Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Уммон дар дидорашон хостори иқдоми фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таваққуфи ҳамалот ва ҷиноёти режими Исроил бар зидди миллти мазлуми Фаластин шуданд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ва Бадр Ал-Бусаид ҳамтои Уммонии худ тайи дидоре дар Теҳрон мавзӯи Фаластин ва роҳҳои поён додан ба ҳамлаҳои режими Исроилро баррасӣ карданд.
 
Дар ин дидор мавзуи Фаластин ва роҳҳои поён додан ба таҷовузи ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза ва низ Каронаи Ғарбии Фаластин мавриди гуфтугӯ ва табодули назар қарор гирифт. Тарафайн дар хусуси тадовуми талошҳои муштарак дар сутуҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин таъкид карданд.
 
Амир Абдуллоҳиён шаҳодати беш аз 16 ҳазор шаҳрванди фаластинӣ тавассути режими саҳюнистӣ тайи 50 рӯзи ҳамалоти ваҳшиёнаи ин режим алайҳи Ғаззаро, нақзи тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои Женева ва намунаи наслкушӣ ва ҷинояти ҷангӣ донисту афзуд: “Мутаассифона даври ҷадиди ҳамалот алайҳи Ғазза пас аз таваққуфи 7 рӯзаи ахир низ бо ҳузури вазири хориҷаи Амрико дар кобинаи ҷанги режими саҳюнистӣ оғоз шуда, ки нишондиҳандаи нақши ҳимоятии ғайриқобили инкори давлати Амрико аз ҷинояти ҷангии саҳюнистҳо алайҳи шаҳрвандони фаластинӣ дар Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ мебошад”.
 
Вай зимни ташаккур аз мавозеи арзишманду қавии салтанати Уммон дар маҳкумияти ҷиноёти саҳюнистҳо ва ҳимоят аз миллати мазлум, муқовим ва сабури Фаластин хостори иқдоми муассири кишварҳои исломӣ ва низ ҷомеаи ҷаҳонӣ барои поён додани фаврӣ ба ҳамалоти низомии режими Исроил алайҳи Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ шуд. Ӯ ҳамчунин хостори рафъи комили муҳосираи Ғазза, кушодани гузаргоҳҳо, ирсоли кумакҳои фаврии инсондӯстона ва муқобила бо кӯчондани фаластиниён шуд.
 
Бадр Ал-Бусаид, вазири умури хориҷаи салтанати Уммон низ дар ин дидор гуфт: “Дидори ҷорӣ дар истимрори машваратҳои мустамари ду кишвар дар мавзуоти дуҷониба ва минтақавӣ ва байналмилалӣ бавижа дар иртибот бо масаълаи Фаластин аст.
 
Вазири умури хориҷаи Уммон бо маҳкум кардани ҷиноёти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ алайҳи миллати мазлуми Фаластин дар Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ, хостори иқдоми фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мутаваққиф кардани ҳамалоту ҷиноёти режими ишғолгари Исроил алайҳи миллати мусалмон ва мазлуми Фаластин шуд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст