Муъмин чи касе аст?

Муъмин касе аст, ки Худо ва Расул ва ончиро имон ба он воҷиб аст дар забон ва қалб тасдиқ кунад ва амалан таслими Худо ва Расули ӯ бошад.

Дар маърифи муъмин, ба ояти 13 сураи Ҳуҷурот таваҷҷуҳ кунед:

«قالَتِ الْأَعْرابُ آمَنَّا» Ин даста аз аъроб, ки ба дуруғ изҳори имон мекарданд қавме аз Бани Асад буданд, ки дар як хушксоли хидмати Паёмбар(с) омада бо инки дар воқеъ имон наёварда буданд вале ба манзури гирифтани садақа аз он ҳазрат изҳори имон мекарданд ва мегуфтанд: (صدقنا بما جئت بهХудованд ба Паёмбар(с) дастур дод, ки аз ботинашон ба онон бигуяд то барои онон муъҷизае бошад ва лизо фармуд:  «قُلْ لَمْ تُؤْمِنُوا»  Яъне: Дар ҳақиқат аз ботин имон наёвардаед.

وَ لكِنْ قُولُوا أَسْلَمْنا Саъид ибни Ҷубайр ва Ибни Зиёд гуянд: Мо аз тарси инки асир нагардем ва кушта нашавем таслим шудаем. Сипас Худованд баён мефармояд, ки маҳалли имон қалб аст на забон!

Зуҷоҷ гуяд: Ислом иборат аст аз изҳори таслим ва пазириши ончиро ки Паёмбар(с) аз тарафи Худо оварада аст ва бо ҳамин аст хун ҳифз мешавад, агар ҳамроҳи ин изҳор як эътиқод ва тасдиқи қалби бошад онро имон мехонанд ва соҳиби он ба ҳаққ муъмин ва мусулмон аст, аммо касе ки дар зоҳир қабул шариат карда аст ва ба хотири дафъи макруҳ таслим шуда аст, ингуна афрод дар зоҳир мусулмонанд ва дар ботин исломро тасдиқ намекунанд ва Худованд ингуна афродро аз доираи имон хориҷ дониста мефармояд:

وَ لَمَّا يَدْخُلِ الْإِيمانُ فِي قُلُوبِكُمْ Яъне: Пас аз онки аз тарси қатл таслим шудед тасдиқ накардед, бино бар ин муъмин касе аст ҳамонгуна, ки дар зоҳир исломро қабул карда аст дар ботин низ тасдиқ дошта бошад ва мусулмон тамоми айёр касе аст илова бар инки дар зоҳир фармонбардори мекунад имон ба фармони илоҳи ҳам дошта бошад ва касе ки аз тарси кушта шудан изҳори ислом карда аст дар ҳақиқат муъмин нест вале дар зоҳир нисбат ба ӯ ҳукм ба ислом мешавад.

Анас аз Паёмбари Худо(с) ҳадисе нақл карда аст ки фармуданд: Ислом ошкор аст ва имон амри қалби аст ва бо даст ишора ба синаи худ фармуд.

Ва Балхи гуфта аст, ки Расули Худо(с) тафсир фармуда аст, ки

المسلم من سلم المسلمون من لسانه و يده و المؤمن من آمن جاره بوايقه و ما آمن بى من بات شبعان و جاره طاو

“Мусулмон касе аст ки мусулмонон аз забон ва дасти ӯ ба саломат бошанд ва муъмин касе аст ки ҳамсояаш аз ранҷи ӯ дар амон бошад ва ба ман имон наёварда аст касе ки шаб шиками сер бихобад ва ҳамсояаш гурусна бошад.”

Муъмин касе аст, ки дар ботин ақида дорад ва дар зоҳир амал, кофир касе аст ки не имон дорад ва не амал, мунофиқ он аст ки иддаои имон мекунад вале дар ботин беақида ва мункир аст.

Дар китоби Амоли зейли ояти

«وَ آتَيْناهُ أَجْرَهُ فِي الدُّنْيا وَ إِنَّهُ فِي الْآخِرَةِ لَمِنَ الصَّالِحِينَ» аз Асбағ ибни Набота ривоят карда аст ки гуфт ҳамнгоме ки ҳазрати Алӣ(к) Муҳаммад ибни Абибакрро волии Миср намуд номае ба аҳолии Миср навишт: “Эй бандагони Худо бидонед муъмин касе аст, ки пайваста амали неку аз ӯ сар бизанад ва маншаи асари хайр буда ва таҳсили савоб намояд Худованд подоши амале ки дар дунё анҷом дода аст ба ӯ ато мефармояд.”

Дар сураи Моида ояти 57 чунин омада аст:

«يا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لا تَتَّخِذُوا الَّذِينَ اتَّخَذُوا دِينَكُمْ هُزُواً وَ لَعِباً مِنَ الَّذِينَ أُوتُوا الْكِتابَ مِنْ قَبْلِكُمْ وَ الْكُفَّارَ أَوْلِياءَ وَ اتَّقُوا اللَّهَ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ»

“Эй касоне ки имон ба Худо ва Расул овардаед касонеро ки дини шуморо ба масхара ва бози гирифтаанд чи онҳое ки пеш аз шумо дорои китоб будаанд (аз яҳуд ва насоро) ва чи кофирон (ва бутпарастони Қурайш) ба дӯсти магиред ва ёру ёвари худ қарор надиҳед ва агар барости муъмин ҳастед (дар сарпарасти ва дустии онҳо) аз Худо бипарҳезед (зеро муъмин касе нест ки агар касе ба дини ӯ таъна занад ва истеҳзо намод ӯро дуст бидорад балки муъмин касе аст ки бо чунин кас ғазаб кунад ва да изои таън ва тамасхураш бо ӯ душмани биварзад).”

Дар ҳадисе омада аст: المؤمن آلف مألوف و لا خير فيمن لا يألف و لا يؤلف

“Муъмин касе аст ки улфат мегирад ва бо ӯ улфат мегиранд ва дар касе ки улфат намегиранд ва бо ӯ улфат гирифта намешавад хайре нест.”

Муъмин касеро гуянд, ки аз рӯи донистаги ва фаҳмидаги имон орад ба вуҷуди Худо ва ваҳдат ва ягонаии ӯ ва ба тамоми сифатҳои ҷалолия ва ҷамолияи Худои азали ва низ тасдиқ намояд ба олами охират ва бидонад ки пас аз ин олам, оламе аст ва пушти ин парда асрорест ва тасдиқ намод ба вуҷуди малоика ва тамоми китобҳои осмони ва анбиёи мурсалин ва ҳар ончи ки Паёмбари Ислом(с) аз ҷониби Худо оварда аст.

Аз имом Козим(а) ҳадисе нақл шуда аст, ки он ҳазрат фармуд: Эй Абу Аҳмад! Ҳеҷ муъмине дар дунё гуноҳе анҷом намедиҳад, магар онки аз анҷоми он нороҳат мешавад ва пушаймон мегардад ва Расули Худо(с) ҳам фармуд : كفى بالندم توبة барои тавба ҳамин кофи аст ки гунаҳкор пушаймон гардад.

Ва низ дар ҳадиси дигаре фармуд: من سرته حسنته و ساءته سيئته فهو مؤمن касе ки кори некаш хурсандаш кунад ва кори бадан нороҳаташ созад, ӯ муъмин аст бино бар ин агар касе аз гуноҳе ки муртакиб шуда аст пушаймон нашавад, муъмин нест ва шафоате барояш воҷиб намешавад ва ӯ аз ситамкорон аст ки Худои Таоло дар бораашон фармуда аст: ما لِلظَّالِمِينَ مِنْ حَمِيمٍ وَ لا شَفِيعٍ يُطاعُ

Барои ситамкорон не дусти дилсузе ҳаст ва не шафие ки шафоаташон пазируфта шавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст