Tarbiyat 01

Ҳар гоҳ маншаи фаъолиятҳои маънавӣ ва рӯҳонии инсонро ақл ва қалб бидонем, бояд гуфт яке аз аҳдофи тарбияти исломӣ такомули ақлу қалб аст, ки яке василаи фаҳму идрок ва дигарӣ конуни эҳсосу ирфон аст ва ҳамин фалсафа дар беъсати Паёмбарон(с) лиҳоз гардидааст. Ҳазрати Алӣ(к) мефармоянд:

فَبَعَثَ فِيهِمْ رُسُلَهُ وَ وَاتَرَ إِلَيْهِمْ أَنْبِيَاءَهُ لِيَسْتَأْدُوهُمْ مِيثَاقَ فِطْرَتِهِ وَ يُذَكِّرُوهُمْ مَنْسِيَّ نِعْمَتِهِ وَ يَحْتَجُّوا عَلَيْهِمْ بِالتَّبْلِيغ.

"Худованд паёмбарони худро дар миёни мардум барангехт, то пойбандӣ ба мисоқи фитратро аз онон бихоҳанд ва неъматҳои фаромӯш шудаи Худоро ба ёдашон оваранд ва бо таблиғи рисолат ҳуҷҷатро бар онҳо тамом кунанд."

Парвариши ақл ва қалбро соири макотиби тарбиятӣ низ унвон кардаанд, аммо низоми тарбиятии Ислом, бо тарбияти ғайри динӣ мутафовит аст. Дар мактаби тарбиятии Ислом тариқи дастрасӣ ба ин мақсад тақво, муҷоҳида, поксозии нафс ва полойши рӯҳ аст, то инсон шоистагии дарёфти ҳақоиқи ҷаҳони ҳастиро пайдо кунад. Қуръон таъкид меварзад, ки ҳар гоҳ инсон дар роҳи Худо муҷоҳида кунад (муҷоҳидаи бо нафс) Худованд бо инояти хоссаи худ туруқи ҳидоятро ба ӯ менамоёнад; яъне ба ӯ биниши худоӣ медиҳад:

وَالَّذينَ جاهَدوُا فِينا لَنَهْدِيَنَّهُمْ سُبُلَنا وَ اِنَّ اللَّهَ لَمَعَ المُحْسِنين

"Ва касоне, ки дар (роҳи) мо талош кунанд, қатъан ба роҳҳои худ, раҳнамудашон хоҳем кард."  

Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд:

ذَكِّ عَقْلَكَ بِاْلأَدَبِ كَما تُذَكِّى النَّارَ بِالْحَطَبِ

"Ақли хешро бо адаб бияфрӯз он гуна ки оташро бо ҳезум меафрӯзӣ."

Ва низ ҳазрати Алӣ(к) фармуданд:

مَنْ لَمْ يُهَذِّبْ نَفْسَهُ لَمْ يَنْتَفِعْ بِالْعَقْل

"Он кас, ки нафси худро таҳзиб накунад аз ақл баҳра нахоҳад гирифт."

Ҳазрати имом Хумайнӣ(р) дар мабоҳиси тарбиятӣ ва ахлоқии худ бар ин нукта таъкид дорад: «Модоме ки инсон дар байти торики нафс аст ва бастаи таъаллуқоти нафсония, ҷамии абвоби маъориф ва мукошифот ба рӯи ӯ бастааст, ва ҳамин ки аз ин байти торик бо қуввати риёзот ва анвори ҳидоёт хориҷ шавад ва манозили нафсро тай кунад, фатҳи боби қалб ба рӯи ӯ шавад ва маъориф дар қалби вай зуҳур кунад.»

Ёдоварии ин нукта лозим аст, ки такомули ақл ҳарчанд аз аҳдофи тарбият аст, худ муқадимаест барои такомули қалб ва расидан ба мақоми қурб ва яқини шуҳудӣ, ки мақсади наҳоист.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст