Масъулони ҳаҷҷи Арабистон дар ҳоли барраси тарҳи мамнуъ кардани ҳузури кудакони зери 10 сол дар маросими ҳаҷ ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузори байналмилалии Қуръон (Икно), тарҳи мамнуъ кардани кудакони зери 10 сол дар маросими ҳаҷ дар нишасти ахири мудирони ниҳодҳои зиёрати ва вазорати ҳаҷҷи Арабистон матраҳ шуд.

Рӯзномаи Алватани Арабистон бо эъломи ин хабар навишт: Ҳанӯз тасмими қатъи гирифта нашуда аст аммо барасиҳо дар ин маврид идома дорад.

Масъулони вазорати ҳаҷҷи Арабистон унвон кардаанд ки кудакон мумкин аст ба далели гармои ҳаво ба вижа тобистон ва низ зичии ҷамъият бо мушкилоти зиёде ру ба ру шаванд.

Моҳи зилҳиҷҷа низ рафта рафта ба фасли тобистон рост меояд ки ҳавои Макка ва Мадина ба беш аз 40 градус мерасад.

Тарҳи мамнуъияти ҳузури кудакони зери 10 сол дар маросими ҳаҷҷ пас аз анҷоми баррасиҳои аввалия ба шурои олии уламои Арабистон барои тасмимгирии ниҳони фиристода мешавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст