Волиайн ва фарзандон ҳар як ҳуқуқи мутақобил бар ҳам доранд ки адабу ахлоқ ҳукм мекунад то ҳар ду нисбат ба риояти он эҳтимом дошта бошанд.

Дар гуфтори неку аз имом Козим(а) ба чанд ҳаққи падар бар фаразнд ишора шуда аст ки мутаасисфона хеле аз фарзандон бадон таваҷҷуҳ ва ё кам таваҷҷуҳанд.

Гарчи отифаҳои инсони ва масъалаи ҳақшиноси ба танҳои барои риояти эҳтиром дар баробари волидайн кофи аст, вале аз онҷо ки ислом ҳатто дар масоиле ки ақл дар он истиқлоли комил дорад ва ҳам отифа онро ба вузуҳ дар меёбад, сукут раво намедорад. Балки ба унвони таъкид дар ин гуна маворид ҳам дастуроти лозимро содир мекунад. Дар мавриди эҳтироми волидайн он қадар таъкид карда ст ки дар камтар масъала дида мешавад.

Ба унвони намуна ба чанд қисмат ишора мекунем:

1.Дар чаҳор сура аз Қуръони Маҷид неки ба волидайн билофосила баъд аз масъалаи тавҳид қарор гирифта аст, ин ҳам радиф будани ду масъала баёнгари ин аст ки ислом то чи ҳад барои волидайн эҳтиром қоил аст.

Дар сураи Бақара ояти 83 мехонем: (لا تعبدون الاالله و باالوالدین احسانا)

Дар сураи Нисо ояти 36 мехонем: (وعبدواالله ولا تشرکوا به شیئا و باالولدین احسانا)

Дар сураи Анъом ояти 151 мехонем: (الا تشرکوا به شیئا و بالوالدین احسانا)

Дар сураи Исро ояти 23 мехонем: (وقضی ربک ان لا تعبدوا الا ایاه و بالوالدین احسانا)

2.Аҳамияти ин мавзуъ то он поя аст ки ҳам Қуръон ва ҳар ҳадисҳо сареҳан тавсея мекунанд ки ҳатто ба волидайн агар чи кофир бошанд риояти эҳтиромашон лозим аст.Сураи Луқмон ояти 15.

3.Шукргузори дар баробари волидайн дар Қуръони Маҷид дар баробар дар радифи шукргузори бар неъматҳои Худо қарор дода аст, ин далел бар умқу вусъати ҳуқуқи волидайн аст. Сураи Луқмон ояти 14.

Дар Қуръон ҳатто камтарин беэҳтиромиро бар волидайн ки уфф аст, иҷоза надода аст. Сураи Аҳқоф, ояти 17.

Агар волидайн бо фарзанд тунди карданд, фарзандон ҳаққи кучактарин тавҳинро надоранд.

Дар Қуръони Карим дар сураи Исро ояти 23 мехонем:

«وَقَضَى رَبُّکَ أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ إِیَّاهُ وَبِالْوَالِدَیْنِ إِحْسَانًا إِمَّا یَبْلُغَنَّ عِندَکَ الْکِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ کِلاَهُمَا فَلاَ تَقُل لَّهُمَآ أُفٍّ وَلاَ تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا کَرِیمًا.»

Парвардигорат муқаррар дошт ки ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар неки кунед. Ҳаргоҳ яке аз он ду ӯ ҳар ду дар назди ту ба пири расиданд, ба онон уфф магу ва ононро аз худ марон ва бо онон санҷида ва бузургворона сухан бигу.

Марде аз падараш назди Паёмбар(с) шикоят кард ва ҳазрат падарро хост. Падари пир гуфт: Рӯзе ки ман қави ва ғани будам ба фарзандам кумак мекардам, аммо имрӯз ки ӯ соҳиби сарват шуда аст ба ман кумак намекунад. Расули Худо(с) гирист ва ба он фарзанд фармуд: «انت و مالک لابیک؛ ту ва дороиат аз они падарат ҳастед.

Паёмҳои оят

Хидматиу эҳсон ба падару модар, аз авсофи муваҳҳиони воқеи аст. (أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ إِیَّاهُ وَبِالْوَالِدَیْنِ إِحْسَانًا)

Эҳсон ба волидайн, афзун бар онки як вазифаи инсони аст, воҷиби шаръи аст: َقضَی رَبُّکَ ... وَبِالْوَالِدَیْنِ إِحْسَانًا)

Дар эҳсон ба волидайн, мусулмон будани онҳо шарт нест. (بِالْوَالِدَیْنِ إِحْسَانًا)

Саъй кунем неки ба падру модарро бе восита ва ба дасти худ анҷом диҳем.  بِالْوَالِدَیْنِ إِحْسَانًا)

Падару модари солимандеро ба осоишгоҳ набарем, балки назди худ нигаҳ дорем. (یَبْلُغَنَّ عِندَکَ الْکِبَرَ)

Ҳам эҳсон дар амал лозим аст, ҳам сухани зебо дар гуфтор. َبِالْوَالِدَیْنِ إِحْسَانًا ... قُل لَّهُمَا قَوْلًا کَرِیمًا)

Дар эҳсон ба волидайн ва қавли каримона, шарти муқобила наёмада аст; яъне агар онон ҳам бо ту каримона бархурд накарданд, ту каримона сухан бигу: (وقُل لَّهُمَا قَوْلًا کَرِیمًا)

Дар Қуръони Карим сураи Исро ояти 24 мехонем:

«وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ وَقُل رَّبِّ ارْحَمْهُمَا کَمَا رَبَّیَانِی صَغِیرًا.»

Ва аз рӯи меҳрубони ва лутф, боли тавозуъи хешро барои онон фуруд овар ва бигу, Парвардигоро, бар он ду раҳмат овар, ҳамонгуна ки маро дар кудаки тарбият карданд.

Паёмҳои оят

Фарзанд дар ҳар мавқеияте ки ҳаст бояд мутавозеъ ва камолоти худро ба рухи волидайн накашад. (واخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ)

Тавозуъ дар баробари волидайн бояд аз рӯи меҳру муҳаббат бошад, не тазоҳур ва риё:  (وَاخْفِضْ لَهُمَا ...من الرَّحْمَةِ)

Дар даврони ҳаёт ва пас аз марги волидайн, бояд барои онон аз Худо талаби раҳмат кард: (وَقُل رَّبِّ ارْحَمْهُمَا)

(رَّبِّ ارْحَمْهُمَا کَمَا رَبَّیَانِی)  Гуё адои ҳаққи онон аз уҳдаи фарзанд хориҷ аст ва танҳо раҳмати Худованд метавонад ононро ҷуброн кунад.

Ранҷҳо ва сахтиҳои даврони кудаки ва хурдсолиро ки волидайн таҳаммул кардаанд аз ёд набарем. (کَمَا رَبَّیَانِی صَغِیرًا)

Ҳаққи падар бар фарзанд

Расули Худо(с) дар ҷавоб ба савол аз ҳаққи падар бар фарзандаш фармуд: Ӯро бо ном садо назанед, пеш аз ӯ роҳ наравед, пеш аз ӯ нанишинед ва барояш дашном нахаред.

Фарзанд ва дорои ӯ аз они падари ӯст

Расули Худо(с) ба марде ки аз падари худ назди он ҳазрат ба шикоят омада буд фармуд: Туву дороиат аз они падарат ҳастед. Канзулуммол, ҳадиси 45932.

Расули Худо(с) марде ба ишон арз кард: Ман барои худам молу аёле дорам ва падарам низ барои худаш молу аёле дорад ва ҳоло мехоҳад амволи манро бигирад, фармуд: Ҳам худат ва ҳам амволат аз они падарат ҳастед.

Неки ба падар ва модар ҳарчанд ки бад бошанд

Имом Боқир(а) фармуда аст: Се чиз аст ки Худованди азза ва ҷалл дар бораи ҳеҷ як аз онҳо иҷозаи мухолифат надода аст. баргардонадани асонат ба соҳибаш нек бошад ё бад, вафои ба аҳди неку бад ва неки ба итоат аз падару модар, нек бошад ё бад.

Имом Ризо(а) фармуда аст: Неки ба итоат аз падару модар воҷиб аст агарчи мушрик бошад. Вале дар маъсияти холиқ аз онон набояд итоат кард.

Имом Содиқ(а) ба марде ки падараш мухолифи ӯ буд фармуд: Бо онон хушрафтори кун ҳамонгуна ки бо мусулмонон дустдори мо хушрафтори мекуни.

Болотарин ҳаққе ки волидайн бар фарзанди худ дорад ҳаққи итоат аст

Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: Ҳаққи падар бар фарзанд ин аст ки дар ҳар чизе ҷуз маъсияти Худованд, ӯро итоат кунад.

Ин ҳукм ихтисос ба шариати осмони, яъне ислом надорад, балки дар тамоми шариатҳои осмони ба он таъкид шуда аст. Қуръони Маҷид эҳсон ба волидайнро ҷузъи паймонҳои вазоифи Бани Исроил шумурда аст:

(Ёд овар) замонеро ки аз Бани Исроил паймон гирифтем ки ҷуз Худованди ягонаро парастиш накунед ва ба падару модар неки кунед. Сураи Бақара, ояти 83.

Яъне манзур ин аст ки дар тамоми шариатҳои осмони неки ба падару модарро ҷузъи воҷибот яъне ҳамрадифи итоат аз худ гуфта аст Худованди бахшандаи меҳрубон ва Паёмбари хотам(с).

Дар ҳадисе Расули Худо(с) фармуд: Ҳар кас зиёрат кунад қабри падару модарашро дар рӯзи ҷумъа ё дар шаби он ё қабри яке аз падару модарро, барояш ҳаҷҷи некуе навишта мешавад.

Маҳбубтарин корҳо назди Худованд

Ба нақл аз Ибни Масъуд: Паёмбари Худо(с) дар ҷавоб ба саволи ман аз маҳбубтарин корҳо назди Худованди Мутаол фармуд: Намози ба вақт, арз кардам: Сипас чи? Фармуд: Неки ба падару модар.

Паёмбари Худо(с) фармуд ба марде ки нази ишон омаду арз кард: Омадаам то бо шумо дасти байъат диҳам, аммо вақте меомадам падару модарам гиря мекарданд, фармуд: Назди онон баргард ва онҳоро хушҳол ва хандон соз ҳамонгуна ки бо омаданат гирёнашон карди.

Имом Ризо(а) фармуданд: Худованди азза ва ҷалл ... сипосгузори аз худу падару модарро фармон дода аст, пас ҳар ки ки аз падару модараш сипосгузори накунад, аз Худованди Мутаол сипосгузори накарда аст.

Эҳсон ба волидайн дар ҳадисҳо

Подоши нигоҳ ба волидайн аз рӯи муҳаббат, ҳаҷҷи мақбул аст; ризояти он ду; ризои илоҳи ва хашми онон хашми Худост; эҳсон ба падару модар умрро тулони мекунад ва сабаб мешавад ки фарзандон низ ба мо эҳсон кунанд. Дар ҳадисҳо омада аст: Ҳаргиз ба онон уф нагу, хира нигоҳ макун, даст ба рӯи онон баланд макун, пештар аз онон роҳ марав, ононро бо ном садо назан, коре макун ки мардум ба онон дашном диҳанд, пеш аз онон манишин ва пеш аз он ки аз ту чизе бихоҳанд ба онон кумак кун.

Марде модарашро ба душ гирифта, даври хонаи Худо тавоф медод, Паёмбар(с)-ро дар ҳамон ҳол дид, пурсид: Оё ҳаққи модарамро адо кардам? Фармуд: Ҳатто ҳаққи яке аз ранҷҳои даврони бордори ва зоймони ӯро адо накардаӣ

Аз Паёмбари Акрам(с) савол шуд: Оё пас аз марг ҳам роҳе барои эҳсон ба волидайн ҳаст? Фармуд: Бале, бо намоз хондан барои онон, истиғфор барояшон, вафо ба тааҳҳудоташон, пардохти қарзҳояшон ва эҳтиром ба дустонашон.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст