Набии Мукаррами Ислом(с) фармуданд: Касе ки дилаш мехоҳад умраш тулони шавад ва рӯзиаш гушода ва густарда гардад, бояд ба падару модараш неки кунад, чун расидаги ба онон, таоти ҳақ маҳсуб мегардад.

Силаи раҳим

Раҳим касе аст ки бо инсон пайванди хуни дорад, мисли падару модар ва бародару хоҳар ва амаки ва амма ва фарзанди онҳо, сила бо раҳим ба маънои пайванд бо касоне аст ки бо инсон хешованди насаби доранд, не хешованде сабаби ва силаи дар баробари қатъ аст ки Қуръон аз он сухан гуфта аст: یَقطعونَ ما أمرَ اللهُ بهِ أن یوصَل сураи Бақара, ояти 27

Онҳо пайвандҳоеро ки Худо дастур дода барқарор созанд, қатъ мекунанд.

Гарчи бисёре аз муфассирон ин оятро нозир ба хусуси қатъ раҳим ва буридани робитаи хешованди донистаанд, вале диққат дар мафҳуми оят нишон медиҳад ки маъни васеътар ва умумитаре дорад ки масъалаи қатъи раҳим яке аз мисдоқҳои он аст.

Дар ояти дигаре аз қатъи раҳим ба таври сареҳ сухан гуфта шуда аст:  « فهَل عَسَیتم أن توَلیتم ان تفسِدوا فی الأرض و تقطعوا أرحامَکمсураи Муҳаммад, ояти 22

Пас агар аз Худо ва Паёмбар(с) руй гардон шавед оё аз шумо ин интизор меравад ки дар замин фасод кунед ва қатъи раҳим намоед?

Ба далели ин оят ва ҳадисҳои дигаре ки дар ин боб вуҷуд дорад уламо силаи раҳимро воҷиб ва қатъи раҳимро гуноҳи кабира медонанд. Дар раъси силаи раҳим, сила бо падару модар аст ки аз ҳама наздиктарад.

Дуо барои хешовандон, зиёрат ба ниёбати онҳо, садақа додан барои саломатияшон ва кумаки моли ва ҷони ва забони дар гирифториҳои онҳо, дидори гоҳу бегоҳ, дидоре ки барои онҳо заҳмат ва озор ба бор наёварад балки хушҳолашон кунад, мавориди дигаре аз сила аст.

Паёмбари Худо(с) фармуд:

من سرّه أن یمدّ له فى عمره ویبسط فى رزقه‏ فلیصل أبویه فإنّ صلتهما طاعة اللَّه

Касе ки дилаш мехоҳад умраш тулони шавад ва рузиаш фарох ва густарда гардад, бояд ба падару модараш неки кунад, чун расидаги ба онон, тоати ҳақ маҳсуб мегардад.

Дар порае аз ҳадисҳо ишорае ба навъҳое аз силаи раҳим вуҷуд дорад. Аз ҷумла: Аз имом Содиқ(а) нақл кардаанд ки фармуд:

صِل رَحِمَک و لو بشَربَةٍ مِن ماء و أفضلَ ما یوصَلُ به الرّحِم کفّ الأذی عنها»؛

Бо хешовандони хеш, ҳатто бо ҷуръае аз об пайванди барқарор кун ва албатта беҳтарин навъи силаи раҳим ин аст ки озореро аз ишон дур куни.

Ё аз Расули Худо(с) нақл мекунанд ки фармуд: صِلوا أرحامَکم و لو بالسّلام

Бо арҳоматон пайванд барқарор кунед ҳар чанд бо як салом кардан бошад.

Ин ҷуръаи об ё салом намунаҳое аз пайванд ва сила бо хешовандон аст.

Дуо барои хешовандон, зиёрат ба ниёбати онҳо, садақа додан барои саломатиашон ва кумаки моли ва ҷони ва забони дар гирифториҳои онҳо, дидори гоҳу бегоҳ, дидоре ки барои онҳо заҳмат ва озор ба бор наёварад балки хушҳолашон кунад, мавориди дигаре аз сила аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст