Вожаи ид дар Қурон фақат як бор омада аст.

Он дар ҳам онҷост, ки Худо аз забони ҳазрати Исо(а) ин гуна мефармояд:

اللَّهُمَّ رَبَّنَا أَنزِلْ عَلَيْنَا مَائِدَةً مِّنَ السَّمَاءِ تَكُونُ لَنَا عِيدًا لِّأَوَّلِنَا وَآخِرِنَا وَآيَةً مِّنكَ ۖ وَارْزُقْنَا وَأَنتَ خَيْرُ الرَّازِقِينَ

“Худоё! Бифрист барои мо дастархоне аз осмон, ки барои аввалину охирини аз мо ид бошад ва нишонае аз ту; ва ба мо рӯзи деҳ! Ту беҳтарин рӯзидиҳандагонӣ!.” (сураи Моида, ояти 114)

Дар тафсири ин оят омада аст: Ид дар луғат аз моддаи увд ба маънои бозгашт аст. Ба рӯзҳое, ки мушкилот аз қавму ҷамъияте бартараф мешавад ва бозгаши ба пирӯзиҳову роҳатҳои аввала мекунанд, ид гуфта мешавад.

Дар идҳои исломӣ ба муносибати ин, ки дар партави итоати як моҳи мубораки рамазон ва ё анҷоми фаризаи бузурги ҳаҷ, сафо ва покии фитрии аввалин ба рӯҳу ҷон бармегардад.

Олудагиҳо, ки бар хилофи фитрат аст аз миён мебарард, ид гуфта шуда аст. Аз онҷо, ки рӯзи фиристодани дастархон рӯзи бозгашт ба пирӯзӣ ва покиву имон ба Худо буда аст, ҳазрати Исо(а) онро ид номида аст.

Дар аҳодис ба ин маъно дорем, ки ҳар касе, ки рӯзе гуноҳ накунад он рӯз барои ӯ ид аст.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст