Масъуди дар Муруҷ уз заҳаб таърихи издивоҷи ҳазрати Алӣ(к) ва Фотима(с)-ро соли дуввуми ҳиҷрат дониста аст. Машҳуртарин назар дар ин бора, аввали зилҳиҷҷаи соли дувуми ҳиҷрат аст.

Бино бар қавли машҳур ҳазрати Фотима(с) дар соли панҷуми беъсат ба дунё омад. Шаш сола буд, ки модараш ҳазрати Хадиҷа аз дунё рафт. Дар соли дувуми ҳиҷрат бо ҳазрати Алӣ(к) издивоҷ кард. Бинобар ин синни ҳазрати Заҳро(с) ҳангоми издивоҷ бо ҳазрати Алӣ(к) ҳудуди даҳ сол буда аст.

Ҳазрати Алӣ(к) дар сездаҳи раҷаби соли 30 омулфил мутаваллид шуд. Даҳ сола буд, ки Паёмбар(с) дар чиҳил солаги ба паёмбари мабъус шуд. Сездаҳ сол ҳамроҳи Паёмбар(с) дар Макка ва шаъби Абитолиб ба сар бурд. Ду сол баъд аз ҳиҷрат бо ҳазрати Фотима(с) издивоҷ кард. Бинобар ин 25 сола буд.

Зиндаги муштараки ҳазрати Алӣ(к) ва ҳазрати Фотима(с) аз соли дувум оғоз шуд. То соли 11 ҳиҷри (соли шаҳодати ҳазрати Фотима(с)) идома дошт. Бино бар ин муддат зиндаги муштараки ин ду бузургвор ҳудудан нуҳ сол мебошад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст