Эҳтиром ба волидайн аз ҷумла умури дини аст ки дар мувафақияти дунё ва охирати ҳар инсоне таъсири басазое дорад.

Ҳақиқатан агар касе натавонад аз дари меҳрварзи ва неки ба падару модар, худро ба дохили биҳишти барин бияндозад ва ба василаи дуои холисонаи онҳо масири муваффақиятро тай кунад, ончунон хору залил хоҳад шуд ки гуӣ ҳеҷ гоҳ ранги хушбахтиро нахоҳад дид.

Пешрафти илми ва таҳсили ва муваффақ шудан дар кор аз ҷумла аҳдофи баланди инсони аст ки ҳар шахсе дар зеҳни худ ба он фикр мекунад ва барои он барномарези мекунад. Бисёре аз касон тайи дипломҳои таҳсилиро дар аҳами барномаҳои худ қарор медиҳанд ва бархе орзу доранд ва бо пуштикор ва талоше сарвати қобили таваҷҷуҳе ба даст биёваранд ҳатто бархе аз ҷавонон орзу доранд ки зиндаги хонаводаги ором ва муваффақеро дар оянда таҷриба кунанд; барои расидан ба ҳар кадом аз ин қуллаҳо лавозим ва бистарсзиҳои хоссе лозим аст; ба унвони намуна донишҷуе ки ҳадафи худро расидан ба ҷойгоҳи илми болотар қарор медиҳад мутмаинан соати зиёде мутолиа дар зиндаги вай аз авлавият барухрдор аст ё ҷавоне ки ба дунболи сарват аст доштани пуштикор ва талоши зиёд дар кор, дар зиндаги вай авлавият дорад.

Аммо воқеият он аст ки бисёре аз омилҳои муваффақият модди нестанд ва бархе бо талош карданҳои бисёре боз роҳ ба ҷон намебаранд ва бархе дигар барои онҳо бистарҳои муваффақият ба роҳати фароҳам мешавад. Мардум номи ин илал ва осебҳои муваффақиятро ки гоҳ ғайри модди аст шонс меноманд ва бо таъбири инки шахси хуш шонс ё бадшонс аст илали ғайри қобили пешбини муваффақият афродро таҳлил ва барраси мекунанд.

Ончи ҳақиқат дорад он аст ки омиле ба номи шонс ва тасодуф вуҷуд надорд; балки метавон аз он ба унвони маслиҳат ва ё бозгашти корҳо неку баде ки дар гузашта анҷом додадем ёд кард.

Аз ҷумла илали ғайри модди дар касби мувафақияти ризояти падару модар аст. Навҷавонон ва ҷавонон замоне ки бурно мешавнад ва сини булуғро пушти сар мегузоранд фаромуш мекунанд ки эҳтиром ба волидайн ва касби ризояти онон ҷузви вазифаҳои дини ва ахлоқи ҳар фарди муъмине аст то онҷо ки робитаи мустақиме бо муваффақият ва оқибат ба хайри афрод дорад. Бисёре аз гиреҳҳое ки дар зиндаги мо вуҷуд дорад ва дар истилоҳ бо дари баста ру ба рӯ шуда аст бо дуои хайри падару модар ва ризояти онон қобили ҳалл аст.

Имом Содиқ(а) нақл кардаанд ки Расули Худо(с) фармуда аст: Чаҳор кас ҳастанд ки дуои онҳо баргашт надорад то онки дарҳои осмон боз шаванд ва ба арш бирасанд: Дуои падар барои фарзанди худ, нафрини мазлум ба касе ки ба ӯ ситам карда аст, умра кунанда то ба ватан баргардад ва рӯзадор то вақте ифтор кунад.

Ҳақиқатан агар касе натавонад аз дари меҳраварзи ва неки ба падару модар, худро ба дохили биҳишти барин бияндозад ва ба василаи дуои холисонаи онҳо роҳи муваффақиятро тай кунад, он чунон хору залил хоҳад шуд ки гуё ҳеҷ гоҳ ранги хушбахтиро нахоҳад дид. Чнуин касе ҳамонанди фарди бе ақле аст ки бар сари суфраи пур неъмате менишинад ва аз ҳеҷ яе хурокҳои рангоранд ва хуш таъми он намехурад.

Бинобар ин падари некукоре ки дар ҳаққи фарзандаш дуо мекунад дуояш бурди зиёде хоҳад дошт. Намунаи ошкори ин масъалаи дуои ҳазрати Иброҳим(а) аст ки пас аз дарёфти мақоми баланди имомат аз Худованд хост то ин мақомро ба фарзандонаш ҳам ато кунад. (сураи Бақара, ояти 24.) Худованд низ ба поси заҳматҳои фаровони ин паёмбари воло мақом дуои падаронаи ӯро қабул кард ва гули сар сабади паёмбаронро дар насли ӯ қарор дод. Ончунон ки Паёмбари Бузургвори Ислом(с) фармуд: «أَنَا دَعْوَةُ أَبِی إِبْرَاهِیمَ

Ман (истиҷобати) дуои падарам Иброҳим ҳастам.

Албатта ба назар мерасад ки дар ҳадиси боло танҳо дуои падар нест ва ин масъалаи шомили дуои модар низ мешавад. Чаро ки агар дар гуфтаҳои Расули Худо(с) чарх бизанем дар хоҳем ёфт ки меҳрварзи ва неки ба модар на танҳо аз муҳаббат ва эҳсон ба падар камтар нест балки арзиш ва ҷойгоҳат волотар ва таъсирот ва паёмадҳояш афзунтар аз он аст.

Имом Зайналобидин(а) мефармояд: Марде хидмати Паёмбари Худо(с) омад ва ба ишон арз кард: Ҳеҷ кори зиште нест ки накарда бошам ва ҳеҷ гуноҳе нест ки муртакиби он нашуда бошам. Оё роҳи тавба ва бозгашт бароям вуҷуд дорад? Паёмбари Худо(с) дар ҷавоб ба ӯ фармуд: «فهَل مِن والِدَیکَ أحَدٌ حَیٌّ؟»؛ Оё аз падару модарат касе зинда ҳаст? Ӯ ҷавоб дод: Бале, падарам. Ҳазрат фармуд: Бирав ва ба ӯ неки кун. Имом Зайналобидин(а) дар идома мефармояд: Ҳангоме ки он мард рафт Паёмбари Худо(с) фармуд: لَو کانَت اُمُّهُ!»

Кош модараш мебуд.

Бинобар ин метавон чунин натиҷа гирифт ки нафси модар ва дуои хари ӯ низ дар арши илоҳӣ чизе аз дуои падар дар ҳаққи фарзандонаш кам надорад ва агар беш аз он набошад ҳадди ақал ҳамон гирои ва короиро хоҳад дошт.

Иллати муассири ғайри модди дар муваффақият

Дуои падару модар барои фарзанд аз ҷумла илали ғайи модди аст ки сабаби муваффақият ҷавонон дар тамоми шууни зиндаги мешавад, аммо мутаассифона ҷавонон ба ин мафҳуми муҳим бетаваҷҷуҳ ҳастанд ва бо тундхуи на танҳо аз дуои хайри волидайн бе баҳра мемонанд, балки мутаасифона мавриди хашми онон низ воқеъ мешаванд. Дар ҳадисҳои исломи таъкиди ба сазое бар эҳтиррм ба волидайн ва дури кардан аз хашму нафрини онҳо шуда аст то онҷо ки имом Содиқ(а) мефармояд: Бипарҳез аз нафрини падар ки аз шамшер буррандатар аст.

Саволи асли ин аст ки чаро мо ҷавонон эҳтироми кофи ва шоистае барои волидайни худ қоил нестем? Дар ҳангоми нороҳати ва асабоният ба роҳати рафторҳои хашин ва номуносиб нишон медиҳем ва мутаассифона гоҳ дар афкори худ равия ва равиши онон дар гузаштаро ба бутаи нақд мекашем ва худро муҳиқ медонем ва бинобар ин эҳсос ҳаққе ки дар худ иҷод кардаем рафторе комилан талабкорона ва ба дур аз инсоф дорем?

Воқеияти он аст ки бисёре аз мо бо ҷойгоҳи воқеи волидайн дар дин на танҳо ошно нестем балки хеле вақтҳо ба иллати ғафлат ва рузмарраги онро аз ёд мебарем. Муҳол аст ки фарде иддаи диндори буданро дошта бошад аммо нисбат ба волидайни худ бо беэҳтироми ва бетаваҷҷуҳи рафтор кунад; чаро ки Паёмбари Ислом(с) афродеро ки ҳаққи волидайни хешро поймол мекарданд ба шидат мавриди итоб қарор медоданд.

Ҷойгоҳи волидайн дар Қуръон ва ҳадисҳо бисёр боло ва қобили тааммул аст ва муҳаббат ва ҷалби ризояти онон таъсири шигирфе дар оқибаи ба хайри ва ҷалби муҳаббати Паёмбар(с) дорад. Бинобар ин аз ҷанбаи ақли беҳтарин ва аввалин гом барои ҳаракат дар роҳи касби ризояти волидайн он аст ки нисбат ба азамати ҷойгоҳи онон дар дин маърифат пайдо кунем.

Аҳамияти ин масъала дар фарҳанги Қуръон он чунон воло аст ки Худованд билофосила пас аз муҳимтарин дастури худ ба башар, фармони ба арҷ ниҳодан ба ҷойгоҳи волидайнро содир мекунад. Барои намуна дар ояти 36 сураи Нисо мехонем:

«وَ اعْبُدُوا اللَّهَ وَ لا تُشْرِکُوا بِهِ شَیْئاً وَ بِالْوالِدَیْنِ إِحْساناً ...»؛

Ва Худоро бипарастед! Ва ҳеҷ чизеро ҳамтои ӯ қарор надиҳед! Ва ба падару модар, неки кунед.

Бинобар ин пур возеҳ аст ки дар дастгоҳи илоҳӣ ҷойгоҳи волидайн дар болотарин ва арзишмандтарин ҷойгоҳҳо қарор дорад ва Худованд мақом ва манзилати падару модар аҳамияти вижае дода аст. Ба ҳамин хотир аст ки Худованд дархости онҳоро пазиро аст ва дуои ишонро дар ҳаққи фарзандонашон дар авлавияти истиҷобат қарор медиҳад. Гуё ки дуои волидайнро бо сареътарин чиз ба арш мебаранд ва дар онҷо агар монеи ҷидди вуҷуд надошта бо сурате ҳар чи тамомтар ба ҳадафи истиҷобат мерасонанд.

Бинобар ин инсони тез ҳуш ва нуктасанҷ касе аст ки аз ин роҳи миёнбур беҳтарин истифодаро дошат бошад ва худро дар рудхонаи пурсуръати дуои волидайн бияндозад. Аз сӯи диагр, бечора ва бадбахт ва бе дасту по касе аст ки натавонад аз ин оби равоне ки Худованд дар дастраси бештари мардум гузошта аст истифодаи шоистае дошта бошад. Аз Паёмбар(с) дар ин бора нақл шуда аст ки фармуд:

«رَغِمَ أَنْفُ رَجُلٍ أَدْرَکَ أَبَوَیْهِ عِنْدَ الْکِبَرِ فَلَمْ یُدْخِلَاهُ الْجَنَّة.»(

Хор бодо (ва хок бар бини) он кас ки падару модараш назди ӯ пир шаванд ва ӯро ба биҳишт набаранд.

Бале, ҳақиқатан агар касе натавонад аз меҳраварзи ва неки ба падару модар, худро бадохили биҳишти барин бияндозад ва ба василаи дуои холисонаи онҳо роҳи муваффақиятро тай кунад, ончунон хор ва залил хоҳад шуд ки гуё ҳеҷ гоҳ ранги хушбахтиро нахоҳад дид.

Бинобар ин шоиста он аст ки дили волидайнро чунон ба даст оварем ки дуои хайрашон аб сурати худ ҷуш умқи қалбашон шомили ҳоламон шавад ва хайри оқибатро бароямон тазмин намояд. Албатта бояд дар назар дошт ки дар мавқеи сахти ва дармондаги ҳам яке аз беҳтарин роҳҳо барои раҳои аз гирифториҳо ва мушкилоти рӯзмара, дуои он ду гули хушбу аст. Камтар касе аст ки дар дунёи имрӯз мушкиле надошат боашд ва дучори сахти ва гирифтори набошад. Пас бояд ҳамеша ин калиди мушкилгушоро дар даст доштв аба он таваҷҷуҳе намуд. Ҳатто онон ки волидайнашон ба сарои боқи шитофтаанд ва ҳам акнунд аз ин неъмти хуби Худо маҳрум ҳастанд низ метавонанд бо фиристодани беҳтарин ҳадяҳо ба он дунё аз дуои онон баҳраманд шаванд.

Ҳадисҳое дар бораи неки кардан ба падару модар

Паёмбари Акрам(с) фармуд: Нисбат ба падару модар некӯкор бош то подошти ту биҳишт бошад вале агар оқи онҳо шави ҷаҳаннами хоҳи буд.

Имом Ризо(а) фармуд: Неки ба падару модар воҷиб ва лозим аст агарчи мушрик ва кофир бошанд, вале дар маъсияти Худо набояд итоаташон кард.

Имом Козим(а) фармуд: Марде аз Паёмбари Худо(с) савол кард: Ҳаққи падар бар фарзанд чист? Ҳазрат фармуд: 1.Ӯро бо ном садо накунад. 2.Дар роҳ рафтан аз ӯ пеши нагирад. 3.Пеш аз ӯ нанишинад. 4.Коре анҷом надиҳад ки мардум падарашро носазо гуянд.

Имом Боқир(а) фармуд: Дар се чиз Худованди Мутаол ба аҳадде иҷозаи тарки онҳоро надода аст: 1.Адои амонат ба марди некукор ва фосиқ. 2.Вафои ба аҳду паймон нисбат ба некукор ва фосиқ. 3. Неки ба падару модар, неку кор бошанд ё фосиқ ва бе банду бор.

Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: Касе ки падару модари хешро ғамгин созад оққи волидайн шуда аст.

Имом Ҳоди(а) фармуд: Нофармони (фарзанд аз падару модар) маъсияти нодидагон аст.

Паёмбари Акрам(с) фармуд: Касе ки дастури илоҳиро дар мавриди падару модар итоат кунад, ду дар аз биҳишт ба руяш боз хоҳад шуд, агар фармони Худоро дар мавриди яке аз онҳо анҷом диҳад як дар гушуда мешавад.

Паёмбари Акрам(с) фармуд: Бандае ки мутиъи падару модар ва Парвардигораш бошад, рӯзи қиёмат дар болотарин ҷойгоҳ аст.

Паёмбари Акрам(с) фармуд: Касе ки ба нияти падару модараш ҳаҷҷ анҷом диҳад ё қарзҳои онҳоро бипардозад Худованд ӯро дар рӯзи қиёмат бо некон бар меангезад.

Паёмбари Акрам(с) фармуд:

Онки падару модарашро хушнуд кунад, Худоро хушнуд карда аст ва касе ки падару модари худро ба хашм оварад, Худоро ба хашм оварда аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст