Ҳадисе аз имом Боқир(а) нақл шуда аст, ки дар он ҳазрат фармуданд:

كَانَ أَمِیرُ الْمُوْمِنِینَ بِالْكُوفَةِ إِذَا صَلَّى الْعِشَاءَ الْآخِرَةَ یُنَادِی النَّاسَ ثَلَاثَ مَرَّاتٍ حَتَّى یُسْمِعَ أَهْلَ الْمَسْجِدِ أَیُّهَا النَّاسُ تَجَهَّزُوا رَحِمَكُمُ اللَّهُ فَقَدْ نُودِیَ فِیكُمْ بِالرَّحِیل

“Сираи Амирул муъминин Алӣ(а) дар Куфа ин буд, ки пайваста баъд аз намози хуфтан, се бор мардумро садо мезад ба гунае ки тамоми аҳли масҷид мутаваҷҷеҳи садои дилнишини он ҳазрат шаванд. Онгоҳ ба баъда бо ин ҷумлаҳо шуруъ мекард ба мавиза кардан:

Майли мондан дар дунёро кам кунед ва бо тушаи шоистае, ки доред ба сӯи Худо боз гардед. Бидонед пеши рӯи шумо гарданаҳои сахт ва манзилҳои тарснок ва ҳароснок қарор дорад, ки чорае аз вуруд ба он таваққуф дар он надоред. Бидонед, ки марг аз наздики ба шумо чашм духта аст ва гӯи чанголҳои худро дар пайкоратон фуру бурда аст ва руйдодҳои сахт ва сангин ва тоқатфарсо ба шумо ҳамла карда аст. пас риштаҳои алоқаи худ ба дунёро қатъ карда бар тушаи тақво такя кунед.”

Ин нақли ҳадиси таърихи дар айни ҳол, ки ҳадиси таъсиргузор ва ҳушдор диҳандае содир шуда аз ҳазрати Алӣ(а) аст; аммо ҷои ин пурсиш ҳаст, ки чаро ҳазрат ин қадар онро такрор мекарда аст? ба қадре ки онро ҷузъи сираи ҳамешагии ишон шумурдаанд.

Ин пурсишро метавон дар теъдоди зиёде аз рафторҳои дини ки қолиб ва мҳутавои ин чунини доранд такрор кард ва далели такрори онҳоро ҷуё шуд. Такрори мавъиза, такрори истиғфор, такрори ёди Худо, такрори намозу рӯза ва монанди он.

Далели такрорро бояд дар навъи коркард ва таъсири ҷӯстуҷӯ кард ки ин аъмол ва рафтори дини доранд ва аз худ бар ҷо мегузоранд.

Бархе аз аъмоли дини ва ё бахше аз коркарди онҳо марбут ба дафъ ва рафъи офоте аст, ки гуноҳ бар ҷону дили одами мугезорад. Гуноҳ бо анвоъ ва авомили мутааддиде, ки дорад агар дар тули умри инсон танҳо як бор ба суроғи ӯ биёяд; ё танҳо як бор ӯро олуда кунад пазируфтани аст ки ҷавоби он як бор дафъ ё рафъ аст ва ин қоила ба поён мерасад.

Аммо оё воқеияти достон ҳамин аст? Гуноҳ ва ғафлат ва гум шудан дар дунё ва фаромуши Худо ва маод дар тули умри иснон фақат як бор ё дубор рух медиҳад? Ё рӯзе чандин бор инсон бо ин фаромуши рӯ ба рӯ аст? Агар аз он сӯ, ҳамеша такрор мешавад; инсони оқил ва касе, ки ба фикри хештани хеш аст низ аз ин сӯ пайваста ва ҳамеша ба фикри дафъ ва рафъи он аст; дафъи тире ки ба суяш партоб шуда ва рафъи расме, ки дар ҷонаш нуфуз карда аст.

Агар имом Содиқ(а) фармуд:

النَّظَرُ سَهْمٌ مِنْ سِهَامِ إِبْلِیسَ مَسْمُومٌ

“Нигоҳи ҳаром, тире аст заҳрогин аз тирҳои Шайтон.”

Ин на фақат дар бораи нигоҳи ҳаром асту бас; ҳар гуноҳе тире аст масмум, ки ҷони инсонро ҳадаф мегирад.

Ҳамин ҳадис нишон медиҳад, ки Шайтон тирҳое дорад ҳар гуноҳ ё ҳар навъ гуноҳе, тири масмуме аст дар камини руҳи поки инсон ки агар дар маъраз қарор гирифт тир ба сӯяш партоб мешавад ва агар тир ба ҷонаш нишаста ва бе диранг ҷонашро масмум мекунад. Тамоми касоне, ки ба гуноҳ одат накардаанд ба хуби ин ҳолати бемори ва нохушоянде ки таъсири самми гуноҳ бар ҷони онҳо астро зуд баъд аз анҷоми гуноҳ мутаваҷҷеҳ мешаванд.

Бинобар ин чун инсон ҳамеша дар маъраз гуноҳ аст ниёз дорад барои ҳифзи худ ҳамеша аз василаҳои дафъу рафъи он истифода кунад, ки оё олуда нашавад; монанди Паёмбар(с) ки нола ва ҷазаъу фазаъи он ҳазрат дар нимаи шаб ва хилваташ ба осмон баланд буд, ки эй Худо аз мо дастгири кун ва моро лаҳзае ба ҳоли хеш раҳо масоз.

Агар аз Паёмбар(с) хабар расида аст, ки он ҳазрат дар шабона рӯз борҳо истиғфор мекарданд далелаш ҳамин дифоъ дар баробари гуноҳ ва маъсият бо паноҳ бурдан ба Худост. Имом Содиқ(а) мефармояд:

كَانَ رَسُولُ اللَّهِ ص یَسْتَغْفِرُ اللَّهَ عَزَّ وَ جَلَّ فِی كُلِّ یَوْمٍ سَبْعِینَ مَرَّةً وَ یَتُوبُ إِلَى اللَّهِ عَزَّ وَ جَلَّ سَبْعِینَ مَرَّةً

“Шеваи Расули Худо(с) ин буд, ки дар ҳар рӯз ҳафтод бор ба даргоҳи Худои азза ва ҷалл истиғфор мекард ва низ ҳафтод бор тавба мекард.”

Ин маъно дар ҳадисҳои дигаре, ки онро ҳам имом Содиқ(а) нақл мекунад беҳтар намоён аст, ки фармуд:

أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ ص كَانَ لَا یَقُومُ مِنْ مَجْلِسٍ وَ إِنْ خَفَّ حَتَّى یَسْتَغْفِرَ اللَّهَ عَزَّ وَ جَلَّ خَمْساً وَ عِشْرِینَ مَرَّةً

“Шеваи Расули Худо(с) ин буд, ки аз ҳеҷ маҷлисе бар намехост гарчи (муддати таваққуфаш дар он) кутоҳ буд, магар он ки бисту панҷ бор ба даргоҳи Худои азза ва ҷалл истиғфор мекард.”

Дар ин замина аз осор ва фоидаҳое, ки дар ҳадисҳо барои намоз баён шуда аст ҳамин иртиботи доими ҳадди ақал (камтарин) панҷ бор дар рӯз бо Худои Мутаол аст, ки сабаб мешавад инсон ҳадди ақал панҷ бор дар шабона рӯз аз каманди Шайтон дар амон бошад ва бо таҷдид ин робита ҳам камбудиҳоро ҷуброн кунад ва ҳам нерӯе бигирад барои идомаи роҳ.

Дар хутаби 199 Наҳҷулбалоға ҳазрати Алӣ(а) ба нақл аз Расули Худо(с) намозро ба дарёе ташбеҳ мекунад, ки иснон дар рӯз дасти кам панҷ бор руҳи худро дар он шустушу медиҳад. Имом Алӣ(а) дар ин бора мефармояд:

إِنَّهَا لَتَحُتُّ الذُّنُوبَ حَتَّ الْوَرَقِ وَ تُطْلِقُهَا إِطْلَاقَ الرِّبَقِ وَ شَبَّهَهَا رَسُولُ اللَّهِ ص‏ بِالْحَمَّةِ تَكُونُ عَلَى بَابِ الرَّجُلِ فَهُوَ یَغْتَسِلُ مِنْهَا فِی الْیَوْمِ وَ اللَّیْلَةِ خَمْسَ مَرَّاتٍ

“Намоз гуноҳонро ҳамчун барги дарахтон мерезад ва ресмони маъсиятро аз гардани гунаҳкорон мегушояд он гуна, ки маҳор аз гардани ҳайвон боз мешавад. Расули Худо(с) намозро ба чашмаи оби гарме ташбеҳ карда аст, ки бар дари хонаи инсон аст ва ӯ дар шабона рӯз панҷ бор худро дар он мешуяд.”

Натиҷа

Бо тавзеҳоте, ки гуфта шуд равшан мешавад, ки сирри такрор дар ибодот ва дигар рафторҳои дини барои дафъу рафъи гуноҳ, ғафлат, фаромуши ёди Худо ва монанди он аст, ки чун омили иҷодкунандаи он пайвста машғули кор ва ҳаҷма ба инсон ҳастанд омилҳои боз доранда ва дармонкунанда, ки ҳамон рафтори дини; монанди мавъиза ва ибодатҳо ҳастанд низ бояд пайваста такрор шаванд. Барои ҳамин аст, ки мебинем ҳазрати Алӣ(а) ҳар шаб мардумро ба ёди сафари охират меанозад ва ё дар дин воҷиб шуда аст, ки мо ҳар рӯз панҷ бор намоз бихонем ва пайваста ба ёди Худо бошем.

Албатта ин метавонад танҳо далел набошад ва ин такрорҳо далел ва ё далелҳои дигаре низ дошта бошад; аммо бе шак ин ҷавоби далели умдае аст, ки ҳадисҳои исломи бар он таъкид доранд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст