Худованд дар Қуръон мефармояд:

« وَ قَالَ رَبُّكمُ ادْعُونى أَستَجِب لَكمْ [1]

Парвардигори шумо гуфта аст маро бихонед то (дуои) шуморо иҷобат кунам...”

Дар Қуръон ва ривоёт, дар бораи замон ва макони дуо таъкиди бисёр шуда аст. Ин замон ва макони муносиб, шомили мавориди зер мешавад:

Баъд аз намозҳои фарз ва байни ду намоз

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд:

من أدّی فریضهً فله عند الله دعوه مستجابه[2]

“Ҳар кас фаризае адо кунад, як дуои мустаҷобе назди Худо дорад.”

Дар ривояти дигаре низ омада аст:

الدعاء بين الصلاتين لا يرد[3]

“Дуои байни ду намоз рад намешавад.”

Ҳангоми боридани борон ва вазиши бод (шамол)

Имом Содиқ(а) мефармояд:

ثلاثة أوقات لا يُحجَب فيها الدعاء عن الله تعالى: في أثر المكتوبة، و عند نزول المطر، و ظهور آيةٍ معجزه لله في أرضه[4]

“Дар се вақт байни дуо ва Худо, ҳиҷоб ва монеъе нест (қабул мешавад): Баъд аз намози фарз ва ҳангоми боридани борон ва ҳангоми падид омадани муъҷизаи илоҳӣ дар замин.

Имом Содиқ(а) мефармояд:

أطلبوا الدعاء في أربع ساعاتٍ: عند هبوب الرياح، و زوال الأفياء و نزول المطر، ...، فإن أبواب السماء تفتّح عند هذه الأشياء"[5]

“Барои дуо чор замон биҷӯед: Ҳангоми вазидани бодҳо (шамолҳо) ва аз байн рафтани сояҳо (пеш аз ғуруби офтоб) ва ҳангоми боридани борон ва ... ; зеро дар ин вақтҳо дарҳои осмон гушода мешавад (дуо мустаҷоб мегардад.)”

Ҳангоми саҳар

Паёмбари Ислом(с) фармуд:

“Беҳтарин вақте, ки метавонед дар он Худои Мутаолро бихонед, саҳар аст; ва ин оятро, ки гуфтори  ҳазрати Яъқуб хитоб ба фарзандонаш аст, хонданд:

سوف استغفر لکم ربی[6]; “Базудӣ барои шумо аз Парвардигори худ омурзиш мехоҳам.”

Сипас дуо кардан барои онҳоро то вақти саҳар ба таъхир (ақиб) андохт.

Дархости фарзандони  ҳазрати Яъқуб(а) аз он ҳазрат, ҷиҳати талаби омурзиш низ,  метавонад нишондиҳандаи нақши дуокунандаро низ ба мо бирасонад.

Баъд аз тиловати Қуръон

Имом Алӣ(а) мефармояд:

إغْتَنِمُوا الدُّعاءَ عِنْدَ خَمْسَةِ مَواطِنَ: عِنْدَ قِرائَةِ الْقُرْآنِ، وَ عِنْدَ الاْذانِ، وَ عِنْدَ نُزُولِ الْغَيْثِ، وَ عِنْدَ الْتِقاءِ الصَفَّيْنِ لِلشَّهادَةِ، وَ عِنْدَ دَعْوَةِ الْمَظْلُومِ، فَاِنَّهُ لَيْسَ لَها حِجابٌ دوُنَ الْعَرْشِ.[7]

“Дуоро дар панҷ вақт ғанимат бишуморед: Ҳангоми хондани Қуръон ва ҳангоми азон ва ҳангоми боридани борон ва ҳангоми оғози ҷанг ва ҳангоме, ки мазлуме дуо мекунад; зеро барои дуои мазлум, ҳиҷобе ҷуз арши илоҳӣ нест (ҳатман мустаҷоб мешавад).”

Шаб ва рӯзи ҷумъа

Имом Боқир(а) мефармояд:

Худованди Мутаол, дар ҳар шаби ҷумъа аз болои арш аз аввал то охири шаб нидо медиҳад, ки оё бандаи муъмине барои дин ё дунёи худ маро мехонад, то ӯро иҷобат кунам ва оё бандаи муъмине ҳаст, ки қабл аз субҳ аз гуноҳонаш тавба кунад то тавбаи ӯро қабул кунам ва оё бандаи муъмине ҳаст, ки ризқи ӯ муқаддар шуда бошад, пас қабл аз субҳ шудан аз ман талаби зиёдии рӯзӣ кунад то рӯзии ӯро зиёд кунам ва бандаи муъмини беморе, ки пеш аз субҳ шудан аз ман талаби шифо кунад то ӯро офият бибахшам ва бандаи муъмини зиндоние, ки ғам дорад, пас озодии худро пеш аз субҳ шудан аз ман бихоҳад ва оё бандаи муъмини мазлуме ҳаст, ки пеш аз субҳ шудан аз ман бихоҳад то ӯро ёрӣ кунам.” Онгоҳ  ҳазрати Боқир(а) фармуд: “Ин садо то субҳ шудан идома дорад.” [8]

Аз Паёмбари Худо(с) нақл шуда аст:

إِنَّ يَوْمَ الْجُمُعَةِ سَيِّدُ الأَيَّامِ ، وَأَعْظَمُهَا عِنْدَ اللَّهِ ، وَهُوَ أَعْظَمُ عِنْدَ اللَّهِ مِنْ يَوْمِ الأَضْحَى وَيَوْمِ الْفِطْرِ ، فِيهِ خَمْسُ خِلالٍ : خَلَقَ اللَّهُ فِيهِ آدَمَ ، وَأَهْبَطَ اللَّهُ فِيهِ آدَمَ إِلَى الأَرْضِ ، وَفِيهِ تَوَفَّى اللَّهُ آدَمَ ، وَفِيهِ سَاعَةٌ لا يَسْأَلُ اللَّهَ فِيهَا الْعَبْدُ شَيْئًا إِلا أَعْطَاهُ ، مَا لَمْ يَسْأَلْ حَرَامًا[9]

“Ба дурустӣ, ки рӯзи ҷумъа шикори рӯзҳо ва бузургтарин назди Худованди Мутаол аст ва бузургтар аз иди фитр ва иди қурбон аст ва барои он панҷ хислат ворид шуда аст: Дар ин рӯз Худо Одам(а)-ро халқ кард ва дар ин рӯз Одам(а) ба замин фуруд омад ва дар ин рӯз Одам(а) вафот ёфт ва дар ин рӯз, соате аст, ки дар он банда ҳарчизе ки аз Худо бихоҳад, ба ӯ дода мешавад то замоне, ки дархости ҳаром накунад...”

Дар китобҳои ҳадисӣ низ замонҳои дигаре низ барои иҷобати дуо зикр шуда аст ва мо дар инҷо ба муҳимтарини онҳо ишора кардем.

Дуруст аст, ки ин шароити замонӣ ва маконӣ нақше дар иҷобати дуо доранд вале бояд инро дар назар бигирем, ки дар баъзе аз вақтҳо, ки дуои мо мустаҷоб намешавад сабабҳои дигаре аз ҷумла гуноҳ, ва сустӣ ва танбалӣ дар адои намоз ва... дорад.



[1] Сураи Ғофир, ояти 60.

[2] Биҳор, ҷ.82, саҳ.321.

[3] Биҳор, ҷ.90, саҳ.439.

[4] Биҳор, ҷ.90, саҳ.343.

[5] Биҳор, ҷ.90, саҳ.345.

[6] Сураи Юсуф, ояти 99.

[7] Биҳор, ҷ.90, саҳ.343.

[8] Муроқибот, саҳ.78.

[9] Иддатулдоъӣ, саҳ.46.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст