Намоишгоҳи “Паёмбари мо(с)” барои аввалин бор бо ҳадафи нишон додани зиндаги ҳазрати Расули Акрам(с) дирӯз 21 октябр дар Доҳа пойтахти Қатар ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузори байналмилалии Қуръон (Икно), Иброҳим Фахру, бони намоишгоҳ гуфт: Ин аввалин бор аст ки намоишгоҳе дар мавриди ҳазрати Муҳаммад(с) дар Қатар баргузор мешавад.

Вай афзуд: Ин намоишгоҳ аз ин пас ба сурати солона дар нуқтаҳои мухталиф барои мардуми мухталиф баргузор хоҳад шуд.

Дар ин намоишгоҳ, қисматҳои муҳимми зиндаги ҳазрати Муҳаммад(с) аз ҷумла даврони паёмбарии ишон дар шаҳри Мадинаи Мунаввара тасвир шуда аст.

Дар бахше аз он, роҳе ки Паёмбар(с) барои расидан ба Мадина тай карданд ва манзили Абуайюби Ансори ки мизбони Паёмбар(с) ба ҳангоми вурудашон ба Мадина буд, дар шаклҳое ба намоиш гузошта шуда аст.

Ҳамчунин Масҷидун Наби(с) дар садри ислом ва ҳамчунин замоне ки Масҷидул Ақсо дар Қудс қиблаи мусулмонон буд ва низ замоне ки ҷиҳати қибла ба Макка тағир кард, ба намоиш гузошта шуда аст.

Филмҳои мустанаде дар мавриди Макка ва низ филмҳое дар мавриди марҳилаҳои ибтидои ҳиҷрати Паёмбар(с) ба Мадина ва мароҳили сохти Масҷидун Наби(с) дар ин намоишгоҳ ба боздидкунандагон нишон дода мешавад.

Ҳамчунин филмҳое дар мавриди ҷангҳои Бадру Хандақ, вафоти Паёмбар(с), маҳалли дафни он ҳазрат ва пайравонаш дар ин намоишгоҳ ироа шуда аст.

Фахру гуфт: Макетҳои Макка, Мадина, хонаи Паёмбар(с) ва Масҷидун Наби(с) ҷузви бахшҳои ҷаззоби ин намоишгоҳ аст. Бархе аз қаламҳо ба намоиш даромада ҷузви маҷмуаи шахсии Паёмбар(с) буда аст ва макетҳо низ дар Мадина сохта ва ба Доҳа мунтақил шуда аст.

Вай афзуд: Дар ин намоишгоҳ коршиносон ба тавзеҳ дар мавриди зиндагии ҳазрати Муҳаммад(с) барои боздидкунандагон мепардозанд.

Ин намоишгоҳ то рӯзи 27 ноябр идома дорад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст