Бинобар ҳадисҳое ки аз Паёмбари Аъзам(с) нақл шуда аст, бар ҳама лозим аст дар роҳи ба даст овардани даромади ҳалол талош кунанд ва аз бекори ва танбали ва ҳаромхори ҷиддан парҳез кунанд.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

طَلَبَ الحَلالِ فَریضَةٌ عَلی کُلِّ مُسلِمٍ وَ مُسِْلِمَةٍُ

“Ба дунболи рӯзи ҳалол рафтан, бар ҳар марду зани мусулмон лозим аст.”

Ва низ аз он ҳазрат нақл шуда аст ки: Худо дӯст медорад ки бандаашро дар роҳи касби ҳалол дар ранҷ ва заҳмат бубинад.

Ва низ аз он ҳазрат нақл шуда аст ки фармуданд:

اَلکادُّ لِعِیالِهِ کَالْمُجاهدِ فی سَبیلِ الله؛[

“Касе ки барои идораи зиндаги хонаводааш талош мекунад, монанди касе аст ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад.”

Дар ҷои дигаре фармуд:

«إنَّ اللهَ یُبْغِضُ الشّابَّ الفارِغ

“Ҷавони бекор, мавриди хашми Худованд аст.”

Ва низ мефармояд: “Инсони солим ва бекоре ки не машғули корҳои дунёӣ ва не машғули корҳои охирати бошад, мавриди хашми Парвардигор аст.”

Ибни Аббос мегуяд, ҳаргоҳ Паёмбар(с) аз шахсе хушаш меомад, аз шуғли ӯ мепурсид. Агар мегуфтанд ӯ шуғле надорад, мефармуд: “Аз чашми ман афтод. Вақте аз он ҳазрат, иллатро мепурсиданд, мефармуд: Муъмин агар дорои шуғле набошад, бо динфуруши зиндаги худашро идора мекунад.”

Анаси ибни Молик мегуяд: Рӯзе ки Раслуи Худо(с) аз ҷанги Табук боз мегаштанд, Сувар ибни Маози Ансори, (ё Саъди Ансори) ба истиқболи он ҳазрат шитофт ва бо Паёмбар(с) даст дод. Ҳазрат фармуд: Чи боис шуда аст ки дастҳоят ингуна сахт ва пина баста бошад? Ҷавоб дод: Бо бел барои касби нафақаи хонаводаам кор мекунам. Ҳазрат дасти вайро бусид ва фармуд: Ин даст ҳаргиз оташи ҷаҳаннамро ҳис намекунад.

Бинобар ин бо инки рузирасон Худованди Мутаол аст:

إنَّ الله هُوَ الرَّزّاق  ва худ рӯзиро тақсим ва тақдир мекунад, аммо ҳама муваззафанд манбаъи даромади ҳалол дошта бошанд; зеро Худованд ба василаи асбоб рӯзи медиҳад. Бандагони Худо бояд ба дунболи касби ҳалол бошанд ва шуғлеро пешаи худ созанд.

Имом Содиқ(а) мефармояд: “Ба дунболи рӯзии ҳалол рафтанро раҳо накун; зеро ин дар тақвияти динат муассир аст.”

Ҳаромхорӣ

Ислом инсонро дар касби рӯзи ва ба даст овардани матоъи зиндаги озод гузошта аст, аммо ҳаргиз иҷоза надода аст ки ӯ дар ин роҳ роҳеро пеш гирад, ки ахлоқро фосид гардонад ва ӯро дар маърази суқут қарор диҳад ва ё мавҷиби фасод дар ҷомеа шавад. Бадин ҷиҳат, на танҳо машрубони алкули, маводи мухаддир ва ҳамаи мункирот ва фавоҳишро ҳаром шумурда аст, балки тавлид ва восита шудан, хариду фуруш ва истеъмол ва ... онро низ таҳрим карда аст.

Зин ва фаҳшо ва раққосаро шуғл ва манбаъи даромади инсон намедонад, ғино ва овозахониро ки инсонро ба фаҳшо бикашонад, роҳи касби саҳеҳ намешиносад. Ҳар коре ки мавҷиби суди шахси аммо зарар ва бадбахти барои шахси дигар ё иҷтимоъи башари бошад ва амнияти иқтисоди ва саломати фард ё ҷомеаро ба хатар бияндозад, ҷурм ва гуноҳ шумурда ва бар онҳо кайфари сахт дар дунё ва азоби дарднок дар охират ваъда дода аст; монанди: Ришвахори, дузди, камфуруши, қимор, рибо, ғашш дар муомила ва ...

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим, ҳаромхориро аз сифатҳои яҳуд шумурда аст ва мефармояд:

وَتَرَی کَثِیرًا مِّنْهُمْ یُسَارِعُونَ فِی الإِثْمِ وَالْعُدْوانِ وَأَکْلِهِمُ السُّحْتَ لَبِئْسَ مَا کَانُواْ یَعْمَلُونَ

“Бисёре аз ононро мебини ки дар гуноҳ ва таадди ва хурдани моли ҳаром, шитоб мекунанд. Чи зишт аст коре ки анҷом медоданд!.”

Сипас мефармояд:

“Чаро донишмандони насоро ва яҳуд, онҳоро аз суханони гуноҳомез ва хурдани моли ҳаром, наҳй намекунанд? Чи зишт аст амале ки анҷом медоданд!”

Хурдани моли ҳаром, шомили ҳамаи тасарруфоти машруъ мешавад, хоҳ хурдан ва ошомидан бошад, ё кори ҳароме дар заминаи хонасози, либос ва ғайри он ва мумкин аст молро масраф накунанд ва онро ба ноҳақ назди худ нигаҳ доранд ва ба соҳибаш барнагардонад. Ба таомми ин маворид ҳаромхои содиқ аст.

Рӯзии ҳалол

Худованди Мутаол барои тамоми махлуқот рӯзии ҳалол муқаддар фармуда аст. Агар инсон пеши нагирад ва қаноат ва сабрро пешаи худ созад, тамоми ризқи муқаддараш ба ӯ хоҳад расид. Касоне ки аз касби ҳаром парҳез намекунанд, хиёл мекунад агар аз моли ҳаром сарфи назар кунанд, камбуди дар маошашон падид меояд ва сахт муҳтоҷ ва гирифтор мешаванд. Худованд мефармояд:

وَمَا مِن دَآبَّةٍٍ فِِی الأَرْضِ إِلاَّ عَلَی اللّهِ رِزْقُهَا وَیَعْلَمُ مُسْتَقَرَّهَا وَمُسْتَوْدَعَهَا کُلٌّ فِی کِتَابٍ مُبِینٍ

“Ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар инки рӯзии ӯ бар Худост. Ӯ қароргоҳ ва маҳалли нақлу интиқолашро медонад. Ҳамаи инҳо дар китоби ошкоре сабт аст.”

Хуроки кирм дар аъмоқи дарё

Рӯзе ҳазрати Сулаймон(а) дар канори дарё нишаста буд. Нигоҳаш ба мурчае афтод, ки донаи гандумеро бо худ ба тарафи дарё ҳамл мекард. Сулаймон(а) дид ӯ ба оби дарё расид. Дар ҳамон лаҳза қурбоқае сараш аз об берун овард ва даҳонашро кушод. Мурча ба дохили даҳони он ворид шуд ва қурбоқа ба даруни об рафт. Ҳазрати Сулаймон(а) муддате шигифтзада ба фикр фуру рафт. Ногоҳ дид ҳамон қурбоқа сарашро аз об берун овард ва даҳонашро кушод ва мурчаро аз даҳонаш берун омад, вале донаи гандумро ҳамроҳи худ надошт. Ҳазрати Сулаймон(а) он мурчаро талабид ва саргузашти онро пурсид. Мурча гуфт “эй паёмбари Худо! Дар қаъри ин дарё санге дохилаш холи вуҷуд дорад ва кирме дар даруни он зиндаги мекунад. Худованд онро дар онҷо офарид. Кирм наметавонад аз онҷо хориҷ шавад. Худованд ин қурбоқаро маъмур карда аст то маро ба сӯи он кирм ҳамл кунад. Қурбоқа маро ба онҷо мебурд ва даҳонашро наздики сурох мегузорад. Ман аз даҳони он берун меояд ва донаи гандумро назди кирме мегузорам ва сипас ба даҳони қурбоқа ки дар интизори ман аст, боз мегардам ва он ҳам маро ба хуки боз мегардонад.

Ҳазрати Сулаймон(а) ба мурча гуфт: Вақте ки донаи гандумро барои кирме мебари, оё сухане аз он шунидаӣ? Гуфт бале, ӯ мегуяд:

یا مَنْ لا یَنُسانی فی جَوفِ هذِهِ الصّخْرَةِ تَحْتَ هذِهِ اللُّجّةِ بِرِزْقِکَ، لا تَنسِ عِبادَک المُومنینَ بِرَحْمَتِکَ

“Эй Худое ки рӯзи маро даруни ин санг дар қаъри ин дарё фаромӯш намекунӣ, раҳмататро дар мавриди бандагони бо имонат фаромуш накун.”

Расули Худо(с) дар сафари Ҳаҷҷатул видоъ дар Масҷидул Ҳаром ба мусулмонон фармуд: “Бидонед ки Ҷабраил ба ман илҳом кард ҳеҷ кас намемирад, магар вақте ки тамоми рузи муқаддараш ба ӯ расида бошад. Пас, аз Худо битарсед ва дар талаби рӯзи ҳарис набошед ва дер расидани ризқи ҳалолатон шуморо водор накунад ки пеши бигиред ва ризқи худро аз роҳи ҳаром бихоҳед. Худованд ризқи ҳалолро байни махлуқоташ тақсим карда аст ва рӯзи ҳаромро қисмат накарда аст ... касе ки пардаи иффати худро бидарат ва шитоб кунад ва онро аз тариқи ҳаром касб кунад, аз ризқи ҳалол ва муқаддараш маҳрум мешавад ва ба ончи касб карда аст, дар қиёмат муохиза хоҳад шуд; чунон ки Худованд дар Қуръони Маҷид аз касби ҳаром наҳй фармуд:

وَلاَ تَتَبَدَّلُواْ الْخَبِیثَ بِالطَّیِّب

“Моли покизаро ба хабис табдил накунед.”

Паёмбари Гиромии Ислом(с) дар тафсири ин оят ки дар наҳй аз хурдани моли ятим аст, чунин мефармояд: “Пеш аз онки рӯзи муқаддар ва ҳалолатон бирасад, ба сӯи рӯзи ҳаром шитоб накунед.”

Ҳазрати Алӣ(к) рӯзе наздики дари масҷид аз астар пиёда шуд ва онро ба шахсе супурд ва вориди масҷид шуд. Он шас лаҷоми астарро берун овард ва фирор кард. Ҳазрати Алӣ(к) дар ҳоле ки ду дирҳамро ба ғуломаш дод то барои он маркаб лаҷоме бихарад. Ғулом ба бозор омад ва ҳамон лаҷомро дар дасти як нафар дид. Маълум шуд ки дузд онро ба ду дирҳам ба он шахс фурухта ва рафта аст. Ғулом ин матлабро ба он ҳазрат гузориш дод.

Ҳазрати Алӣ(к) фармуд:

إنّ الْعَبْدَ لِیُحْرِمُ نَفْسَهَ الرّزقَ الحَلالَ بِتَرکِ الصَّبْرِ وَ لاِیَزُدادُ عَلی ما قُدِّرَ لَهُ

“Ҷуз ин нест ки банда ба сабаби сабр накардан ва шитобзадаги ризқи ҳалолро бар худ ҳаром мекунад; дар ҳоле ки беш аз ончи муқаддараш буда аст, ба даст намеоварад.”

Гоҳе бар асари чашмпуши аз моли ҳаром, чандин баробари он аз ҳалол ба ӯ хоҳад расид. Имом Содиқ(а) мефармояд: Дар қавми Мусо(а) марди фақире буд ки ҳамсараш исрор мекард ки ба дунболи касбу даромад биравад то зиндаги беҳтаре дошат бошанд. (Он шахс ба ҳар коре мезад барор намегирифт.) То инки як рӯз аз рӯи ихлос аз Худованди Мутаол кумак хост. Дар хоб дид, ки аз ӯ пурсиданд: Оё ду дирҳами ҳалол мехоҳи ё ду ҳазор дирҳами ҳаром? Гуфт: Ду дирҳами ҳалол маро кифоят мекунад. Гуфтанд: Дар зери сарат ду дирҳами ҳалол қарор дода шуда аст. Аз хоб бедор шуд ва онро бардошт. Бо як дирҳами он як моҳи харид ва ба сӯи манзил омад. Ҳамсараш аз кори ӯ нохурсанд буд ва аз рӯи маломат савганд хурд ки ба он даст намезанад. Мард худ моҳиро омодаи пухтан кард. Ногоҳ ду дона “дурр” дар шиками моҳи ёфт. Онҳоро ба чиҳил ҳазор диҳам фурухт.

Осори сӯи ҳаромхорӣ

Ҳар моле ки инсон аз роҳи номушруъ ва ҳаром касб кунад, илова бар инки маъсияти Парвардигорро намуда аст ва дорои уқубатҳои ухрави аст, дар дунё низ мавҷиби гирифториҳои ҷуброннопазир хоҳад шуд.

1.Бебаракати амвол

Ҳаромхори баракатро аз мол мебарад. Имом Содиқ(а) фармуд: “Касе ки молеро аз роҳи ғайри машруъ ба даст оварад, хона ва обу гил бар ӯ мусаллат мешавад (то моли ӯро аз байн бибаранд).”

Яъне молу умри худро дар обу гил масраф мекунад, ки не барои дунё нафъе дорад ва не барои охираташ. Гуё ин қитъа аз замин маъмур буда аст то моли ӯро бибалъад.

2.Қабул нашудани ибодатҳо

Хурдани моли ҳаром монеи қабулии ибодатҳо аст. Паёмбари Ислом(с) фармуд: “Ҳар шаб дар Байтул муқадаст фариштае фарёд мезанад: Ҳар кас моли ҳароме бихурад, Худованд ҳеҷ амали воҷибе ё мустаҳаббе аз ӯро намепазирад.”

Сулаймон ибни Холид мегуяд: Аз имом Содиқ(а) дар бораи ин сухани Худованд пурсидам:

وَقَدِمْنَا إِلَی مَا عَمِلُوا مِنْ عَمَلٍ فَجَعَلْنَاهُ هَبَاءً مَنثُورًا

“Ва мо ба суроғи аъмоле ки анҷом додаанд, меравем ва ҳамаро ҳамчун зарроти ғубор пароканда дар ҳаво қарор медиҳем.”

Ҳазрат фармуд: “Огоҳ бош, ба Худо қасам ҳар чанд аъмоли инҳо муфидтар ва дурахшандатар аз порчаи сафеди мисри бошад, аз онҳо пазируфта намешавд; зеро ишон аз ҳаромхори парҳез намекунанд.”

Паёмбар(с) фармуд: العِبادَةُ مَعَ أکلِ الحَرام کَالْبِناء عَلَی الرّمْلِِِ؛[

“Ибодат кардан бо ҳаромхори, монанди бино кардан руйи замини регзор аст” яъне чунон ки бино бидуни зерсози муҳкам, хароб ва нобуд мешавад ва соҳиби он аз он баҳрае намебарад, ибодати касе ки аз ҳаром парҳез намекунад ҳам фоидае барояш надорад.

Имом Содиқ(а) мефармояд: “Ҳар гоҳ касе моле аз ғайри роҳи ҳалол ба даст оварад ва бо он ба ҳаҷ мушарраф шавад, чун гуяд

«لَبَّیْکَ اللّهُمَّ لَبَّیْکَ»، хитоб мерасад: لا لّبَّیْکَ و لا سَعْدَیُکَ Ту наёмади ва растгор нашуди; яъне ҳаҷи ту бо моли ҳаром қабул намешавад.”

3.Қабул нашудани дуо

Дуои ҳаромхори қабул намешавад. Паёмбари Акрам(с) фармуд: “Касе ки луқмаи ҳароме бихурад, то чиҳил рӯз намозаш қабул намешавад ва то чиҳил рӯз дуояш қабул намегардад ва ҳар гуште ки дар бадани ӯ аз ҳаром руида шавад, ба оташи ҷаҳаннам сазовортар аст ва ҳар луқмаи ҳароме, боиси руидани гушт дар бадан мешавад.”

Ва низ фармуд: “Касе ки дӯст дорад дуояш қабул шавад, бояд аз даромаду хуроки ҳалол ва покиза баҳраманд шавад ва аз ҳаром бипарҳезад.”

Шахсе ба Паёмбари Акрам(с) арз кард: Дӯст дорам дуоям қабул шавад. Ҳазрат фармуд: Хуроки худатро пок гардон ва аз ҳаромхори дури кун.

Худованди Мутаол ба Исо ибни Марям фармуд: “Ба золимони Бани Исроил бигу: Дар ҳоле ки моли ҳароме дар тасарруфи онҳост, маро нахонанд, ки дар ин ҳол мавриди лаъни ман воқеъ мешаванд ва онҳоро аз неъматҳоям, дурашон месозам.”

4.Қасовати қалб

Хуроке ки инсон мехурад, агар палиду ҳаром бошад, қалбро тира месозад. Дар ин сурат дигар аз ӯ умеди хайре нест ва панду андарз дар ӯ асар намекунанд ва сахттарин манозири риққатбор ӯро мутаассир намекунанд. Имом Ҳусейн(а) ба лашкариёни Умари Саъд фармуд: “Аз инки шумо нофармониам мекунед ва ба сухани ман гуш фаро намедиҳед, ин аст ки шикамҳоятон аз ҳаром пур шуда аст ва бар дилҳоятон муҳр хурда аст ва дигар ҳақро намепазиред. Вой бар шумо! Оё инсоф намедиҳед? Оё гуш фаро намедиҳед?!

5.Таъсири манфи дар насл

Нутфае ки аз он фарзандон ба вуҷуд меоянд, аз хуроке ки падару модар мехуранд, тавлид мешавад дар сурати номашруъ будани даромад, Шайтон дар ба вуҷуд омадани ин фарзанд мушорикат мекунад ва гароиши ин фарзандон ба гуноҳ бештар мешавад ва тарбияти онҳо сахттар ва такомули ахлоқиашон бо мушкилоти зиёдтаре рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Луқмаи ҳаром, чунон дар ҷону равони як тифл асар мегузорад, ки наметавонад ба осмоне аз ифозоти нурони ҳақ таоло касби нур кунад ва ба саодат роҳ ёбад: Худованд мефармояд:

ِاذْهَبْ فَمَن تَبِعَکَ مِنْهُمْ فَإِنَّ جَهَنَّمَ جَزَآؤکُمْ جَزَاءً مَوْفُورًا... وَشارِکْهُمْ فِی الأَمْوَالِ وَالأَوْلادِ...

“(Эй Шайтон) бирав! Ҳар кас аз онон ки аз ту табаъият кунад, ҷаҳаннам кайфари шумост; кайфари фаровон ..., ва дар сарват ва фарзандонашон ширкат ҷуй.”

Бар асоси ҳадисҳо, ширкати Шайтон дар фарзандон он аст ки нутфаи фарзандон аз моли ҳаром мунъақид шуда бошад.

Ҳазрати Алӣ(к) мегуяд: Паёмбари Акрам(с) фармуд: Худованди Мутаол биҳиштро бар касе ки бисёр носазо мегуяд ва боке надорад аз инки ҳар ҳарфи (баде) бигуяд ё бишнавад, ҳаром карда аст. Агар пайҷуи кунед, чунин фардеро зинозода ё касе ки (ба сабаби ҳаромхори) Шайтон дар инъиқоди нутфааш ширкат дошта аст, хоҳед ёфт. Савол шуд оё Шайтон дар ингуна маворид ширкат дорад? Паёмбар(с) фармуд: Оё ин сухани Худовандро нахондаи ки фармуд: وَشَارِکْهُمْ فِی الأَمْوَالِ وَالأَُوْلادِ...([

Имом Содиқ(а) фармуд: “Касе ки майл ба зино ва хурдани моли ҳаром дорад, Шайтон дар нутфааш ширкат дошта аст.”

Имом Содиқ(а) фармуд:

کَسْبُ الحَرامِ یُبینُ فی الذّرّیة

“Даромади ҳаром дар фарзандон асари (номатлуб) мегузорад (ва ҳидояти онҳоро дучори мушкил мекунад.)”

Аз ин оёт ва ҳадисҳо ба хуби равшан мешавад ки агар бихоҳем фарзандони солим, мутадайин, хуш хулқ ва тарбиятпазир дошта бошем, ибтидо бояд манбаъи даромади мо ҳалол бошад ва луқмаи ҳаром ба хона наёварем ва ҳаромхори накунем, сипас ба тарбият ва таълими онҳо ҳиммат бигуморем.

Оқибати ҳаромхори

Паёмбари Акрам(с) фармуд: “Ҳар кас дар таҳсили мол бебок бошад (ва риояти ҳалолу ҳаромро накунад) Худо ҳам боке надорад ки ӯро аз ҳар даре вориди ҷаҳаннам кунад.”

Ва низ фармуд: “Ҳар кас молеро аз роҳи ҳаром касб кунад, агар онро садақа бидиҳад, аз ӯ пазируфта намешавад, агар онро боқи бигузорад (ва бимирад), тушаи дузахаш мешавад.”

[1] Биҳор, ҷ 93, саҳ 9.

[1] Канзулуммол, ҳадиси 9200.

[1] Биҳор, ҷ 103, саҳ 12.

[1] Ҷомеуссодот, ҷ 1, саҳ 52.

[1] Шарҳи Наҳҷулбалоға, ҷ 17, саҳ 146.

[1] Биҳор, ҷ 3, саҳ 109.

[1] Таърихи Бағдоди, ҷ 7, саҳ 342.

[1] Сураи Зориёт, ояти 58.

[1] Биҳор, ҷ 71, саҳ 128.

[1] Сураи Моида, ояти 62.

[1] Сураи Моида, ояти 63.

[1] Сураи Ҳуд, ояти 6.

[1] Биҳор, ҷ 103, саҳ 36.

[1] Биҳор, ҷ 70, саҳ 96.

[1] Шарҳи Наҳҷулбалоға, ҷ 3, саҳ 160.

[1] Биҳор, ҷ 103, саҳ 29 ва 30.

[1] Сафинатул биҳор, ҷ 1, саҳ 298.

[1] Сафинатул биҳор, ҷ 1, саҳ 299.

[1] Сураи Фурқон, ояти 23.

[1] Биҳор, ҷ 7, саҳ 205.

[1] Сафинатул биҳор, ҷ 1, саҳ 209.

[1] Кофӣ, ҷ 5, саҳ 124.

[1] Сафинатул биҳор, ҷ 1, саҳ 24.

[1] Ҳамон.

[1] Иддатуддои, саҳ 110.

[1] Иддатуддои, саҳ 110.

[1] Нафсулмафҳум, саҳ 110.

[1] Сураи Исро, оёти 63 ва 64.

[1] Тафсири Намуна, ҷ 12, саҳ 208.

[1] Тафсири Нуруссақалайн, ҷ 3, саҳ 182.

[1] Ҳамон, саҳ 183.

[1] Васоил, ҷ 12, саҳ 53.

[1] Биҳор, ҷ 103, саҳ 11 ва 13.

[1] Ҳамон, саҳ 14.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст