Эҳсон ва некукори илова бар инки мушкилоти фуқаро ва дармондагонро бартараф мекунад ва муҳаббат ва раҳматро дар ҷомеа тасеа медиҳад, осори муҳимтараш ба худи некукор бармегардад; чун боис мешавад сарват дар иҷтимоъ ба гардиш дар ояд ва амният ва рифоҳи умуми падид ояд ва нигарони ва изтирб ба маваддат ва эътимод табдил гардад.

Дар муқобил ба сарватмандон бедард ва касоне ки аз дороиҳои худ ба шидддат мувозибат карда ва аз эҳсон ва некукорои худдори мекунанд ба азоби дарднок ваъда дода  фа фармуда аст:

Касонеро ки сармояҳо ва амволи бешумори худ аз тило ва нуқраро занҷир мекунанд ва дар роҳи Худо эҳсон ва инфоқ намекунанд, ба муҷозоти дарднок ва сахте башорат бидеҳ!

Худованди Мутаол дар оёти гуногуне аз Қуръони Карим дар бораи касоне ки аҳли эҳсон ва муҳаббат ба дигарон ҳастанд, суҳбат намуда аст. Дар панҷ оят аз Қуръон фармуда аст:

Худованд аҳли эҳсонро дӯст дорад.

Чаҳор мартаба дар Қуръон таъкид намуда аст: Худованд музд ва подоши муҳсининро зоеъ намекунад.

Ҳамчунин ҳазрати нақ нуҳ мартаба дар Қуръон баён менамояд, ки чигуна ба муҳсинон подош ато мекунад: «إِنَّا كَذَلِكَ نَجْزِی الْمُحْسِنینَ ва дар оёти дигаре дар мавриди эҳсн ва оқибати афроди муҳсин ва подошҳои ухравии ишон баҳс менамояд.

Вуҷуди ин ҳама оёт дар Қуръон дар бораи афроди муҳсин баёнгари ҷойгоҳи вижа ва кам назири эҳсон дар назари Худованди Мутаол аст. Дар яке за ин оёт ҳазрати ҳақ дар баёни латифе мефармояд: :«بدون شک خدا با محسنین است». Раҳмати илоҳӣ ба муҳсинин наздик аст.

Дар ҷои дигар дар боари подоши ухрави ҳали эҳсон мефармояд: Барои онон ҳар чи бихоҳи назди Парвардигорашон вуҷуд дорад. Ин аст подоши некукорон.

Ҷойгоҳи меҳраварзи дар ҳадисҳои исломӣ

Дар ҳадисҳои исломи нисбат ба эҳсон ва муҳаббат ба дигарон таъкидоти фаровон ва фавқул оддае вуҷуд дорад. Ҳадисҳо бо таваҷҷуҳ ба мизони аҳамият ва таъсири ин маворид дар рушди фард ва ҷомеа, таъкидоти мухталиферо барои ҳар як аз мисдоқҳои эҳсон баён кардаанд ки дар идома ба бархе аз онҳо ишора хоҳем кард:

1.Муҳаббат, тамоми дин:

Дар фарҳанги исломи муҳаббат асос ва тамоми дин аст; чунон ки ҳазрати Паёмбар(с) нақл шуда аст ки фармуданд:

هل الدین لا الحب

Оё дин чизе ғайр аз муҳаббат аст.

Бале, الدین هو الحبّ و الحبّ هو الدین Дин ҳамон муҳаббат ва муҳаббат ҳамон дин аст.

Инсони диндоре, ки дар дили худ нисбат ба махлуқот ва бандагони Худо эҳсоси муҳаббат ва алоқа намекунад ва сарнавишт ва шақовати онҳо барои ӯ аҳамияте надорад, бояд дар диндони худ шак кунад дар мутуни дини ва сираи авлиёи илоҳӣ ба  қадре ба муҳаббат ва эҳсон ба махлуқоти Худо таъкид шуда аст, ки сазовор аст дини исломро “дини меҳр” биномем.

Милоки бартари

Саховат ва эҳсон ба халқ дар назди Худо ба қадре аҳамият дорад ки имом Содиқ(а) фармуд:

شاب سخی مرهق الذنوب احب إلی الله عزّ و جل من شیخ عاید بخیل

“Ҷавони бахшанда олуда ба гуноҳон, назди Худованди азза ва ҷалл маҳбубтар аз пирамарди обиди хасис аст.”

3.Баровардани ниёзи дигарон, беҳтар аз озоди ҳазор банда:

Имом Содиқ(а) дар зимни ҳадиси муфассале фармуд:

“Агар барои баровардани ниёзи бародари худ бикушам то ниёзаш бартараф шавад, назди ман хуштар аст аз инки ҳазор банда озод кунам ва ҳазор аспи зин карда ва лаҷом баста дар роҳи Худо ҳадя кунам.”

4.Бартараф намудани мушкилоти бародари дини, шарти қабулии аъмол:

Имом Козим(а) мефармоянд: ”Хотимаи корҳоятон бояд ин бошад ки мушкилоти бародарони диниатонро ҳал кунед ва ба онҳо дар ҳадди тавон эҳсон кунед; вагарна дар рӯзи қиёмат ҳеч амале аз шумо қабул намешавад бо бародарони дини худ меҳрубон бошед ва ба онҳо муҳаббат намоед, ки агар чунин намудед, ба мо муҳлақ хоҳед шуд.”

Дар ҳадисе омада аст, ки обидони бани Исроил ҳангоме ки ба охири дараҷаи ибодати худ мерасиданд ба хидмат ба халқи Худо ва талош барои бартараф намудани ҳоҷатҳои онон руй меоварданд.

5.Беҳтар аз ҳазор ҳаҷи мақбул

Ҳаҷ яке аз муҳимтарин дастурҳои илоҳӣ аст ки савобҳо ва подошҳои фаровоне барои он баён шуда аст ва тарки он ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест. Дар ҳадисҳое муқоисаи фаровоне байни ҳаҷ ва эҳсон ва хидмат ба муъминон шуда аст:

Сад албатта ки ингуна ҳадисҳо дар садади кучак нишон додани аҳамияти ҳаҷ нестанд ва намехоҳанд мардумро аз ҳаҷ ва умра наҳй намоянд, балки дар садади баёни ҷойгоҳи фавқул оддаи хидмат ва эҳсон ба халқ ҳастанд. Дар идома ба чанд намуна аз ин ҳадисҳо ишора мекунем:

Имом Боқир(а) дар ҳадиси бисёре зебо чунин мефармоянд:

Агар дахлу харҷи як хонаводаи мусулмонро бар уҳдаи гирам ва ононро аз гуруснаги ва бараҳнаги бираҳонам то обруяшонро назди мардум ҳифз кунам, нази ман хуштар аст аз инки ҳаҷ равам ва ҳаҷ равам ва ҳаҷ равам ва мисли он ва мисли он ва имом то даҳ бор инро такрор намуд ва дар идома фармуд: Ва мисли он ва мисли он ва инро ҳам фармуд то ба ҳафтод бор расид.

Он ҳазрат дар ҳадиси дигар фармуданд:

«Баровардани ниёзи муъмин бартар аст аз ҳазор ҳаҷ ки бо маносика пазируфта шавад ва аз озод кадани ҳазор банда дар роҳи Худо ва ҳадя доданди ҳазор аспи зин шуда ва лаҷом шуда дар роҳи Худо.»

Тазаккур: чунон ки мулоҳиза фармудед, савобе ки барои баровардани ниёзи дигарон дар ин ҳадисҳо баён шуда аст, мухталиф аст. Иллати ин ихтилоф ин аст ки эҳсон ба дигарон аз назари аҳамият ва заҳмат бо ҳам мутафовит аст. Ҳамчунин савоби аъмол ба мизони хулус ва маърифати анҷомдиҳандаи он низ бастаги дорад.

6.Шарти мусулмони

Расули Акрам(с) фармуданд:

من اصبح و لم یهتم بامور المسلمین فلیس منهم و من سمع رجلا ینادی یا للمسلمین فلم یجبه فلیس بمسلم؛[

“Ҳар кас шаби худро рӯз кунад дар ҳоле ки нисбат ба умури мусулмонон дағдаға ва эҳтимом надошта бошад, пас мусулмон нест ва касе ки бишнавад мусулмоне садо мезанад: Эй мусулмонҳо! Кумакам кунед ва ҷавобашро надиҳад, ҷузви мусулмонҳо нест.”

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст