Дар оёти гуногуне аз Қуръон бо унвони шифо ёд шуда аст. Дар ҷое гоҳ Қуръон шифодиҳандаи дилҳо муаррифи шуда аст:

قَدْ جَاءتْكُم مَّوْعِظَةٌ مِّن رَّبِّكُمْ وَشِفَاء لِّمَا فِی الصُّدُورِ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِّلْمُوْمِنِینَ

“Барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон мавъизае омад ва шифое барои он бемори ки дар дил доред ва роҳнами ва раҳмате барои муъминон аст.”

Ин дар ҳоле аст ки Қуръон дар канори шифо, мояи ҳидоят низ дошниста шуда аст:

قُلْ هُوَ لِلَّذِینَ آمَنُوا هُدًى وَشِفَاء

“Бигу ин китоб барои онҳо ки имон овардаанд ҳидоят ва шифо аст.”

Вожаи шифо дар луғат ба маънои нуқтаи охири чизе аст, ки мушарраф ба нобуди ё наҷот бошад, аз ин ру шифо ёфтани бемор ба маънои офият ёфтан ва наҷот аз бемори аст. Бар ҳамин поя, мақсуд аз шифои Қуръон наҷот аз инҳитот ва суқути модди ё маънави аст ки ба василаи ҳидоят анҷом мепазирад.

Шифо дар истилоҳ дар муқобили бемориҳо, айбҳо ва нақсҳо ба кор меравад. Бинобар ин нахустин коре ки Қуръон барои инсон анҷом медиҳад, поксози даруни ӯ аз анвои бемориҳои фикри, ахлоқи ва иҷтимои аст. Сипас раҳмати илоҳи шомили ҳолаш мешавад ва фазоили инсони ва ахлоқи илоҳӣ дар мавриди вуҷуди ӯ ҷавона мезанад.

Оре дар сураи Юнус ояти 57 шифо ба маънои поксози ва раҳмат ба бозсози инсон ишора дорад.

وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ مَا هُوَ شِفَاء وَرَحْمَةٌ لِّلْمُوْمِنِینَ وَلاَ یَزِیدُ الظَّالِمِینَ إَلاَّ خَسَارًا

Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: “Рӯзи фатҳи Макка бо Паёмбар(с) ба канори Каъба омадем. Паёмбар(с) ба ман фармуд: Биншин. Он гоҳ ҳазрат рӯи шонаҳоям рафт ва ман бар пой истодам. Он ҳазрат шуруъ ба сухан намуд ва аз ҷумла фармуд: من لم یستشف بالقرآن فلا شفاه الله Ҳар кас ба василаи Қуръон шифо наҷуяд ва нахоҳад, Худо ӯро шифо нахоҳад дод.

Абулфутуҳи Розӣ ваҷҳи тасмия ва номгузории Қуръон ба шифоро дар се маъно медонад:

1.Қуръон далели нубувват ва сидқи оваранади он аст, ки мардум ба воситаи он аз саргардони залолат ва гумроҳи, ба ҳидоят халоси меёбанд; монанди беморе ки аз маризи шифо ёбад.

2.Қуръон баёнгари далели равшан аст ва ҳар соҳибкаш ва шубаҳаеро ки дар ӯ назар кунад, ба илм ва яқин раҳнамун созад ва илм, шаккеро зоил намояд.

3.Муҳол нест, ки мардум ба Қуръон табаррук ҷуянд ва шифои бемори ҷисми хуешро аз ӯ талаб намоянд; чаро ки ҳадисҳои зиёде дар ин замин омада аст ва аз ҷумла номҳои сураи Ҳамд шифо аст.

Имом Содиқ(а) дар ин бора мефармояд: “Ҳар киро бемори бошад бояд ки бомдод чун руй аз намоз бармегардонад, ҳафт бор Алҳамд бихонад ва боз бар ӯ дамад ва агар нашавад рузи дигар, ҳафтод бор бихонад ман зоминам ба шифо, магар он бемори маризие бошад ки аҷали ӯ дар он бошад. Ҳазрати Расули Акрам(с) гуфт: القرآن هو الدواء»”

Устод Ҷаводи Омули дар бораи шифобахши Қуръон менависад: Бемор агар бихоҳад дармон шавад, бо шифо беҳбуд меёбад ва дору зотан шифои мариз нест зеро бисёр иттифоқ меафтад, ки маризе доруеро масраф мекунад аммо бемории ӯ шифо намеёбад.

Худованди Қуръонро дору муаррифи намекунад балки ӯро шифо медонад ва шифобахшии он низ қатъи аст. Ҳар кас ки ба Қуръон руй оварад, онро бифаҳмад, бипазирад ва амал кунад ба таври қатъ бемориҳои даруниаш аз байн меравад, магар инки шахси маризе ба Қуръон муроҷиа накунад ва ё муроҷиааш аз рӯи майл набошад ва ё пас аз муроҷиа ба Қуръон дастур ва нусхаи шифобахши онро напазирад ва амал накунад ва ё амалаш нодуруст бошад.

Ҳавосамон ба ин нукта низ бошад, ки хуроки нерубахшро агар ба олим ва донишманди пурталош бидиҳем, аз он барои таълиму тарбияти неруи кофи мегирад. Вале ҳамин хурокро агар ба касе бидиҳем ки корҳои ношоист мекунад аз нерӯи он барои корҳои ношоист истифода мекунад, тафовут дар хурок нест, балки дар мизоҷҳо ва тарзи тафаккурҳост ва ин аст:

وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ مَا هُوَ شِفَاء وَرَحْمَةٌ لِّلْمُوْمِنِینَ وَلاَ یَزِیدُ الظَّالِمِینَ إَلاَّ خَسَارًا

Аз ин рӯ оёти Қуръон ҳамчун қатраҳои ҳаёт бахши борон аст ки ба таъбири шоир:

Борон ки дар латофати табъаш хилоф нест

Дар боғ лола руяду дар шуразор хас

Қуръон ки муддаи шифобахш аст, сабр намекунад то шахс бемор шавад онгоҳ ба мудовояш бипардозад балки Қуръон дар мақоми пешгири низ кушост ва саъяш бар он аст то инсонҳо ба маризиҳои фикри ва қалби дучор нашаванд.

Қуръон дар марҳилаи авал ба инсонҳо нисбат ба бемори ҳушдор медиҳад. Агар касе дар ин марҳилаи ҳушдори Худовандро ҷидди нагирифт ва ба амали мамнуъ, иқдом намуд, мариз мешавад. Дар ин марҳила низ Қуръон раҳнамун дорад ва кайфияти мудовои мариз ва роҳи дарморо ба ӯ нишон медиҳад то ӯро аз бемори бираҳонад. Агар дар ин марҳила низ сухани Қуръонро нашунид ва ба он амал накард, он вақт дигар Худо ӯро ба ҳоли худ во мениҳад ва чунин маризи раҳо шудае ба таври табии ҳар рӯз бемортар мешавад.

Сухани охир инки Қуръон заъфҳои марбут ба ҳикмати назариро бо бурҳони ақли ва маризиҳои марбут ба ҳикмати амалиро бо таҳзиб ва тасфияи дил беҳбуд мебахшад, ҳамаи бемориҳои эътиқоди ва ахлоқиро дармон мекунад: Ҷаҳлро бо илм, шакро бо яқин, ғаму андуҳро бо оромиш, тарсу ҳаросро бо умед, нигарони аз ояндаро бо азму субот бартараф месозад.

Натиҷа

Худои Субҳон фармуд: Мо роҳи даромнро ба муъминин нишон медиҳем; на танҳо табиб мефиристем на танҳо дору мефирситем балки шифо мефиристем.

Нафармуд Қуръон давост нафармуд  و ننزّل من القرآن ما هو دواء балки фармуд: وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ مَا هُوَ شِفَاءٌ мумкин аст касе дору масраф кунад ва шифо пайдо накунад аммо мумкин нест чизе шифо бошад ва инсон шифо пайдо накунад;

Лизо фармуд мо шифобахшем аммо لِلْمُۆْمِنِینَ Худои Субҳон ин шифо ва ин иноятро ба афроди бо имон ато карда аст.

Хелеҳо ки гирифтори разоили ахлоқианд барои ин аст ки бунёни марсус ва муҳкаме надоранд чаро ки бо хурофот зиндаги мекунанд, бо шанс зиндаги мекунанд бо бахту иттифоқ зиндаги мекунанд. Касе ки муваҳҳид набошад ночор ба хурофоте назири шанс тан дар медиҳад.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст