Қуръони Карим мутқантарин ва беҳтарин китоб дар муаррифи ва шиносондани Паёмбари Аъзам(с) аст; зеро ин китоб каломи ваҳй ва сухани Худованд аст ва аз ҷиҳати ҳақоният ва дурустии матолиб, муътабартарин китоб ба шумор меравад. Худованди Мутаол, дар Қуръони Карим, дар оёти гуногуне дар бораи Паёмбари Аъзам(с) сухан гуфта аст.

Дар ин оёт, гоҳе ба таври мустақим ва гоҳе ба шакли ғайри мустақим, Паёмбари Аъзам(с) муаррифи шуда аст. Ин муаррифи дар қолибҳое ҳамчун, ситоиш ва тамҷид аз Паёмбари Аъзам(с), баёни сифатҳо, зикри мақомот ва маноқиб ва баёни азамати рӯҳи он ҳазрат сурат гирифта аст ва ҷилваҳои мухталифи шахсияти ва рафтори он ҳазрат, табйин шуда аст. Дар инҷо мо дар се бахши кулли “номҳо ва васфҳо” “мақомҳо” ва “маноқиб” Паёмбари Аъзам(с) ки дар оёти Қуръон омада аст меоварем.

1.         Номҳои Паёмбар(с) дар Қуръон

Дар бархе ҳадисҳо, ба номҳои Паёмбари Акрам(с) дар Қуръон ишора шуда аст, ки мо дар зимни ду ҳадис, онҳоро баён мекунем. Дар ҳадисе аз имом Боқир(а) омада аст ки фармуданд:

إن لرسول الله ـ صلی الله علیه و آله ـ عشرة أسماء خمسة فی القرآن و خمسة لیست فی القرآن فاما التی فی القرآن، فمحمد و احمد و عبدالله و یس و ن

“Барои Расули Худо(с) даҳ ном аст, ки панҷ ном дар Қуръон ва панҷ ном дар ғайри Қуръон аст; он номҳое ки дар Қуръон аст иборатанд аз: Муҳаммад, Аҳмад, Абдуллоҳ, Ёсин ва Нун.”

Дар ҳадиси дигаре аз имом Содиқ(а) нақл шуда аст, ки Тоҳо аз номҳои Паёмбари Акрам(с) аст ва маънии он «یا طالب الحق الهادی الیه»، “Эй касе ки толиби ҳаққи ва ҳидояткунанда ба сӯи они” аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ду ҳадис, Паёмбари Аъзам(с) дар Қуръони Карим ба шаш ном муаррифи шуда аст, ки оятҳои он бадин шарҳ аст:

Муҳаммад(с)

وَاْلَّذینَ آمَنوا وَ عَمِلوُا الْصالِحاتْ وَ آمَنواْ بِما نُزِّل عَلی مُحَمَّدٍ وَ هُوَ اْلْحَقُّ مِنْ رَبِّهِمْ کَفَّرَعَنْهُمْ سَیْئاتِهِمْ وَ اَصْلَحَ بالَهُمْ»

Дар оёти дигаре низ ин ном зикр шуда аст ки иборатанд аз: Сураи Оли Имрон, ояти 144, сураи Аҳзоб, ояти 40, сураи Фатҳ, ояти 29.

Аҳмад

«و اِذْ قالَ عیسَی اْبْنُ مَرْیَمَ یا بَنی اِسْرائیلَ اِنّی رَسوُلُ اْللّهِ اِلَیْکُمْ مُصَدِّقاً لِما بَیْنَ یَدَیَّ مِنَ اْلتَوْراتِ وَ مُبَشِّراً بِرسُولٍ یَأْتی مِنْ بَعْدی اِسْمُهُ اَحْمَدْ فَلَمّا جاءَهُمْ بِالْبَیِّناتْ قالوُا هذا سِحْرٌ مُبینْ»

Абдуллоҳ

« وَ اِنَّهُ لَمّا قامَ عَبْدُاْللّهِ یَدْعُوهُ کادُواْ یَکوُنُونَ عَلَیهِ لِبَداً»

Ёсин

«یس»

Нун

«نْ وَ اْلْقَلَمِ وَ ما یَسْطُرُونْ»

Тоҳо

«طه

2.         Авсофи Паёмбар(с) дар Қуръон

Дар Қуръони Карим, авсофи фаровоне барои Паёмбари Акрам(с) зикр шуда аст, ки ба бахше аз онҳо бо зикри оятҳо ишора мекунем:

Шоҳид (гувоҳ), мубашшир (башоратдиҳанда), назир (инзордиҳанда), доъи илаллоҳ (даъваткунанда ба сӯи Худо), сироҷи мунир (чароғи равшанои диҳанда).

Ин авсофи воло ва пурманзилат дар омада аст:

یا اَیُّهااْلْنَّبیُ اِنّا اَرْسَلْناکَ شاهِداً وَ مُبَشِّراً وَ نَذیراً* وَ داعیاً اِلَی اللّهِ بِاِذْنِهِ وَ سِراجاً وَ مُنیراً»

Рауф ва раҳим

Ин ду сифат ба ҳамроҳи ду вижаги аз вижагиҳои ахлоқи Паёмбар(с) чунин баён шуда аст:

لَقَدْ جاءَکُمْ رَسولٌ مِنْ اَنْفُسِکُمْ عَزیزٌ عَلَیْهِ ما عَنِتُّم حَریصٌ عَلیْکُمْ بِاْلْمُؤمِنینْ رَئوفٌ رَحیمٌ»

“Расуле аз худи шумо ба суятон омад, ки ранҷҳои шумо бар ӯ сахт аст ва исрор ба ҳидояти шумо дорад ва нисбат ба муъминон рауф ва меҳрубон аст.”

Дар ин ояти карима, илова бар ду сифати рауф ва раҳим ба ду вижагии ахлоқи Паёмбар(с) ишора шуда аст. Вижагии аввал ин аст, ки Паёмбар(с) он қадар хайрхоҳ ва ҳамдард ва дустдори мардум буд ки аз ранҷҳое ки ба мардум мерасид озурда хотир мешуд, ба тавре ки барои ӯ сахт буд, ки бубинад ба касе ранҷу сахти бирасад.

Вижагии дуввум, дилсӯзи он ҳазрат аст. Ҳазрат дуст намедорад, ки ҳатто як нафар аз мусулмонон дар роҳи ҳидоят набошад. Аз ин рӯ, ин дилсӯзи он чунон аст ки Худованд, аз исрори ҳазрат дар ҳидояти мардум, ба «حریص علیکم» таъбир карда аст. Чунон ки Худованд дар сураи мубоаркаи Каҳф дар ин бора хитоб ба Паёмбар(с) мефармояд:

« فَلَعَلَّکَ باخِعٌ نَفْسَکَ عَلی ءاثرِهِمْ اِنْ لَمْ تُؤْمِنواْ بِهذا اْلْحَدیثْ أَسِفا»

“Гӯи (агар онҳо ба ин гуфтор имон наёваранд) мехоҳи худро аз ғаму андуҳ ба ҷиҳати аъмоли онҳо, ҳалок куни.”

Мақомҳои волои Паёмбар(с) дар Қуръон

Худованди Мутаол дар оёти Қуръони Карим гоҳе ба таври сареҳ ва замоне ба гунаи дигар ба мақомҳои Паёмбар(с) ишора фармуда аст, ки дар инҷо ба бархе аз оёт ишора мекунем.

1.Мақоми хотамият

Қуръони Карим дар ин бора мефармояд:

ما کانَ مُحمَّدٌ أَبا أَحَدٌ مِنْ رِجالِکُمْ وَ لکِنْ رَسولُ اْللّهُ وَ خاتَمِ اْلْنَبیّینْ».

Мақсуд аз хотамият, мутлақи хотамият аст; хотам яъне муҳр, ки дар поёни навиштаҳо қарор мегирад. Худованди Субҳон бо фиристодани паёмбарон, барои ҷомеаи башари паёмҳо мефиристад ва пас аз поёни гуфтор ва калимоташ, силсилаи нубуввташро бо фиристодани Паёмбар(с) хатм, ва саҳифаи рисолати ононро бо вуҷуди мубораки хотамул мурсалин муҳр карда аст; пас ҳаргиз ҷо барои нубувват ва рисолати дигаре нест. Аз ин ояти карима ду нукта истифода меашавад:

Аввал инки Паёмбари Акрам(с) воҷиди ҳамаи мазоёи муштарак ва мазоёи фарди анбиё ва баъзе аз хусусиятҳои вижа аст, ки анбиёи пеш аз ӯ инро надоштаанд. Дуввум инки, то рӯзи қиёмат, ҳеҷ кас беҳтар аз Паёмбари Акрам(с) нахоҳад омад, зеро Расули Худо(с), инсони комил аст ва агар касе комилтар аз вай мебуд, ҳатман ӯ ба мақоми хотамият мерасид.

2.Мақоми убудияти мутлақ

Худованд ки рабб ва парвардигори оламиён аст нисбат ба афроди мухталиф, мутафовит аст баъзе аз инсонҳо таҳти тадбири асмои ҷузъия ҳақанд масалан дар ҳақиқат, Абдураззоқ, Абдулҷалил, Абдулбосит ё Абдулкарим ҳастанд, аммо Паёмбар(с) «абд» аст ва Парвардигор мурабби ва мудаббири шахси Паёмбар(с) аст, ки ниҳоитарин мартабаро дорост ва дар қавси суъуд мақоми бартар аз мақоми марбубияти шахси Расули Акрам(с) нест ва он ҳазрат, мунтасаб ба олитарин исм аз асмои ҳасанаи Худои Субҳон аст. Яъне “هو ки ҳамон ҳувияти мутлақа аст ва чун комилтарин бандаги аз они ӯст, ҷомеътарин калима ба ӯ ишора дорад:

هُوَ اْلَّذی اَرْسَلَ رَسُولَهُ بِاْلْهُدی وَ دینِ اْلْحَقِّ لِیُظْهِرَهُ عِلَی اْلْدّینِ کُلِّهِ

Қуръони Карим вақте таъбири «абд»-ро нисбат ба дигар анбиё ба кор мебарад ҳамроҳ бо зикри номи онҳо ба кор мебарад:

«وَ اذْکُرْ عَبْدَنا اِبْراهیمَ وَ اِسْحقَ وَ یَعْقوبَ اولِی الأَیْدی وَ الاَبْصار».

Аммо вақте номи Паёмбар(с)-ро мебарад “абд” таъбир мекунад, ки нозир ба мақоми ваҳдат аст ва ин калима аз Абдуллоҳ низ болотар аст, зеро ин бандаги (убудият), ҳоки аз ҳувияти мутлақа аст.

3.Мақоми болотар аз рутбаи вуҷуди

Худои Субҳон ба Паёмбараш дастур медиҳад ки: “Бигу: Ман аввалин мусулмонам.” «لاشَریکَ لَهُ وَ بِذلِکَ اُمِرْتُ وَ أَنا اَوَّلُ الْمُسْلِمین»

4.Мақоми “усваи ҳасана будан”

Дар Қуръони Карим оёте аст, ки Расули Худо(с)-ро усва ва улгуи ҷаҳониён муаррифи мекунад ва мефармояд:

« لقد کان فی رسول الله اسوة حسنة»

5.Мақоми хулқи азим

Худованд,паёмбари худро ба азамати ахлоқи доштан меситояд:

«وَ اُنَّکَ لَعلَی خُلِقٍ عَظیمٍ»

Худованд бо ҷумлаи исмия ва таъкид мефармояд: Ту дорои ахлоқи азиме ҳасти. Вақте Худои Субҳон аз чизе ба азамат ёд мекунад, маълум мешавад, ки он чиз аз азамати фавқул оддае бархурдор аст, чун ӯ ҳар чизеро ба азамат намеситояд, бисёре аз маворидро бо сифати заъф ёд мекунад.

Саросари дунёро андаке мешуморад: مَتاع الدُّنْیا قَلیل ва аз дасисаҳои Шайтон ба унвони اِنَّ کَیْدَ الشَّیْطانَ کانَ ضَعیفاً сухан мегуяд; аммо вақте аз хулқи Расули Худо(с) ном мебарад мефармояд:

“Эй Паёмбар! Ту воҷиди ҳамаи малакоти нафсони дар ҳадди аъло ҳасти.”

Идома дорад

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст