17 декабри 2023 сеюми ҷамоди-ул -аввали 1445 ҳиҷрии қамарӣ, ба ривояате  солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а), духтари гиромии Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамсари амири муъминон Алӣ ибни Абутолиб (рз) ва модари гиромии ҳазрати Имом Ҳасан (рз) ва Имом Ҳусайн (рз) аст.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а) дар бистуми ҷамоди-ул -аввали соли панҷуми беъсат дар Маккаи Мукаррама ба дунё омаданд. Ҳазрати Сиддиқаи Тоҳира Фотимаи Заҳро (с), ки аз кӯдакӣ таҳти роҳнамо‏‎ҳои падари бузургворашон бо маорифи олии илоҳӣ ошно ва тарбияат шуданд. Дар саросари зиндагии кӯтоҳ, вале пурбаракати худ аҳли тақво, садоқат, саховат, исор, гузашт, сабр, қаноат ва содазистӣ буд ва инсон‏‎ҳои бузург ва таърих‏‎созе ҳамчун Имом Ҳасан (рз) ва Имом Ҳусайн (рз) -ро дар домонашон парвариш доданд.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)  ба унвони мисдоқи ошкори истодагӣ, тақво ва покдоманӣ, нафақат барои занони мусулмон, балки барои ҳамаи занони олам улгу ҳастанд.
Ҳамаи торихнигорон ва арбоби ҳадис навиштаанд, ки Паёмбар (с) нисбат ба духтараш Фотима (рз) алоқаи аҷибе доштанд. Фотима(рз) назди Расули Худо(с) дорои фазоили фаровоне буд.
Равшан аст, ки алоқаи Паёмбар (с) танҳо ба хотири робитаи падарӣ ва фарзандӣ набуд, ҳарчанд ин отифа дар вуҷуди Паёмбар (с) мавҷ мезад, аммо таъбирот ва суханоне, ки он ҳазрат ҳангоми изҳори муҳаббат нисбат ба духтараш Фотима (рз) баён мекард, нишон медод, ки дар ин ҷо, меъёрҳои дигаре матраҳ аст:
 
Ин муҳаббат аз муҳаббатҳо ҷудост,
Ҳубби маҳбуби Худо, ҳубби Худост.
 
Аз миёни ривоёти фаровоне, ки дар ин замина расида, кофист фақат ба чанд то аз онҳо ишора кунем:
  1. Паёмбар Акрам (с) фармудаанд: “Нахустин касе ки дар биҳишт бар ман ворид мешавад, Фотима духтари Муҳаммад(с) аст.”[1]
  1. Ҳазрати Паёмбар(с) боз фармуданд: “Фотима сарвари занони аҳли биҳишт аст. ”[2]
  1. Дар Саҳеҳи Тирмизӣ аз забони Умм-ул-муъминин Оиша(рз) ривоят шудааст: “ «Ҳеҷ кас аз занон назди Расули Худо(с), маҳбубтар аз ҳазрати Фотима(рз) набуд». .”[3]
  1. Паёмбари Акрам (с) хитоб ба духтари гиромияш Фотимаи Заҳро (р) мефармояд: “Худованд ба хотири хашми ту хашмгин мешавад ва ба хотири ризои ту розӣ.”[4]
  1. Дар Саҳеҳи Бухорӣ чунин мехонем: Паёмбари Акрам (с) фармуд: “Фотима пораи тани ман аст, ҳар кас ӯро ба хашм оварад, маро ба хашм овардааст.”[5]
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), ки дар Қуръони Карим дар сураи Кавсар аз эшон ба номи Кавсар ба маънои хайру некии бисёр ёд шудааст. Ӯ пас аз 18 сол зиндагӣ бар асари зулмҳои фаровони ҳокимони вақт ва  ранҷу ғами вафоти падараш ҳазрати Муҳаммад (с) ба ривояте дар сеюми ҷамоди- ул сонии соли 11 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.
 
Фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с.а)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ва шумо ошиқони аҳли байти Паёмбари Акрам (с)
таслият мегӯем.
 
[1] Барои иттилои бештар ба китобҳое чун Канз-ул-уммол ва Мизон-ул-эътидол ва ғайри он руҷӯъ шавад.
 
[2] (Саҳеҳ Бухорӣ, китоби Фазоили асҳоби Набӣ, боби 31, ҳадиси 3767)
 
[3] Саҳеҳи Тирмизӣ, ҷ.5,саҳ614
 
[4] Саҳеҳи Бухорӣ, ҳ3714
 
[5] Саҳеҳи Бухорӣ, китоби “Бадъ-ул-халқ”.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст