Ба гузориши иттилоъ расонаи Навори Ғазза: Пас аз поёни замони оташбаси муваққат якҳафтаина, Исроил 1 Декабр бомдоди рӯзи ҷумъаи гузашта, боз бомбаборони Ғаззаро аз сар гирифт ва ҷангро оғоз кард. Ба гуфтаи Вазорати тандурстии Ғазза аз оғози ҷанг то ба ҳол дар ин 58 рӯз, дар бомбаборонҳои артиши Исроил, қариб 16 ҳазор занону кӯдакон ва сокинони ғайринизомии бепаноҳи Фаластин кушта шудаанд, беш аз 42 ҳазор нафар маҷрӯҳу маъюб ва 7 ҳазору 500 нафар низ бедарак шудаанд.
Рӯзона дар ин бомбаборони ваҳшиёнаи артиши Исроил беш аз 200 нафар занону кӯдакон ва шаҳрвандони ғайринизомии мазлум ва бепаноҳи Фаластин кушта мешаванд. Ин ҷиноятҳои бераҳмонаи артиши Исроил бо чароғи сабз ва ҳимоятҳои кишварҳои ғарбӣ ва ба хусус Амрико анҷом мегирад.
Кишварҳои минтақа ва кишварҳои исломӣ ва мардуми раҳмдили дунё бо лутфи Худо метавонанд якпорча бо ваҳдати худ мошини ҷангии режими саҳюнистии Исроилро аз куштори занону кӯдакони фаластинӣ мутаваққиф ва манъ кунанд.
 
Як мақоми Созмони миллали муттаҳид пас аз он ки артиши Исроил ҳамалоти худро дубора ба ҷануби Ғазза оғоз кард, аз ваҳшати он нигаронӣ кард.
Ҷеймс Элдер, корманди Агентии кӯдаконаи ЮНИСЕФ бемористони тиббии Носир дар Хон Юнисро “минтақаи ҷанг” тавсиф кард.
Ҷеймс Элдер ба расонаи ББC гуфтааст, ки вай дар наздикии бемористони Носир садои таркишҳои шадиди пайвастаро мешунавад ва кӯдакон бо захмҳои гуногун бистарӣ мешаванд.
    “Ман ба ин беморхона мунтазам мерафтам. Кӯдакон маро мешиносанд, ҳоло оилаҳо маро мешиносанд. Ҳамон одамон аз дасти ман мегиранд ё куртаамро гирифта мегӯянд, ки “лутфан моро ба ҷои амн баред. Дар куҷо бехатар аст?”, - мегӯяд Ҷеймс Элдер.
Ӯ гуфтаааст, мутаассифона, ба саволҳои онҳо ягона ҷавоб ин аст, ки ҷойи амн нест.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст