Ҳабдаҳумин давраи намоишгоҳи байналмилалии солонаи китоби исломи дар Ҳиндустон, 18 октябр дар маркази фарҳангии исломи Деҳли нав, пойтахти ин кишвар ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Қуръон (Икно), дар ин намоишгоҳ китобҳои исломи аз кишварҳои мухталиф аз ҷумла, Малайзия, Покистон, Сингапур, Шри Ланка, Лубнон ва ... ироа шуда аст.

Имсол барои аввалин бор китобҳои исломи чопи кишвари Бруней низ арза мешавад.

Дар ин намоишгоҳ илова бар китобҳои исломи ба забонҳои мухталиф, василаҳо ва абзорҳои электроники мавриди ниёзи мусулмонҳо низ арза шуда аст ки аз он ҷумла метавон ба соатҳои азонгу ишора кард.

Ҳабдаҳумин намоишгоҳи байналмилалии китоби исломи Ҳиндустон то 27 октябр идома дорад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст