Мабъаси Паёмбар (с)

Эй уммати Ислом Салом!

Эй ҷавонони уммати Муҳаммад (с) ва Қуръон!

         Ҳар уммате, рӯзи таваллуде дорад ва ёдбуди ин таваллуд асари бузург дар нафс ва рӯҳи инсон мегузорад. Эй уммати Мусалмони бузург! Рӯзи мабъаси Пайғамбар (с) -ки нуқтаи пайванд ва муҳимме дар таърихи башарият аст- рӯзи вилодати ту ва фаҷру субҳи рушани дини бузурги ту аст; дине ки барояш мемири ва зинда мешавӣ; пас чи шойста аст акнун, ки бори дигар дар солрӯзи муқаддаси он қарор дорӣ ـ ба гузаштаи дурахшон аз ваҳйи худ бингари ва аз нури он ваҳй, машъал барафрози ва аз таърихи ҷиҳодат дар роҳи ҳаққу адолат, барои ҳифзи ин машъал, нерӯ бигир ва бо он ҷаҳони "зулмониро" равшан намой ва пас аз саргардонии ҷомеа дар торикиҳо, бори дигар дар партави он нур,ـ нури беъсат ва Пайғамбар (с) ـ зиндагиро дар ин ҷомеа барпо кун!...

         Ислом барои ҳамаи башарият масъалаи марг ва зиндагӣ аст .

      Башарият дер ё зуд, ба Ислом хоҳад расид; замоне ки ба шикасти таҷрибаҳое ки дар даврони дарозмудати умри худ, анҷом дода аст, имон биоварад; давроне ки дар пайи ёфтани зиндагӣ, пушти сар гузошта ва ҳамчунон ин давронро идома медиҳад, то ин ки дар ниҳоят дар соҳили Ислом, лангар меандозад. Пас шумо ـ эй мусалмонон- аввалин касоне бошед, ки дар ин соҳил лангар меандозанд ва ҷомеаи Исломиро барпо мекунанд; ҷомеае ки партавҳои адолат ва ҳақро бар ҳамаи ҷаҳон метобад ва муъҷизаеро ки башарият аз таҳақуқи он нотавон буд муҳаққақ месозад ва каромати фард ва ҳуқуқи ҷомеаро таъмин мекунад ва дар ин роҳ на озодӣ ва табиати фардро ва на зиндагӣ ва ҳаёту саодати ҷомеаро фадо мекунад.

      Иди мабъас бар тамоми башарият муборак бод.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст