Мусобиқаи саросари ҳифзи Қуръони Карим дар сатҳи мактабҳои Эфиопия дар митақаи Ҳарари ин кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузори байналмилалии Қуръон (Икно), ин мусобиқа бо ҳамкори анҷумани “Хидмат ба китобуллоҳ”-и Эфиопия ва бо назорати анҷуманҳои ҷаҳони ҳифзи Қуръон баргузор шуд ва 94 нафар аз донишомӯзон дар он ширкат карданд.

Ҳифзи кулли Қуръон, ҳифзи 20 ҷузъ, 10 ҷузъ ва 5 ҷузъ аз риштаҳои мухталифи ин рақобат буд ва кумитаи довари ташкилшуда аз 5 нафар буд ва бар мусобиқа назорат мекарданд.

Ширкаткунандагон дар мусобиқа бо баргузори маросиме таҷлил шуданд ва дар ин маросим ҷоизаҳое ба бартаринҳо эҳдо шуд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст