Яке аз оёти мубораке ки зиёд дар Қуръон такрор шуда аст ва 114 бор дар Қуръон омада аст ояти بسم الله الرحمن الرحیم мебошад.

Ҳадисҳое дар фазилати بسم الله الرحمن الرحیم

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим ба исми аъзами илоҳӣ аз сиёҳии чашм, ба сафедии чашм наздиктар аст.”

Медонед сиёҳии чашм, дар қалби сафедии чашм аст. Яъне агар касе битавонад ба ин оят ва мақоми ин роҳ пайдо кунад, гӯё дар матни исми аъзами илоҳӣ қарор мегирад ва метавонад аз ин исми аъзам истифода кунад.

Исми аъзам як осоре дорад. Муҳимтар аз осораш, мақомаш аст, мақоми қурб аст, мақоми зиёфате ки касе ба ин оят даст пайдо кунад ин хосиятро барояш дорад.

Яке дигар аз ҳадисҳое ки аз вуҷуди муқаддаси Расули Акрам(с) нақл шуда аст, дар китоби Биҳор ин ҳадисро нақл кардаанд. Фармуд: “Вақте муъмин одат карда ба зикри بسم الله الرحمن الرحیم вақте мехоҳад аз сирот убур кунад ва аз рӯи одати зикр بسم الله الرحمن الرحیمро ба забон оварад, ҳамин ки ин зикрро мегуяд нуре ба вуҷуд меояд ва ба ӯ гуфта мешавад «ادفع لهب النار» дар асари баракат ин оят, оташи ҷаҳаннам хомӯш мешавад ва ӯ роҳат убур мекунад.”

Ба шакли дигар ҳам инро дорем ки муъмин вақте аз сирот убур мекунад, оташи ҷаҳаннам хомӯш мешавад ва ба муъмин хитоб мекунад: Зуд убур кун, «فَإِنَّ نُورَكَ قَدْ أَطْفَأَ لَهَبِی‏»  нури ту шуълаи маро хомуш карда аст ки пайдост ҳар куҷо нур аст, шуълаи оташ хомуш мешавад.

Оташ ба муъмин мегуяд:  «جُزْ یَا مُۆْمِنُ فَإِنَّ نُورَكَ قَدْ أَطْفَأَ لَهَبِی» Нури ту оташи маро хомӯш кард.

Ба иборате вақте муъмин ҳамеша зикри Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим ҳамроҳ мешавад ва мегуяд, нури ин ояти муборак дар вуҷуди муъмин зоҳир мешавад ва ин шуои нур, оташро хомӯш мекунад. Инҳо осори ин оят аст.

Боз дар ҳадисе аз вуҷуди Расули Худо(с) нақл шуда аст ки фармуданд: Вақте муаллим ба тифл «بسم الله الرحمن الرحیم» ро ёд бидиҳад, ҳамин ки тифл ёд мегирад, мегуяд: «بسم الله الرحمن الرحیم» фармуданд: Ин бароат аз оташ аст. Барои ин тифл ва падару модараш ки ӯро фиристодаанд ки Қуръонро ёд бигирад ва муаллиме ки ба ӯ таълим карда аст.

Ин нуктаро низ аз хотир набарем, ки ин савобҳо ва осор ва барактое ки барои тиловати Қуръон, барои ибодот нақл мешавад меънояш ин аст ки инҳо зарфияти ин савоб дар он ҳаст ва асароти онҳо баста ба он мебошад ки одам чи қадар битавонад ин зарфиятро таҳсил кунад.

Ба иборате маълум нест ҳар касе анҷом диҳад бо ҳар шарте ба ин фазилатҳо ва тамоми ин фазилатҳо бирасад.

Ба таъбири дигар мешавад як муаллим бо як «بسم الله الرحمن الرحیم» ёд додан, биҳишти шавад. Падару модар ба инки кумак кунанд, ки баччаашон  «بسم الله الرحمن الرحیم»ёд бигирад, биҳишти шаванд. Дар ҳақиқат метавонанд биҳишти шаванд ва ин фазилати амал аст.

Ҳеҷ коре бидуни Бисмиллоҳ пойдор нест

Дар ҳадисҳо дорем ва таъкид шуда аст ки ҳар кореро ки оғоз мекунед бо Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим оғоз кунед ва илло ин кор ҳар чи қадар ҳам бузург ва пур сару садо бошад, агар бо Бисмиллоҳ оғоз нашавад, поён надорад. Абтар аст!

Ба иборате кори хеле пур сару садо аст; яъне ҳамаи авомиле кор фароҳам аст. Як кор аз назари зоҳири ва таърихи мондагори таърихи аст, вале чун бо исми Аллоҳ нест, ҳатман ширк ҷои тавҳидро мегирад ва ҳатман пойдор нест.

Тафсире аз «بسم الله الرحمن الرحیم»

Бисмиллоҳ аъзами оёти Қуръон аст, чаро ки вуруд ба водии Қуръон ва солик шудан бо Қуръон ва вуруд ба соҳати ин китоби илоҳӣ ва муҳоҷир шудан ба сӯи Худо бо н китоб ниёз ба Бисмиллоҳ дорад. Инсон то дар мақоми Бисмиллоҳ набошад вуруд ба соҳати Қуръон пайдо намекунад.

«بسم الله الرحمن الرحیم» бо як “бо” оғоз мешавад. Ҳар ҳарфи Қуръон маъно дорад. Фақат ҳарфҳои муқаттиа нестанд ки маъно доранд. Ҳамаи сураҳои Қуръон ҳарф ҳарфаш дорои маъност. Албатта он маъно дар ихтиёри мост. Бархе дигарро Паёбмар(с) ба мо тафсир мекунанд.

Дар мақоми Бисмиллоҳ, дар китоби Аттавҳид ҳадисҳое нақл шуда аст аз имом Аскари(а) ҳазрат Бисмиллоҳро интавр маъно кардаанд: بِسْمِ اللَّهِ أَیْ أَسْتَعِینُ عَلَى أُمُورِی كُلِّهَا بِاللَّه‏»

Фармуданд: Бисмиллоҳ яъне «استعینُ بالله» ва он бо мутааллақ ба «استعینُ»  аст. Яъне «استعینُ»  истионат меҷуям

«بِسْمِ اللَّهِ أَیْ أَسْتَعِینُ عَلَى أُمُورِی كُلِّهَا بِاللَّه‏».Баъд Аллоҳро ҳам ҳазрат интавр меъно карданд. «اللَّهُ هُوَ الَّذِی یَتَأَلَّهُ إِلَیْهِ عِنْدَ الْحَوَائِجِ وَ الشَّدَائِدِ كُلُّ مَخْلُوقٍҲар махлуқе дар ҳавоиҷ ва дар сахтиҳо ба ӯ рӯй меоварад.

Ҳамаи зиндагии мо ҳоҷат аст. Аллоҳ яъне он вуҷуди муқаддасе, ки ҳама ва ҳамаи махлуқот доиман эҳтиёҷоташонро ба ӯ ирҷоъ медиҳанд.

Аллоҳ яъне «لَا تَحِقُّ الْعِبَادَةُ إِلَّا لَه‏» «الْمُغِیثِ إِذَا اسْتُغِیثَ وَ الْمُجِیبِ إِذَا دُعِی‏»  Худое ки вақте истиғоса шавад ҳатман иғоса мекунад ва ҳатман вақте аз ӯ бихоҳед ӯро бихонед, ҳатман иҷобат мекунад.

Худои Мутаол моро ба гунае офарида аст, ки наметавонем музтар ба ӯ набошем, на мо ва на ҳамаи аволим. Ҳамаи аволим музтар ба ҳазрати ҳақ ҳастанд ва асбан маънои улуҳият ҳамин аст. Мақоми улуҳият, мақоме аст ки ҳамаи махлуқот мухтар ба ӯ ҳастанд ва ӯ ғани аст. «أَنْتُمُ الْفُقَراءُ إِلَى اللَّهِ»

Мақоми улуҳияти ҳазрати ҳақ мақоми ғино аст «وَ اللَّهُ هُوَ الْغَنِیُّ الْحَمیدُ»  ва мақоми бандаги мо мақоми ифтихори мутлақ аст. дасти мо ҳам нест, коинот бихоҳанд ё нахоҳанд, бандаи Худованди Мутаол ҳастанд ва ӯ илоҳ аст. «وَ هُوَ الَّذی فِی السَّماءِ إِلهٌ وَ فِی الْأَرْضِ إِلهٌ»

Улуҳият як мақоми қарор доди нест ё мақоме нест ки дар ихтиёри мо бошад ва касеро илоҳ қарор бидиҳем. Балки мақоме аст ки дар он мақоми ҳамаи асмоул ҳуснои илоҳи зейл ин мақоми улуҳият ҳастанд ва асмои илоҳи ботини оламро идора мекунанд.

Ҳамаи махлуқот бихоҳанд ё нахоҳанд музтар ба ин асмои илоҳӣ ҳастанд, ҳаёташон, қивом ба ҳаёти ӯ дорад. Илмашон қивом ба илми ӯ дорад.

Мақоми Бисмиллоҳ мақоми тавҳиди ноб ва тавҳиди холис аст ки инсон дар ҳамаи олам ҷуз истионат аз ҳазрати ҳақ намеҷуяд ва ҳамаи васоилро васоит мебинад ва барои онҳо асолате қоил нест ва истионаташон фақат аз Худои Мутаол аст. Ин мақоми Бисмиллоҳ аст. Касе ки дар мақоми Бисмиллоҳ нест, васоитро мебинад ва ғайри Худои Мутаолро намебинад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст