Таърифи тафаъул

Фол ба калимаи неку маймуну пеш бини хуб гуянд. Фол дар муқобили тайра (татаюр) қарор дорад. Нуфуси баду шум ки татаюр ном дорад агар нуфуси хубу муборак табдил гардад фол ном дорад.

Дар бораи фол байни олимони исломи ду қавл вуҷуд дорад. Гуруҳе ин амалро сирфан навъе илқои каломи мусбат медонанд ва таъсири онро ба мизони андаке ки боиси тақвияти ангеза ё хушбини мешавад пазируфтаанд не ба маънои иҷоди руйдодҳои зиндаги ва офариниш падидаҳои беруни. Дар муқобил гуруҳи дигар (ки назарияи машҳур ҳам ҳаст) фолро наве илм медонанд, ки ноши аз қувваи пешгуи ва ихбор аз оянда дар инсон аст. Яке аз уламо дар ин бора мегуяд: Илми фол илме аст ки ба воситаи он инсон аз баъзе аз ҳодисаҳои оянда хабрдор мешавад ва аз ҷинси каломаи масмуъ аст ё аз касе ё аз мусҳаф.

Дар қонуни ҷазб иддао ин аст ки агар пешбини неку ва нуфуси хуб дошта боши ҳамон дар зиндаги иттифоқ меафтад. Бино бар ин набояд тасаввур шавад ки манзур аз қонуни ҷазб фақат мусбатандеши, талқин, хушбини, ҳамл бар сиҳҳат ва умуре аз ин қабил аст.

Аз сӯи дигар бояд гуфт ки фол дар муқобили истихора ҳам ҳаст; яъне истихора талаби хайр, фол толиби хабар аст, яъне илми пешгӯи аст. Аз назари мутуни дини воқеаҳои оянда ва руйдодҳои зиндаги инсон, иллати хосси худашонро доранд; дар ҳоле ки фол дар қонуни ҷазб, сабаб аст.

Ҳадисҳои фол чи мегуянд?

Дар Қуръон мавзуи фол ворид нашуда аст, вале дар ҳадисҳо ба фол ишора шуда аст. Муҳим дар мавриди ҳадисҳои фол, ғайр аз санади он, далолати онҳост. Ба иборати дигар ҳадисҳои тафаъул, ҳам аз ҷиҳати санад ва ҳам аз назари далолат дучори камбуданд. Дар мавриди ҳадисҳои фол бояд гуфт ки ин  даста ҳадисҳо камтар ворид шуда аст. Изофа мекунем ки ин даста ҳадисҳо беш аз онки аз Паёмбар(с) нақли қавл гарданд, бардоштҳои ровиён ва нақлкунандагон аз сираи Паёмбар(с) буда аст ки онро ба фоли неку таъбир кардаанд. Монанди ин ҷумла ки «ان النبی یحب الفال الحسن» Паёмбар(с) фоли некуро дӯст медошт.

عَنْ أَبِی هُرَیْرَةَ قَال كَانَ النَّبِیُّ صَلَّى اللَّه عَلَیْهِ وَسَلَّمَ یُعْجِبُهُ الْفَأْلُ الْحَسَنُ وَیَكْرَهُ الطِّیَرَةَ)) сунани Ибни Моҷа.

Дар ин даста аз ҳадисҳо ингун наёмада аст ки Паёмбар(с) чи гуфт, балки ин тавр омада аст ки Паёмбар(с) ингуна буд; яъне рови каломи худро ба сурати гузориши оварда аст, не қавли мустақим аз Паёмбар(с). Дар баъзе аз китобҳо ҳамин қадр омада аст ки Паёмбар(с) фолро амри некӯ медонист.

Аз назари далолат ҳам ҳадисҳои фол асосан иртиботие бо иддаои раҳбарони қонуни ҷазб надорад. Чаро ки ҳатто агар фолро ба маънии аввал тафсир кунем “фол ба маънии илқои амри мусбат не ба маънои пешгӯи” боз иддаои тарафдорони роз исбот намешавад. Чаро ки ҳадисҳо намегуянд ки бо фол руйдодҳои оти тағир мекунанду фол, умури мусбатро ба симати инсон ҷазб мекунад. Дар ҳадисҳо (бо вуҷуди заъфи санад) таъбир ба фоли хайр омада аст, не фоли мутлақ. Хайр яъне ҳар чи Худо барои маслиҳат охирати инсон пеш оварад; дар ҳоле ки дар қонуни ҷазб ба шиддат натиҷаи гарави матраҳ аст яъне гуфта мешавад ки ҳамон дақиқан иттифоқ меафтад не ончи ки салоҳи ухрави инсон бошад. Ба иборати дақиқтар дар ҳадисҳо, ҳеҷ тазмине бар он чи ки фол зананда, интизори вуқуи он дода аст, нашуда аст. Аз ин рӯ тибқи ин даста аз ҳадисҳо мумкин аст амре пеш ояд ки асосан ногувор аст, вале дар воқеъ хайри охирати инсон дар ҳамон руйдод аст. Ва маънои фоли хайр дақиқан ҳамн аст. Бинобр ин ихтилофи асоси қонуни ҷазб бо фоли хайр дар ҳамин нукта аст ки қонуни ҷазб натиҷагар аст; вале фоли хайр дар ҳамин нукта аст ки қонуни ҷазб натиҷагар аст; вале фоли хайр, на танҳо бар навиштаи дилхоҳ таъкид надорад, балки асосан раҳо намудани натиҷа ва супурдани умур ба холиқи ҳасти аст.

Дар бораи фол байни олимони исломи ду назар вуҷуд дорад. Гуруҳе ин амалро сирфан навъе илқои қаломи мусбат медонанд ва таъсири онро ба мизони андаке ки боиси тақвияти ангеза ё хушбини мешавад пазируфтаанд не ба маънои иҷоди руйдодҳои зиндаги ва офариниш падидаҳои беруни. Сухани машҳур ки дар баъзе аз китобҳо аз Паёмбар(с) омада аст ки «تفألوا بالخیر تجدوه» фоли хуб бизанед то онро биёбед.

Аммо бояд таваҷҷуҳ дошт ки ин ҷумла ҳадис нест, балки зарбулмасали машҳур аст ки ба шакли калимиа қисор ва ҳикмат даромада аст. Ин ҷумла ба сурати ҳадис дар ҳеҷ як аз китобҳои ҳадиси нақл нашуда аст.

Ҷамъбанди ва натиҷагири:

Далелҳои дини фолро таъид карда аст, аммо не бо милокҳое ки дар қонуни ҷазб мавриди қабул воқеъ шуда аст ва асосан фол дар матнҳои дини ё ба маънои талқин дар равоншиноси аст ки асари нафсони дорад ва бо падидаҳои олами хориҷ иртиботе надорад.

Ё ба маънои интизори ҳақоиқи маънави ва умури хайр аст ки нишон аз меҳварияти масолеҳи охирати дорад не вуқуи он чи ки фол зананда интизори онро дорад. Дар ҳоле ки қонуни ҷазб муътақид аст ки тамоми бардоштҳои мусбати хуб ба сурати руйдодҳои воқеи, ба зиндаги инсонро ворид шуда аст ва табдил ба воқеаҳои хориҷи мешаванд. Аз ин рӯ назари дин дар боби тафаъул, бо нигариши ҳаводорони қонуни ҷаҳз ҳеҷ наздикие надорад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст