Бурҳони ҷаҳоншинохтӣ дар давраи ҷадиди фалсафаи ғарб дорои тақрирҳои ҷадиде гадид ки файласуфони чун Декорт ва Лойб Нитес шаклҳои ҷадиде аз онро баён мекунанд ва дар тақрир Декорт бар асли иллияти камол ва дар назди Лойт Нитес ба далели кофӣ ҷаҳон таъкид мегардад.

Аммо интиқодоти Конт ва Ҳиюм зарарҳои зиёдеро бар эътибори дидгоҳҳои онҳо ворид меоварад.

Дар фалсафаи исломӣ ин бурҳон бо номи бурҳони имкон ва вуҷуб дорои собиқаи тӯлоние аст ва аксари фалосифаи исломӣ тақрирҳое (баёнот) аз он доранд, дар ин мақола назари Ибни Сино бо назар ба имкони моҳувӣ, ва Маллосадро бо назари имкон ва фақри вуҷудӣ баррасӣ шуда ва имтиёзоти он нисбат ба дидоҳи ғарбиён мушаххас мешавад.

Нақдҳое бар бурҳони ҷаҳоншинохтӣ

Бурҳони ҷаҳоншинохтӣ аз сӯи баъзе файласуфони таҷрибии ғарб ва билахас Эком, Ҳиюм ва Конт мавриди нақдҳои ҷиддӣ қарор гирифт. Билём Эком, файласуфи мударриси қуруни вусто се пурсиши асосӣ дар бораи ин бурҳон матраҳ мекунад:

Аввалан ӯ мункири зарурати иллӣ дар таҷриба аст;

Дуввуман мункири ин аст, ки занҷираи номунтаҳӣ аз илал зотан муртабити ғайри мумкин бошад, яъне дар диди ӯ тасалсули илал зотан мумкин мебошад ва танҳо ва танҳо дар бораи илали феълан мавҷуди онро маҳол медонад, аммо дар бораи илал дар тӯли замон мумкин мебошад;

Севвуман иллият, ва билахас иллати фоилӣ, дар диди ӯ як амри таҷрибӣ аст яъне маълул дорои навъӣ ва вобастагӣ ба иллат аст, пас аз он ҷо ки зарурати иллӣ миёни иллат ва маълул вуҷуд надорад ва маълул комилан дар ҳастия ба иллат вобаста аст, наметавон як Худоро ба маънои мутлақ барои ҷаҳон исбот кард.

Аммо интиқоди Ҳиюм аз интиқоди Эком асоситар буд. Аз он ҷо ки хостгоҳи андешаи Ҳиюм таҷрибаи маҳз буд интиқодҳое ҳамки ба бурҳони ҷаҳоншинохтӣ ворид овард аз ҳамин рӯйкард буд. Ӯ дар нақдҳои худ таъқид дорад ки аввалн маълулҳои мутаноҳӣ, иллатҳои мутаноҳиро натиҷа медиҳанд, пас иллати ниҳоӣ ҷаҳон агарвоқеан вуҷуд дорад бояд иллияти мутаноҳӣ бошад зеро бояд байни иллат ва маълул таносуб барқарор бошад;

Дуввуман аз таҷриба, зарурати хориҷӣ қобили истехроҷ ва истинбот нест ва зарурате ки мӯътақидони бар воҷибулвуҷуд ҳамл мекунанд танҳо зарурати мантиқӣ аст на зарурати хориҷӣ;

Севвуман ҷаҳон ба унвони як кулл, ниёзе ба иллат надорад. Ҳарчанж аҷзои чунин ҳастанд. Ҷаҳон ба унвони як кул толиби иллате нест, фақат аҷзо ниёзманди иллат ҳастанд, зеро кул, худ аҷзоро табйин мекунад. Яъне асли далели кофӣ, фақат дар мавриди аҷзои дарунии олам корбурд дорад ва на дар бораи олам ба унвони кул. Аҷзо, мумкин ҳастанд ва кул воҷиб аст.

Иродоти Конт, ҳар чанд мутассир аз дидгоҳҳои Ҳиюм аст, аммо ҳам асоситарин ва ҳам дорои таъсири бештаре мебошад. Конт бурҳони ҷаҳоншинохтиро, мубтанӣ бар бурҳони вуҷудие медонад ки дар он маҳдудаи таҷриба барои касби мафҳуми воҷибулвуҷуд раҳо шуда аст ва ба маҳдудаи ғайри маҷоз хориҷ аз таҷриба қадам гузошта шудааст. Дар ҳоле ки ин пурсиш ва гузар барои ақл, ғайри муҷоз аст ва ӯро дучори таорузоти асосӣ мекунад. Дар воқеъ аз он ҷо ки Конт сармояҳои аслии шинохти одамиро баргирифта аз модда ва таҷриба медонад, гузар аз арсаи таҷрибаро бо ин хостгоҳи аввалия номумкин медонад. Илова бар ин, Конт зарурати мундариҷ дар бурҳони ҷаҳоншинохтиро бо танҳо як зарурати мантиқӣ медонад на зарурати вуҷудӣ, ва бар он аст, ки зарурати мантиқӣ, танҳо дар қазоёи зеҳнӣ аст ва иртиботе ба олами хориҷ аз зеҳн надорад, яъне танҳо як зарурати фикрӣ ва андешаӣ мебошад.

Нақди асосии Конт ба ин бурҳон тафкики зарурати зеҳнӣ аз зарурати вуҷудӣ ва хориҷӣ аст, яъне зарурати зеҳнӣ ки зарурати мантиқӣ низ аст фақат марбут ба ҳавзаи зеҳн ва дорои мантиқи мафоҳими зеҳнӣ аст ва лизо наметавон аз он зарурати хориҷӣ ва вуҷудиро ба даст овард. Ҳатто бо мулоҳизаи мукаррари вуҷуъи падидаҳои хориҷӣ ва шубаҳоти онҳо низ наметавон дар ҷаҳони хориҷ қоил ба чунин зарурате шуд, зеро такрори беш аз ҳад ди мавориди таҷриба наметавон заруратсоз гардад.

Аз сӯи дигар, Конт бо ҷудо намудани олам ба падидорҳо ва нопадидорҳо, ва эҷоди гусасти маърифатӣ ва ҳатто вуҷудӣ, воқеъиятро ба ду порае тақсим мекунад ки эҷоди пайванди маърифатӣ ё вуҷудӣ байни онҳо дар чорчӯби фалсафаи интиқодии Конт ва баъд аз он дучори мушкилоти асосӣ мегардад, ки дар ин ҷо мафҳуми воҷибулвуҷуд низ дар ҳавзаи нейманҳо аст ва ба воситаи адами шинохти инсон аз олами нопадидорҳо, ӯ наметавонад шинохтеро дар бораи мафҳуми воҷибулвуҷуд ба даст оварад. Лизо афби гирифтаи Конт бар бурҳони ҷаҳоншинохтӣ ин аси, ки ин бурҳон ба таври ғайри муҷоз фарз мегирад ки инсон метавонад аз як маълули воқеъ дар маҳдудаи падидор гузар карда ва иллате воқеъ дар маҳдудаи нопадидорро натиҷа бигирад. Ва ҳамин талоши ғақри муҷоз сабаби беэътибории бурҳони ҷаҳоншинохтӣ мегардад.

Ҳосили интиқодҳои Конт, Ҳиюм ва дигар файласуфони интиқодгири бурҳонҳои исботи вуҷуди Худо ва низ бурҳони ҷаҳоншинохтӣ бештар бар ин такя кардааст, ки аввалан мабонии аввалияи маърифатии мо аз олами таҷриба бармехезад дар ҳоле ки мафҳуми воҷибулвуҷуд, мафҳуме аст, ки далолат бар арсаи болои таҷриба дорад. Аз ин рӯ бо мавориди таҷрибӣ наметавон вуҷуди мавҷуди ғайритаҷрибиро далелнок сохт, дуввуман мафҳумҳо бар хоста аз иллият, чун зарурати иллӣ, мафҳумҳои зеҳнӣ ҳастанд ва танҳо аз назари зеҳнӣ дорои эътиюор ҳастанд, пас агар мо дар зеҳни худ мафҳуми воҷибулвуҷудро заруратан тасаввур кунем, ин мафҳум танҳо зарурати зеҳнӣ дорад ва дар хориҷ наметавон эътиборе чун заруратро барои он дар назар гирифт. Пас зарурати иллии мавриди назар дар бурҳони ҷаҳоншинохтӣ як зарурати барсохтаи зеҳнӣ мебошад ва воқеъияти берунӣ надорад.

Бурҳони имкон ва вуҷуб дар фалсафаи исломӣ

Бурҳони ҷаҳоншинохтӣ, дар ҷаҳони Ислом бо унони “Имкон ва вуҷуб” аввалинбор тавассути Ибни Сино матраҳ ва сипас тавассути файласуфоне чун: Хоҷанасир, Шайхи Ишроқ, Мирдомод, Муллосадро, Муллоҳодии Сабзаворӣ, Аллома Таботабоӣ ва шаҳид Мутаҳҳарӣ мавриди баррасиҳои гуогун қарор гирифт. Фарқи сайри ин бурҳон дар олами исломӣ бо ғарб дар он буд ки олами исломӣ талоши файласуфон дар ҷиҳати таҳкими он буд на интқод ва тазъифи он. Бинобар ин метаво гуфт яке аз беҳтарин бурҳонҳои ақлии исботи вуҷуди Худо дар фалсафаи исломӣ, ҳамон бурҳони имкон ва вуҷуб аст.

Ҳаракати Ибни Сино барои исботи Худо аз тариқи ин бурҳон дар марҳилаи аввал тақсими мавҷуд ба моҳият ва вуҷуд аст, яъне инсон бо назар ба мавҷуде ғайр аз Худо, ба ду воқеъият дар ӯ пай мебарад, яке вуҷуд ва ҳастии он, ва дигаре моҳият ва чистӣ ё чигунагии ҳастии он, ва низ метавонад ба ин воқеъят огоҳ шавад ки дар мавҷудот, моҳияти онҳо ғайр аз вуҷуди онҳо аст. Бо муқоисаи моҳият ва вуҷуд метавон фаҳмид ки моҳият баёнгари наҳв ва чигунагии ҳастии маҷудот аст, яъне он ба мавҷудоте тааллуқ дорад ки дар ҳастии худ дорои навъе маҳдудият ва нақс ҳастанд ва аз ҳамин рӯ метавон мавҷудотеро тасаввур кард ки зоти ӯ вуҷуди маҳс аст ва ҳеч моҳияте дар ӯ нест.

Ҳол вижагие ки дар диди Ибни Сино ва дигар фалосифаи Машшои исломӣ дар зоти мавҷуди мумкини моҳиятдор наҳуфта аст ҳамон тасовӣ ва баробарии он нисбат ба вуҷуд ва адам аст. Дар ҳоле ки мо, дар ҷаҳони ҳастӣ мавҷудоти зиёдеро мушоҳида мекунем ки дар айни ин ки зотан мумкин ҳастанд аммо дар олами хориҷ дорои таҳақуқ шудаанд, ки ин нишондиҳандаи он аст, ки омил ва фоиле онҳоро аз ҳолати лоиқтизоият ва нестӣ хориҷ карда ва либоси вуҷуд бар тани онҳо пғшонда аст, пас воқеъияти амр баёнгари ниёзмандии мавҷуди мумкини моҳиятдор ба иллат мебошад то ӯро ба арсаи ҳастӣ дароварад.

Ибни Сино дар Ишорот бар ин таъкид дорад ки силсила илали мумкинот хоҳ мутаноҳӣ ва хоҳ номутаноҳӣ мӯҳтоҷи иллате ҳастанд зеро он иллати хориҷӣ дар тарафи силсила аст на васати он, ки метавонад воҷибулвуҷуд бошад.

Пас дар бурҳони Ибни Сино, барои исботи воҷибулвуҷуд таваҷҷӯҳ ба воқеъияти мавҷудоти хориҷӣ кифоят мекунд на фарзи ақлӣ ва зеҳнии он, яъне таваҷҷӯҳ ӣа ин воқеъият ки дар ҷҳони хориҷ мавҷудоте таҳаққуқ доранд ва дар ҳастии худ воҷиб нестанд, яъне мавҷудоте мумкин ва дорои моҳият ҳастанд, пас ин мавҷудоти мумкини ҳастшаванда бояд тавассути иллате эҷод шуда бошад. Ҳол дарёфтани иллати ин мавҷудот чи силсилаи мутаноҳиро тай кунем чи ғайри мутаноҳиро, бояд ба иллате мерасем ки он худ воҷибулвуҷуди базот аст, ки ин мавҷудоти мумкини ба зотро вуҷуби ба ғайр додааст ва низ чорае аз вуҷуди худи он воҷиби ба зот нест зеро ин мумкинҳо дорои ҳастӣ шудаанд.

Бинобар ин баёни Ибни Сино аз бурҳони имкон ва вуҷуб бо баёни файласуфони ғарбӣ мутаассир аз дидгоҳи ӯ, мисли Томас Аквинос фарқ дорад, зеро дар диди Ибни Сино мелоки ниёзмандии маълул ба иллат дар зоти он пинҳон аст, ки ҳамон моҳиятдор будари он аст. Лизо маълул ҳамвора ба иллат ниёзманд аст ва ҳатто бо таҳаққуқи хориҷӣ, ниёзи ӯ ба иллат бартараф намешавад, пас иллият дар назари Ибни Сино иллияти томма аст, дар ҳоле ки ба назар мерасад дар баёни Томас аз ин бурҳон, иллият дар маънои шуморида шуда ва таҷрибӣ аст. Лизо метавон гуфт мелоки ниёзмадии маълул ба иллат дар ҳудуси замонии он аст, ки ин бо дидгоҳи мутакаллимони исломӣ наздикии бештар дорад. Пас баёноти Ибни Синоӣ, ниёзмандии маълул ба иллат дар зоти маълул аст, ки ҳамон имкони моҳувии он мебошад ва то замоне ки маълул дорои имкони моҳувӣ аст ниёзи ӯ аз байн намеравад ва ин робитаи зотӣ барқарор аст.

Ҷамъбандӣ

Бурҳони ҷаҳоншинохтӣ, ба воситаи ин ки аз навъи бурҳонҳои пасинӣ ва баъд аз таҷриба ҳастанд барои зеҳн, ошнотар ва қобили ламс ба назар мерасад ва метавонад барои исботи Худо мақбулияти бештареро ба даст оварад, зеро истидлолот бакор рафта дар ин бурҳон қобили итлоқ ба олами таҷриба мебошад ва лизо беҳтар метавонад мавриди фаҳм ва қабул воқеъ гардад. Илоҷа бар ин истифода аз воқеъияте чун ҳаракат, ҳудус, имкон ва ниёзмандӣ, иллият ва ғайра ки дар хориҷ таҳаққуқи билфеъл доранд, метавонад айнияти бештаре ба бурҳони ҷаҳоншинохтӣ бубахшад.

Ба назар мерасад табйини фалосифаи исломӣ билаас Ибни Сино ва сипас Муллосадро аз бурҳони ҷаҳоншинохтӣ дар қолаби бурҳони имкон ва вуҷуб, муносибтар ва маъқултар аз фалосифаи ғарбӣ бошад, зеро дар фалсафаи исломӣ бар асоси усусли ақлонии маҳз, иллият ва ниёзмандӣ ва ҳатто асли ҳастӣ воқеъияти хориҷии мавриди баррасӣ қарор мегирад дар ҳоле ки дар фалсафи ғарбӣ баъзе мабонии таҷрибӣ дахолат доранд ва иллияти он низ комилан маҳз ва ақлонии сирфнест. Аз ин рӯ метавон гуфт дар бурҳонҳои ҷаҳоншинохтии ғарбӣ ба вижа Лойб Нитес вуҷуди Худованд барои олами исбот мешавад, чаро ки аҷзои олам метавонанд якдигарро табйин кунанд, вале бурҳони имкон ва вуҷуб дар фалсафи исломӣ, вуҷуди Худованд барои ҳар як аз аҷзои олам низ нозир аст. Дар ҳоле ки дар бурҳони ҷаҳоншинохтӣ, ин рубубият танҳо ба кулли олам нозир аст.

Манобеъ:

1.Гислер, Нермен (1384) фалсафаи дин, тарҷумаи доктор Ҳамидрозо Оятуллоҳӣ, саҳ. 241.

2.Ҳамон, саҳ. 278 ва 279, ва низ Kant? Ammanel (1969), Critique of pure Reason Translated by Norman kemp smith, Newyork:st.Martins press,1969,p 606.

3. Ибни Сино (1375), тарҷумаи доктор Ҳасани Малакшоҳӣ, саҳ. 2549.

4. Ибни Сино, Илоҳиёти наҷот, тарҷумаи доктор Ясрибӣ, саҳ. 143 ва 144.

5. Ҷаводии Омулӣ, Табйини бароҳини исботи вуҷуди Худо, саҳ.163 ва 182.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст