Ҳаққе ки падару модар бар гардани фарзандон доранд ба ҳеҷ ваҷҳ барои фарзандон қобили адо кардан нест. Зеро ҳуқуи волидайн бисёр бештар аз он ҳадде аст ки тавассути фарзандон қобили адо кардан бошад ба ҳамин хотир дар ҳадисҳои гуногуне дорем ки чун наметавонед ҳуқуқи волидайнро адо кунед ба ҳамин хотир эҳсон ва неки ба волидайн кунед.

Дар ҳадисе аз имом Зайналобидин(а) ҳаққи модар ин чунин баён шуда аст:

Ва аммо ҳаққи модарат бар ту, ин аст ки бидони ӯ туро дар ҷое ҳамл карда аст ки ҳеҷ кас, дигареро ҳамл намекунад ва аз меваи дилаш ба ту дод ки аҳаде ба дигаре намедиҳад ва туро бо тамоми аъзояш ҳифз кард ва аҳамияте намедод ки худ гурусна бошад, аммо ту сер боши ва худ ташна бошад аммо туро сероб кунад ва худ бараҳна бошад аммо туро бипушонад ва худ зери офтоб бошад аммо туро соя афканад ва ба хотири ту хобро бар худ ҳаром кунад ва аз гармо ва сармо нигоҳат дорад, то туро дошта боашд ва аз даст надиҳад. Бинобар ин ту ҷуз бо кумаку тавфиқи илоҳӣ, аз паси қадрдонии ӯ бар намеоӣ.

Ҳаққи падарро фаромӯш макун!

Ва дар ҷои дигар ҳаққи падарро ингуна баён медорад:

Аммо ҳақи падарт, ин аст ки бидони ӯ аслу решаи туст; зеро агар ӯ набуд ту ҳам набуди, пас ҳар хислати хешованди ки дар худ диди бидон ки манша ва реши он неъмат дар вуҷуди падарат мебошад. Бинобар ин Худойро биситой ва барои он неъмат аз падарат сипосгузор бош.

Эҳсос ба волидайн дар баробари ҳаққи онон бар мо!

Ҳақе ки падару модар бар гардани фарзандон доранд ба ҳеҷ ваҷҳ барои фарзандон қобили адо кардан нест. Зеро ҳуқуқи волидайн бисёр бештар аз он ҳадде аст ки тавассути фарзандон қобили адо кардан бошад ба ҳамин хотир дар ҳадисҳои гуногуне дорем ки чун наметавонед ҳуқуқи волидайнро адо кунед ба ҳамин хотир эҳсон ва неки ба волидайн кунед.

Дар ҳадисе аз имом Ризо(а) дорем ки ҳазрат фармуд: Худованд нофармони падару модарро аз ин ҷиҳат ҳаром фармуда аст ки мавҷиби аз даст додани тавфиқи итоати Худованд ва беэҳтироми ба падар ва модар ва носипоси неъмат аз байн рафтани шукр ва сипосгузори ва кам шудани наслу қатъ шудани он мешавад.

Камтарин беэҳтироми мамнуъ!

Ҳуқуқи падру модар он қадар азим аст ки дар ҳадисе аз имом Содиқ(а) омада аст ки: Камтарин беэҳтироми ба падару модар уфф гуфтан аст ва агар Худованди азза ва ҷалл чизе камтар аз он суроғ дошт, бегумон аз он наҳй мекард.

Дилгармиро аз падару модар нагирем

Падару модар барои фарзанд он қадар заҳмат мекашанд ки шоистагии бештарин хидматҳо ва некиҳо аз тарафи фарзандонро дошта бошанд; ва ин меҳрубониҳо ва некиҳо ва кумакҳост ки падару модарро дилгарм мекунад то соҳиби фарзанд шаванд ва тамоми мушкилоти онҳоро таҳаммул кунанд ва дар мавқее ки фарзандон ниёз доранд ниёзҳои онҳоро аз ҳар ҷиҳате фароҳам кунанд. Вале агар фарзандон мавқее ки бузург шуданд ва ва падару модар ба кумаку муҳабби онҳо ниёз доштанд фарзандон ҳар кадом роҳи худро кашида ва бираванд ва бар ниёзҳои падару модар эътиное накунанд ва ин кам таваҷҷуҳи ва бе муҳаббати нисбат ба падару модар дар ҷомеа шоеъ шавад дар ин сурат аст ки ҳеҷ зану шавҳаре ба худ ҷуръат намедиҳад ки соҳиби фарзанд шавад ва ӯро бо заҳмати фаровон бузург кунанд ва мавқее ки бузург шуд ба дунболи зиндагии худаш биравад ва падару модарро ба ҳоли худ раҳо кунад ва ба ниёзҳои онҳо аслан таваҷҷуҳ накунад.

Дигар падару модар ангезаи тавлиди наслу тарбияти онҳоро нахоҳад дошт ва агар дар ҷомеае чунин руҳияе ҳоким шавад ба суръат наслҳо мунқариз мешавад ва агар баччае ҳам мутаваллид шавад бе падару модар хоҳад монд ва натиҷа ва оқибати чунин фарзанде ки бидуни меҳри модар ва муҳаббати падаре рушд карда бошад, равшан аст. Чун тибқи натиҷаҳои худи ҷомеашиносони ғарби бештари ҷурму ҷиноятҳо ва фаҳшҳоро ин фарзандони беҳувият анҷом медиҳанд ва агар ҷомеае ба чунин масъалае дучор шавад ҳеҷ қонун ё суннате қодир нахоҳад буд дигар ниҳоди хонаводаро мустаҳкам ва ҷомеаро аз бадбахтиҳо наҷот диҳад.

Нофармони аз волидайн ҳаром аст

Дар ҳадисе аз имом Ризо(а) дорем ки фармуд: Худованд нофармони падару модарро аз ин ҷиҳат ҳаром фармуда аст ки мавҷиби аз даст додани тавфиқи итоати Худованди азза ва ҷалл ва беэҳтироми ба падару модар ва носипоси неъмат ва аз байн рафтани шукр ва сипосгузори ва кам шудани наслу қатъ шудани он мешавад; зеро нофармони волидайн сабаб мегардад ки ба падару модар эҳтиром гузошта нашавад, ҳаққу ҳуқуқи онҳо шинохта нашавад, пайвандҳои хешованди қатъ гардад, падару модар ба доштани фарзанд берағбат шаванд ва ба иллати неки накардан ва фармон набурдани фарзанд аз падар ва модар, онон низ кори тарбияти ӯро раҳо созанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст