Рибохори, гуноҳи кабира аст. Чун эъломи ҷанг бо Худованд аст бинобар ин рибохор, ҷангкунанда бо Худост. Ӯ бояд бидонад, ки дар ин ҷанг, дар як тараф ӯ қарор дорад ва дар тарафи дигар, Худованди ҷаббор.

Ӯ гумон накунад, ки бо мардум маҳруф тараф аст, балки Худованд ба ҳимоят аз маҳрумони бархоста ва аз ҳақққи онон дифоъ мекунад.

Худованд дар сураи Бақара, ояти 278 мефармояд:

یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَ ذَرُوا ما بَقِیَ مِنَ الرِّبا إِنْ كُنْتُمْ مُوْمِنِینَ

“Эй касоне ки имон овардаед! Тақвои илоҳи пеша кунед ва ончиро аз (мутолибот) рибо боқи монда аст раҳо кунед, агар имон доред.”

Дар ояти боло ба мафсадаи рибо ишора шуд, ки рибо фарду ҷомеаро аз таодул хориҷ ва ошуфта мекунад «یَتَخَبَّطُهُ الشَّیْطانُ»  ва равшан шуд ки рибо дар ҳақиқат кам шудан аст, не зиёд шудан «یَمْحَقُ اللَّهُ الرِّبا»ва акнун низ наҳй аз риборо сареҳан баён мекунад ذَرُوا ما بَقِیَ مِنَ الرِّبا»

Дар тафсири Маҷмаул баён, Алмизон ва Мароғи нақл шуда аст, ки вақте ояти таҳрими рибо нозил шуд, бархе аз саҳоба ҳамонанди Холид ибни Валид, Аббос ва .... аз мардум миқдоре талаб аз бобати рибо доштанд, онҳо дар мавриди талабкори худ, аз Паёмбар(с) касби таклиф карданд ва ин оят нозил шуд.

Паёмбар(с) баъд аз нузули ин оят фармуд: Аббос, амакии ман низ ҳаққи мутолибаи рибо надорад ва пеш аз ҳама, бояд хешони ман даст аз рибо бардоранд.

Ҳамчунин дар як хутбае фармуд: «و كل ربا فى الجاهلیة موضوع تحت قدمى هاتین و اول ربا اضع ربا العباس» тамоми рибоҳои муқаррар дар давраи ҷоҳилиятро зери пой меандозам ва аз ҳама пештар ки барои Аббос аст.

Дар ин оят Худованд афроди бо имонро мухотаб қарор дода ва барои таъкиди бештар дар масъалаи таҳрими рибо, мефармояд: “Эй касоне ки имон овардаед! Аз Худо бипарҳезед ва ончи аз рибо боқи монда раҳо кунед агар имон доред.” Ва ҷолиб инки ояти боло ҳам бо имон ба Худо шуруъ шуда ва аҳам бо имон хатм шуда аст. ва дар воқеъ таъкиде аст бар ин маъни ки рибохори бо руҳи имон созгор нест, бинобар ин ҳангоме имон барои онҳо ҳосил мешавад, ки тақворо пеша кунанд ва боқи мондаи рибо яъне мутолиботе ки дар ин замина дорандро раҳо созанд.

Паёмҳои ин оят:

1.   Рибохори, аз одоти замонаи ҷоҳилият буд ки мусулмонони садри ислом низ ба он олуда буданд. «یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا»، «ذَرُوا»

2.   Тақво, марҳилаи болотар аз имон аст. «یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ»

3.   Рибохор, молики баҳра намешавад ва ислом суди рабавиро ба расмият намешиносад. «ذَرُوا ما بَقِیَ مِنَ الرِّبا»

4.   Лозимаи имон ва тақво, сирфи назар кардан аз моли ҳаром аст.  «إِنْ كُنْتُمْ مُوْمِنِینَ»

Рибохори, ҷанг бо Худост

Худованд дар сураи Бақара ояти 279 мефармояд:

فَإِنْ لَمْ تَفْعَلُوا فَأْذَنُوا بِحَرْبٍ مِنَ اللَّهِ وَ رَسُولِهِ وَ إِنْ تُبْتُمْ فَلَكُمْ رُوُسُ أَمْوالِكُمْ لا تَظْلِمُونَ وَ لا تُظْلَمُونَ

“Пас агар чунин накардед, (бидонед ки) эълони ҷанг бо Худо ва расулаш додаед ва агар тавба кунед (асл) сармояҳои шумо аз они худатон аст. (ва дар ин сурат) не ситам мекунед ва не бар шумо ситам мешавад.”

Дар ин оят лаҳни суханро тағир дода ва пас аз андарзҳое, ки дар ояти пешин гузашт, ки бо шиддат бо рибохорон бархурд карда, ҳушдор медиҳад, ки агар ба кори худ аҳмчунин идома диҳанд ва дар баробари ҳаққ ва адолат таслим нашаванд ва ба макидани хуни мардум маҳрум машғул бошанд, Паёмбари Ислом(с) ночор аст бо тавассул ба ҷанг пеши онҳоро бигирад. Ин ҳамон ҷанге аст ки тибқи қонуни فَقاتِلُوا الَّتِی تَبْغِی حَتَّى تَفِی‏ءَ إِلى‏ أَمْرِ اللَّهِ бо гуруҳе ки мутаҷовиз аст пайкор кунед то ба фармони Худо гардан ниҳанд (Сураи Ҳуҷурот, ояти 9) анҷом мегирад.

Лизо дар ҳадисе мехонем ҳангоме ки имом Содиқ(а) шунид шахсе рибохори бо ниҳояти ҷуръат рибо мехурад ва номи онро Либо мениҳад. Фармуд: Агар даст бар ӯ ёбам, ӯро ба қатл мерасонам.

Ё вақте ба имом Содиқ(а) хабар доданд, ки фалони рибохор аст, фармуд: Агар қудрат медоштам гарданашро мезадам. Васоил, ҷ 12, саҳ 429.

Албатта аз ин ҳадис истифода мешавад, ки ҳукми қатл дар мавриди касоне аст ки мункири таҳрими рибо ҳастанд.

فاذنوا" аз модаи اذن"،  ҳаргоҳ бо лом мутаадди шавад ба маънии иҷоза додана ст ва ҳаргоҳ бо “бо” мутаадди гардад ба маънии илм ва огоҳи аст, бинобар ин "فَأْذَنُوا بِحَرْبٍ مِنَ اللَّهِ"  мафҳумат ин аст: Огоҳ бошед ки Худо ва расулаш бо шумо рибохорон, пайкор хоҳад кард ва дар воқеъ эъломи ҷанг аз сӯи Худо ва Расул(с) ба ин гуруҳ хира сар аст.

Паёмҳои ин оят:

1.   Рибохор, муҳориб бо Худост. Ӯ бояд бидонед ки дар ин ҷанг, дар як тарафи ӯ қарор дорад ва дар тарафи дигар, Худованди ҷаббор. «فَأْذَنُوا بِحَرْبٍ مِنَ اللَّهِ»

2.   Рибохори, гуноҳи кабира аст. Чун эъломи ҷанг бо Худованд аст. «بِحَرْبٍ مِنَ اللَّهِ»

3.   Рибохор, гумон накунад бо мардуми маҳрум тараф аст, балки Худованд ба ҳимоят аз маҳрумон бархоста ва аз ҳаққи онон дифоъ мекунад. «بِحَرْبٍ مِنَ اللَّهِ»

4.   Барои муҳорибин бо Худо низ роҳи тавба боз аст. «بِحَرْبٍ مِنَ اللَّهِ»، «وَ إِنْ تُبْتُمْ»

5.   Рибохор, танҳо молики асли мол аст, не баҳра ва суди он. «فَلَكُمْ رُوُسُ أَمْوالِكُمْ»

6.   Ба тавбакунандагон, набояд ба хотири хилофкориҳои пешин зулме шавад. Сарзаниши касоне ки қаблан хилофкор будаанд мамнуъ аст.  «فَإِنْ تُبْتُمْ»، «لا تَظْلِمُونَ وَ لا تُظْلَمُونَ»

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст