:

1)      Яқини шуҳудӣ;

Тақарруби инсон ба Худо ва ғинои рӯҳӣ ва истикмоли вуҷудии ӯ дар заминаи маърифат ва дар сояи илм ва амал ва инқитоъ ва истиғно аз ғайри Худо ва раҳёбӣ ба манбаи ҷамол ва камоли мутлақ, ки фитрати инсон дар талаби он аст, волотарин ҳадафе аст, ки дин барои ҳаёт ва ҳаракати инсон ва тарбияти ӯ ироа мекунад. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

يا اَيُّهَا اْلأِنْسانُ اِنَّكَ كادِحٌ اِلى‏ رَبِّكَ كَدْحاً فَمُلاقِيهِ

"Эй инсон! Дар ҳақиқат ту ба сӯи Парвардигорат комилан талош мекунӣ (ва ранҷ мекашӣ) ва Ӯро мулоқот мекуни."

Ва ба ин тартиб поёни сайр ва ҳаракати инсонро, ки аз Худо оғоз шуда, бозгашт ба сӯи ӯ медонад. Камол ва авҷи ин ҳаракат ҳангомест, ки бо оромиши нафс ва дар олами аз муҳаббат ва хушнудии мутақобил ба ҷавори ҳазрати ҳақ, бор ёбад ва дар зумраи бандагони солеҳи Худо ба волотарин манозили биҳишт, ки биҳишти ҳузур аст дарояд:

يا اَيَّتُهَا النَّفْسُ المُطْمَئِنَّةُ * ارْجِعى اِلى‏ رَبِّكِ راضِيَةً مَرضِيَّةً * فَادْخُلِى فى عِبادِى * وادْخُلِى جَنَّتِى

"Эй ҷони ором ёфта! Ба сӯи Парвардигорат боз гард дар ҳоле ки (ту аз Ӯ) хушнуди [ва] мавриди ризояти (Ӯ) ҳастӣ, пас дар (сулуки) бандагони (вижаи) ман дарой, ва дар биҳишти ман ворид шав!."

Тарбияти исломӣ бо эҷоди рӯҳи ормонхоҳии мутаолӣ ва парвариши шахсияти ахлоқии инсонӣ дар партави ибодат ва ризоят вайро ба марҳалае аз "яқини шуҳудӣ" мерасонад, ки ҷуз Худо набинад ва ҷуз ба ризои ӯ наяндешад ва хештан ва ҳамаи оламро барои Худо бихоҳад ва дилро аз он чи ранги таъаллуқ мепазирад, раҳо сазад ва дар истилоҳи аҳли маърифат:

«فانی فی الله» ва «باقی با لله»

мунқатеъ аз ғайр ва муттасил ба ҳақ дар ҳаёти тайибаи абадӣ қарор ва ором гирад ва ба лиқои ҷамили мутлақ ва мушоҳидаи оёт ва ҷилваи асмо ва сифоти ӯ хушҳол ва масрур бошад.

Яқин ва убудият: Чунон ки Қуръони Карим тасреҳ дорад, тариқи дастёбӣ ба яқин ва шуҳуди ҳақиқӣ ибодат аст.

وَ اْعبُدْ رَبَّكَ حَتّى‏ يأتِيَكَ الْيَقِينُ

"Ва Парвардигоратро ибодат кун то яқин (марг) фарорасад". Убудият ва бандагиро аз ду лиҳоз метавон нигарист: Яке бо мафҳуми ташриӣ, монанди намоз ва рӯза, ки ин яке аз равишҳои тарбияти исломист ва дигарӣ ҳақиқат ва ҷавҳараи убудият, ки фуруғи равшани вилояти илоҳия аст. Ҳосил ва натиҷаи ибодоти ташриӣ; яъне инқитоъи банда аз хештан ва ҳар он чи ғайри Худост ва пайвастан ба ҳақ ва истиғнои аз ғайр. Бо ин мафҳум убудият фаротар аз ибодати ташриист. Ҳазрати Ҳусейн ибни Алӣ(а) мефармоянд:

إِنَّ اللَّهَ جَلَّ ذِكْرُهُ مَا خَلَقَ الْعِبَادَ إِلَّا لِيَعْرِفُوهُ فَإِذَا عَرَفُوهُ عَبَدُوهُ فَإِذَا عَبَدُوهُ اسْتَغْنَوْا بِعِبَادَتِهِ عَنْ عِبَادَةِ مَا سِوَاه

"Худои Бузург халқро наёфарид ҷуз барои маърифати худ, пас чун Ӯро шинохтанд парастиш кунанд ва чун ба ибодати Ӯ сар фурӯд оваранд аз ибодат ва бандагии ғайри Худо бениёз гарданд."

Аллома Ҷаводӣ Омулӣ менависад: Метавон яқини шуҳудӣ ба маорифро ҳадафи ниҳоӣ офариниш донист, ки ҳамвора ба ибодат муттакист, гар чи наҳваи эътимоди он бар ибодат дар ҳар марҳала муносиб бо ҳамон марҳалааст, яъне дар дунё ба матни ибодатҳои ташриъӣ такя дорад ва дар охират ба ботини он ки зоҳир мешавад муттакист, ва агар лаҳзае ибодат набошад он чи ошкор аст пинҳон мегардад ва он чи шоҳид аст маҳҷуб мешавад, зеро танҳо василаи солик ва зуҳури ғайб ҳамоно ибодат аст:

وَ اْعبُدْ رَبَّكَ حَتّى‏ يأتِيَكَ الْيَقِينُ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст