Касе дар дунёи мусалмонон вуҷуд надорад, ки Қорӣ Абдулбоситро нашиносад ё камаш овози дилнишини ӯ ба гӯшаш нарасида бошад.

Қорӣ Абдулбосити Абдуссамад соли 1927 дар Қино, минтақаи Саъид дар ҷануби Миср ба дунё омадааст.

Ӯ Қуръони каримро қабл аз даҳ солагияш дар назди устодаш Муҳаммад Салим аз худ намуд. Пас аз онки ҳифзи Қуръонро ба поён расонид дар назди ҳамон устодаш боз ба хондани қироати ҳафтгона шурӯъ намуд. Бинобар онки Абдулбосит овози хуш ва форам дошт устодаш ӯро ҳамроҳ бо худ ба маҳфилҳо мебурд, ки он замон ҳанӯз чордаҳ сола буд. Абдулбосит, ки акнун дар Саъид шӯҳрати худро ёфта буд дар соли 1950 ба пойтахти Миср шаҳри Қоҳира омад. Акнун, ки сабтҳои қироати Абулбосит ба тамоми кишварҳои араб ва мусалмон мерасид ӯро даъват мекарданд ва барои шунидани тиловаташ маҳфилҳо меоростанд. Сафарҳои ӯ берун аз кишварҳои мусалмонӣ низ сурат мегирифт, танҳо дар Амрико ба чордаҳ иёлоти он, ки марказҳои мусалмонон буд сафар карда тиловат намудааст. Чизи аз ҳама аҷибаш инки бо тиловати Қуръон афроди зиёдеро, ки аслан маънои Қуръонро намедонистанд мусалмон кард. пн хотиротро худаш чунин баён медорад:

«Ман ба чордаҳ иёлоти Амрико, ки дар онҳо марказҳои мусалмонон буд сафар кардам ва мусалмонони зиёде дар ин марказҳо буданд. Бо фазли Худо дар ҳама кишварҳо муваффақ будам. Танҳо дар Лос Анҷелес 6 кас пас аз шунидани тиловати Қуръони карим ислом оварданд. Дар Уганда бошад 92 кас пас аз шунидани Қуръони карим бо садои ман, ки ду маҷлис доштам: дар яке 72 каси аз онҳо ва боқӣ дар маҷлиси дуюм ислом оварданд. Ҳатто як хонум, ки барандаи телевизионӣ буду ҳамроҳи ман дар якчанд маҳфилҳо иштирок дошт, дар охирин рӯз хост дастамро бибӯсад ва ман напазируфтам. Ӯ тақозо кард ба Ҳаҷ биравад. Ба ӯ гандаиҳо гуфтам агар иҷозат бидиҳед бигзоред ин хонум имсол ба Ҳаҷ биравад. Пас аз он хост номашро тағйир диҳад, ман барояш номи Оминаро интихоб кардам. Дар ин сафарҳо на танҳо дар кишварҳои исломӣ ва арабӣ мусалмонон нисбат ба масоили қироати Қуръони карим таваҷҷӯҳ нишон медоданд, балки ҳатто бегонагон аз шунидани Қуръони карим лаззат мебурданд ва гоҳо ислом меоварданд»… . Ҳамаи муваффақиятҳое, ки насиби ман шуд ба ҳурмати оят ба оятҳои Қуръони карим аст, ки садои маро дар назари мардум дилнишин карда ва дар асл ин нуфузи каломи илоҳӣ аст, ки боиси рӯ овардани мардуми ғайри мусалмон ба сӯи пслом шудааст

ӯ рӯзи 30\10\1988 пас аз онки шӯҳраташ ба тамоми кишварҳои мусалмоннишин расида буд дар сини 61 солагӣ рӯҳашро ба парвардигораш таслим намуд.

Tojikon.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст