Сабр дошта бош, таҳаммул кун, дуруст мешавад, инҳо ҷумлаҳое ҳастанд ки вақте аз мушкилот ба бузургтарҳо шикоят мекунем ба мо мегуянд, сабр ва таҳаммул вожаи ғарибае нестанд аммо ҷилваи онҳо дар зиндагиҳои имрӯз кам шуда аст.

Зану шавҳарҳо, волидайн ва фарзандон, мунозиа ва пархошро ҷойгузини таҳммул кардаанд, ба ҷои лаҳзае сукут ва таҳаммул дар мавоқеи буҳрон бо доду фарёд ва тавҳин мехоҳанд ҳарфи худро ба курси бинишонанд ва ҳурматҳо ва ҳаримҳо шикаста шуда ва аз байн меравад.

Дар кучаҳо ва хиёбонҳо ҳам мардуме ки дар хонаи худ ҳозир ба таҳаммул нестанд, даъво ба роҳ меандозанд ва ба ҳам баду бероҳ мегуянд ва қатлҳо ва кордкашиҳо ва тасодуфҳоро рақам мезананд. Инҳо ҳамааш аз худпаратси ва мағлуб кардани дигарон аст.

Қуръони Карим, барои инки инсон битавонад бар майлҳо ва хостаҳои дилу дарун, пирӯз гардад ва ҳубби ҷоҳ ва мақомро аз сар берун кунад, мефармояд: وَ استَعِینُوا بِالصبرِ وَ الصلَوه аз сабу намоз, ёри ҷуед; ва бо сабру истиқомат ва контроли хештан, бар ҳавасҳои даруни пируз шавед.

Гарчи калимаи сабр дар ҳадисҳои зиёде ба рӯза тафсир шуда аст, вале мусалламан мунҳасир ба рӯза нест, балки зирки рӯза ба унвони як мисдоқи ошкор ва равшани он аст, зеро инсон дар партави ин ибодати бузург иродаҳои неруманд ва имоне устувор пайдо мекунад ва ҳокимияти ақлаш бар ҳавасҳояш, мусаллат мегардад.

Дар ҷои дигар муъминонро мавриди хитоб қарор дода мефармояд: Эй касоне ки имон овардаед! Дар баробари мушкилот ва ҳавасҳо истиқомат кунед ва дар баробари душманон низ, пойдор бошед ва аз марзҳои худ муроқибат кунед ва аз Худо бипарҳезед, шояд растгор шавед.

Худои Субҳон, аввал ба афроди бо имон, дастури сабру истиқомат медиҳад ки ҳаргуна ҷиҳод бо нафс ва мушкилоти зндагиро шомил мешавад ва дар марҳилаи дувум дастур ба истиқомат дар баробари душман медиҳад ва ин худ мерасонад ки то миллате дар ҷиҳод бо нафсу ислоҳи нуқтаҳои заъфи даруни пирӯз нашавад, пирузи ӯ бар душман, мумкин нест ва бештар шикастҳои мо дар баробари душманон ба хотири шикастҳое аст ки дар ҷиҳоб бо нафс ва ислоҳи нуқтаҳои заъфи худ, домангири мо шуда аст.

Дар зиндаги рӯзмара агар ёд бигирем каме таҳаммул кунед ва дандон бар ҷигар бигузорем хеле аз мушкилот ва суи тафоҳумҳое ки бо онҳо даргирем ба худи худ ҳал мешаванд ин забон калиди фитнаҳост, агар бо қуфли таҳаммул онро зиндони кунем рӯзгори хуше хоҳем дошт.

Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: Чашмро аз сахтии хору хошок ва ранҷҳо фуру банд то ҳамвора хушнуд боши. Наҳҷулбалоға

Бар ин асос яке аз самараҳои сабр ва шикебоиро метавон иттихози беҳтарин тасмим ва амалкарди муносиб донист ва дигар инки чашм фуру бастан аз номулоимон ва нимаи пури пиёларо дидан самарае ҷуз оромиш ба ҳамроҳ надошта ва ин оромиш хушнудии инсонро ба армуғон меоварад.

Имом Содиқ(а) фармуд: Се чиз аз макорими дунё ва охиратанд: Даргузари аз касе ки ба ту ситам карда аст ва пайванд куни бо касе ки аз ту бурида ва бурдбори куни ҳангоме ки бо ту нодони кунанд.

Натиҷа

Дар зиндаги рӯзмара агар ёд бигирем каме таҳаммул кунем ва дандон бар ҷигар бигузорем хеле аз мушкилот ва сӯи тафоҳумҳое ки бо онҳо даргирем ба худи худ ҳал мешавнад ин забон қалиди фитнаҳост, агар бо қуфл таҳаммули онро зиндони кунем рӯзгори хуше хоҳем дошт, агар каме надори бикашем ва таҳаммул кунем, каме бо мардум бисозем, каме даст аз зиёдахоҳи бардорем зиндагии мо гулистон мешавад, Худованд ҳам ба поси ин сабру таҳаммули зиндагии мо ру ба роғ мекунад чаро ки Худо бо собирон аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст