Марг либоси модди

Ҳақиқати марг барои муъмин мисли иваз кардани либос аст. Бо марг, муъмин як либос ки либоси модди ва модият аст ва либосе ки касифиҳои модди онро фаро гирифта аз танаш берун меоварад ва қайду банди дунёро аз дасту пояш боз мекунад. Пас аз он вуҷуди латифи барзахи инсон қудрати парвоз пайдо мекунад ва метавонад дар оламҳои вуҷуд ба содаги парвоз карда ва беҳтарин лаззатҳои барзахиро идрок кунад.

Кофир бар акси муъмин аст. Марг барои кофир мисли дар овардани либосҳои пок ва мунтақил шудан аз манзилҳои маънус ва ором ба манзилҳои ваҳшатнок ва хатарнок ва пушидани либосҳои чиркин ва либосҳои сахт аст. Ин ҳам як таъбир аст ки дар ҳадисҳо аз дар овардани либос ёд шуда аст.

Дар баъзе аз ҳадисҳо маргро шикастани қафас муаррифи карда ки гуӣ руҳи инсон ва вуҷуди малакути инсон дар қафас тан зиндони ва асир аст ва марг дар воқеъ шикастани он қафас ва парвози вуҷуди малакути ва руҳи инсон аз даруни ин қафас аст.

Марг ё хоб

Дар баъзе аз ҳадисҳо марг ба хоб ташбеҳ шуда аст албатта дар оёт ҳам ингуна ташбеҳ дида мешавад. Аз имом Боқир(а) пурсиданд, ки марг чист? Фармуд: Марг иборат аст аз ҳамон хобе ки ҳар шаб шуморо фаро мегирад илло инки он хоб тавилтар ва муддаташ тулонитар аст ва то рӯзи қиёмат шумо бедор намешавед.

Ҳамонгуна ки инсон дар хоб мумкин аст анвои шодиҳо ва нороҳатиҳоро бубинад. Дар олами барзах низ ингуна аст албатта тасаввур нашавад, ки азобҳои барзахи хиёли аст. Ҳақиқат ин аст ки вуҷуди барзахи инсон қудрати таҳаммули азобҳоро хеле бештар дорад чунон ки қудрати лаззат бурдан аз лаззатҳои барзахиро ҳам хеле бештар аз вуҷуди модди дорад ин таъбир ҳам таъбири дигаре аст ки дар ҳадисҳо нақл шуда аст.

Марг ё ҳамом кардан

Дар баъзе аз ҳадисҳо омада аст, ки имом маргро ба истеҳмом ва пок кадани бадан аз олудагиҳо ташбеҳ кардаанд. Имом Ҳоди(а) ба аёдати шахси муъмине рафтанд, ки дар ҳоли сакарот буд ва гиря ва ҷазаъ ва фазаъ мекард, рафтанд. Ҳазрат ба ишон фармуданд ки чаро ин қадар гиря мекунӣ? Иллати инки аз марг метарси ин аст ки намедони марг чист. Оё то ба ҳол пеш омада аст ки баданат касиф ва олуда ва бемор шуда боши ва он ҳама чиркин дар баданат ба хотири чирк ва касофат омада бошад ва баданатро олуда карда бошад? Бемор арз кард бале.

Имом фармуд: вақте ҳамом рафти ва ҳамаи онҳоро аз байн бурди ва пок шуди чи ҳоле дошти? Гуфт ки ҳоли хеле хубе доштам, сабук шудам эй писари Расули Худо. Имом фармуд: Марг ҳамон ҳамом аст ки ончи аз гуноҳон ва аз бадиҳо дар бадани муъмин боқи монда бошад ҳамаро пок мекунад ва инсонро омода ва мустаъиди вуруд ба олами барзах ва олами биҳишт мекунад.

Марг интиқол аст аз як олам ба олами дигар.

Аз ҷамоди мардуму номи шудам

Аз намо мардум зи ҳайрон сар задам

Мардум аз ҳайвониву мардум шудам

Пас чи тарсам кай зи мурдан кам шудам

Бори дигар ҳам бимирам аз башар

Аз малоик ҳам бар орам болу пар

Ин натиҷагири хубе аст гар чи истиқро, истиқрои ноқис аст вале ҳақиқат ҳамин аст ки инсон ҳар бор ки мемирад як вусъат ва як сиъаи вуҷуди азиме пайдо мекунад. Аз ҷамоди будан мемирад номи мешавад зеро чанин зиндагиаш номи ва гиёҳи аст.

Аз зиндаги гиёҳи ҷанини мемирад ва зиндаги ҳайвони пайдо мекунад. Дар тули зиндаги ҳайвониаш инсонияташ шукуфо мешавад ва аз ҳаёти ҳайвони мемирад ва ҳаёти иснони пайдо карда ва васеътар мешавад. Сипас бо худ мегуяд ин ки хуб буд, ҳар бор ки мурдам бузург шудам. Агар як бори дигар ҳам аз инсоният бимирам, аз фариштаҳо ҳам болотар меравам.

Ҳосили сухан

Аз назари фарҳанги исломи марг нести ва нобуди нест. Балки либос иваз кардан ва қафас шикастан аст. Пуле аст ки инсонро ба олами дигар мунтақил мекунад. Гар чи дар як тараф ғуруб аст аммо ҳам замон тулуъ дар тарафи дигар ва интиқол аст, вусъат пайдо кардан ва ҳаёти бо азамат пайдо кардан аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст