Яке аз бузургтарин фазилатҳои ахлоқи ки дар Қуръони Карим ва ҳадисҳо мавриди таъкиди фаровон қарор гирифта аст, масъалаи афв ва гузашт аст.

Қуръони Карим дар яке аз оёт дар бораи афв мефармояд:

«الَذِینَ ینْفِقُونَ فِی السَراءِ وَ الضَراءِ وَ الْكاظِمِینَ الْغَیظَ وَ الْعافِینَ عَنِ الناسِ»

Касоне ки аз моли худ ба фақирон дар ҳоли вусъат ва тангдасти инфоқ мекунанд ва хашму ғазаб фуру менишонанд ва аз бадии мардум дар мегузаранд. Оли Имрон, ояти 134.

Мо агар бихоҳем Худованд аз гуноҳонамон даргузарада, бояд нисбат ба дигарон афв ва гузашт дошта бошем:

«وَ لْیعْفُوا وَ لْیصْفَحُوا اَ لاتُحِبُونَ اَنْ یغْفِرَ اللهُ لَكُمْ»

Ва бояд афв кунанд ва гузашт намоянд. Магар дӯст надоред ки Худо бар шумо бибахшояд?. Фуссилат, ояти 34.

1.Рушди ахлоқи ва маънавӣ

Ҳар дилхурие ки байни мо ва дигарон пеш меояд, фурсате барои бузуртар шудан ва ислоҳи ахлоқиамон аст. Мудирияти отифаҳо ва табдили таҳдидҳо ба фурсат, боис мешавад мо гоҳе бо як бахиши, марҳилаҳое аз рушдро ба як бора сипари кунем.

Ҳазрати Алӣ(к) дар бораи роҳи такмили фазилатҳо мефармояд:

«کن عفوا فی قدرتک، جواداً فی عسرتک، موثراً مع فاقتک، بکمل لک الفضل

Замоне ки қудрат дори гузашт пеша кун ва ҳангоми тангдасти бахшанда ва дар айни ниёзманди исоргар бош, то фазли ту ба камол расад.

Асосан Худованди Мутаол зиндаги дунёро тавре рақам зада аст то ин итифоқҳо ва тазодҳо пеш биёяд ва заминаи рушди инсонҳо фароҳам шавад. Иддае бибахшанд ва боло бираванд ва иддае ҳам интиқом бигиранд ва кучактар аз ончи қаблан буданд, бишаванд. Инсон дар ибтидои кудаки дигаре асбоббозии ӯро таконе бидиҳад, ашку нолаи ӯ дар меояд ё агар кудаке даст ба бадани ӯ бигузорад, зуд дар садади муқобила ба мисл бармеояд. Аммо бино аст ки шахсияти ӯ бузург шавад ва зарфияти бештаре пайдо кунад то ҷое ки корҳои Худои кунад ва монанди Набии Мукаррами Ислом(с) ки раҳматул лил оламин буданд, оламеро сари суфраи гузашт ва бахшиши худ биншонад. Дар ин роҳ иддае бузург мешаванд ва иддае ҳам фақат қофияи бузуртарҳоро пайдо мекунанд.

Бале, бояд аз ҳар бархурд ва тазодҳое ки пеш меояд то манро асабони кунад ва даруни манро ба ҳам бирезад ва манро кучактар аз қабл кунад, фурсате барои рушд ва такомули дуруст кунем.

2.Гузашт ва ислоҳи умур

Дар мутолиаи таърих ба чангҳои бархурд мекунем ки тайи он ҳазорон нафар моҳҳо бо ҳам меҷангидаанд ва ҳазорон нафар ҳам кушта мешуданд. Чи фарзандоне ки дар ин ҷангҳо ятим мешуданд ва чи заноне ки бе сарпараст мемонданд. Вақте иллати ба вуҷуд омадани ин ҷангҳоро барраси мекунем, мебинем ки аз як даргири сода байни ду тараф шуруъ шуда ва ба мурур ба низои қавми ва қабилаи табдил шуда аст. Мутаассифона ҳанӯз дар гушаву канор, ин иттифоқоти ҷоҳилона ва мутааллиқ ба асри ғорнишиниро мебинем.

Дар ҳоле ки агар яке аз ду тарафи даргири, гузашт менамуд, ҷарақа барои тавлиди як оташи муҳиб ва бузург тавлид намешуд. Афв ва гузашт боис мешавад пеши даргириро гирифт.

Афв ва гузашт боиси ислоҳи қалбҳо ва бартараф шудани кинаҳо ва адоватҳо мешавад. Бахшиш боиси шарманда шудан ва сар афкандаги тарафи муқобил мегардад; чунон ки Қуръони Азим мефармояд:

و لا تستوی الحسنة و لا السیئة ادفع بالتی هی احسن فاذا الّذی بینک و بینه عداوة کانه ولی حمیم و ما یلقاها الا الّذین صبروا و ما یلقاها الّا ذو حظ عظیم:[2]

Хуби ва бади баробар нестанд ҳамвора ба некутарин ваҷҳе посух деҳ, то касе ки миёни ту ва ӯ душмани аст, чун дӯсти меҳрубони ту гардад. Бархурдор нашаванд аз ин (руҳия) магар касоне ки шикебо бошанд ва касоне ки аз имон баҳраи бузург дошта бошанд.

Расули Худо(с) фармуданд:

«تعافوا تسقط الضّغائن بینکم

Ҳамдигарро бибахшед то кинаҳо аз дилҳоятон бар тараф гардад.

Имом Зайналобидин(а) низ мефармоянд:

Аммо ҳаққи касе ки аз ҷониби ӯ бо сухан ё амал ба ту баде расида ин аст ки агар бадии ӯ амди бошад, гузашт аз ӯ барои ту беҳтар аст; зеро ин гузашт мавҷиби мунсариф шудани он шахс аз бади кардан ва адаб шудани ӯ мешавад.

Инсони хатокор маъмулан баъд аз хато дучори азоби виҷдон мешавад. Шумо ки мебахшед, ӯ шармандатар мешавад то охири умр эҳсоси шуморо фаромуш намекунад.

Дар муқобил, ҳар гуна интиқом боиси тавлиди кина дар дили тарафи муқобил шуда аст ва ӯро барои бархурди бузургтар ва дардовартар таҳрик мекунад.

3.Гузашт ва касби тақво

Худованд дар Қуръон мефармояд:

و ان تعفوا اقرب للتّقوی

Агар шумо гузашт кунед, ба парҳезгори наздиктар аст.

Бар асоси ин оят, яке аз осори бахшиш, наздики шудан ба тақво аст. Дар тафсири Маҷмаул баён дар тавзеҳи ин оят мехонем:

Наздик будани бахшиш ба тақво аз ду ҷиҳат аст:

1.Касе ки аз ҳаққи худ мегузарад ва онро мебахшад, қатъан ҳаққи дигареро ба ситам намегирад. Бинобар ин гузашт ба тақво наздиктар аст дар инҷо шахс, тақвое дар муқобили дигарон дорад.

2.Касе ки аз ҳаққи қонуни ва шаръи худ сарфи назар мекунад, наздиктар аст ки нофармони ва гуноҳи Худо накунад ва ончиро моли ӯ нест нагирад. Дар инҷо шахси бахшанда, тақвое дар баробари фармони илоҳӣ дорад.

4.Гузашт ва раҳмати илоҳӣ

Мо дар зиндаги дунёи ва ҳаёти бепоёни охирати, эҳтиёҷи амиқе ба анвои раҳматҳо ва меҳрубониҳои Худованд дорем. Бидуни раҳмати Худо ҳазорон мушкили модди ва маънави, дунёи ва охирати суроғи мо хоҳад омад ва моро ҳалок хоҳад кард. Басту нашри раҳмати илоҳи ҳам қонунҳо ва қоидаҳои хосси ба худро дорад ва бидуни далел нест. Яке аз роҳҳои ҷалби раҳмати илоҳӣ, бахшиш ва гузашти дигарон аст. Ӯ бандаҳои худро дӯст дорад ва ҳаргуна лутф ба бандагонашро лутф ба худ медонад ва дар садади ҷуброн бар меояд. Аз ин рӯ ҳаргоҳ бубинад инсоне аз хато ва лағзиши бандаи ӯ мегузарад, дар садади ташаккур ва ҷуброн бар меояд ва раҳмати хоссро шомили ҳоли ӯ мекунад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст